Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулбаҳор Маҳкамова: "Ман аз вазъи имрӯзаам розӣ ҳастам"


Гулбаҳор Маҳкамова

Гулбаҳор Маҳкамова, муассиси созмони молии “Имон Интернешнл” ният дорад, дар вилояти Суғд низоми қарздиҳии исломиро ба роҳ монад. Ӯ аввали соли 2018, баъд аз 18 соли кор дар мақоми раиси созмони “Имон Интернешнл” гуфт, бо ҳадафи корҳои илмӣ тарки мақом мекунад.

Рафтани ӯ сарусадои зиёде ба по кард. Бахусус баъд аз онки Бонки миллӣ гуфт, дар кори “Имон интернешнл” “баъзе камбудиҳо ошкор шуданд”. Гулбаҳор Маҳкамова рӯзи 29-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи якуним соли пешро шарҳ намедиҳад, вале нияти бозгашт ба мақоми пешинаи худро ҳам надорад. Ӯ гуфт, ҳоло фурсати зиёде дорад, ки дар канори оила бошад ва ба кори илмиаш идома диҳад.

Радиои Озодӣ: Шумо дар бораи роҳандозӣ шудани низоми исломии бонкӣ хабар додед. Чаро, ба фикри шумо, ин низом метавонад, дар Тоҷикистон муваффақ шавад?

Гулбаҳор Маҳкамова: "Фонди қарзҳои хурди “Имон” аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозаи роҳандозии системаи қарзҳои исломиро дархост кард. Мо интизори посух ҳастем ва ҳар лаҳза омодаем, ки корро шурӯъ кунем. Тоҷикистон соли 2014 қонун дар бораи системаи бонкдории исломиро қабул кард, Бонки миллӣ заминаҳои ҳуқуқии заруриро омода кардааст. Низоми исломии бонкдорӣ, тавре медонед, пардохти фоизу муомилаҳои пулиро манъ мекунад. Ин низомро бо забони дигар бонкдории алтернативӣ ва ё шарикӣ меноманд ва ин низом на танҳо дар ҷаҳони ислом маъруфият касб мекунад. Бритониёи Кабир маркази татбиқи низоми бонкдории исломӣ эътироф шудааст.

Thomson Reuters дар гузориши соли 2018-и худ мегӯяд, ки сармояҳои шариатӣ соли 2017 ба 2,44 триллион доллар баробар шуд ва соли 2023 пешгӯӣ мешавад, ки ин маблағҳо 3,8 триллион долларро ташкил медиҳад. Дар 80 кишвари ҷаҳон 1400 муассисаи исломии молӣ амал мекунад, вале дар қиёс бо кулли муассисаҳои молӣ дар ҷаҳон ин кам аст, яъне ҳамагӣ 1 дарсад.

Аз назари ман, ин системаи бонкӣ хеле саривақтӣ аст ва ба шароити бӯҳронӣ беҳтар мутобиқ мешавад. Ин низом одилона амал мекунад ва дар Тоҷикистон ҳам заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам шудааст. Чаро мо ҳам чунин як низомро роҳандозӣ накунем? Мо дар кори худ ба низоми рақамӣ такя карда, тадриҷан ба коҳиши вобастагӣ аз пулҳои нақду коғазӣ мегузарем. Агар ба мо чунин иҷоза доданд, Фонди қарзҳои хурди “Имон” омода аст, дар ин самт кор кунад.»

"Нияти бозгаштро надорам"

Радиои Озодӣ: Сӯҳбати мову шумо нахустин бор баъди тарки мақоми раҳбари “Имон” кардани шумо сурат мегирад. Бозгашти худро ба “Имон” чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Гулбаҳор Маҳкамова: "Ман мақоми раиси иҷроияи ташкилоти “Имон интернешнл”-ро тарк кардам. Ҳеҷ нияти бозгашт ба ин вазифаро надорам. Нақши ман ба унвони яке аз муассисон бетағйир буд ва мемонад. Инро касе хат зада наметавонад. Мо бо ҳамкорам Санавбар Шарипова 20 соли умри худро барои ин муассиса равона кардем. Дар рушди стратегии ин муассиса мо ҳамроҳ тасмим гирифтему дар оянда ҳам хоҳем гирифт."

Радиои Озодӣ: Пас метавонед ҳодисаҳои як сол пешро шарҳ диҳед, ки он замон чӣ гузашт?

Гулбаҳор Маҳкамова: "Он чӣ ки соле пеш гузашт, шарҳ намедиҳам. Иттифоқе рух дод, ки барои тиҷоратҳои калон як чизи маъмулӣ мебошад – муассис аз фаъолияти ҳамарӯза ва мудирият канор рафт ва он чӣ ки ҳоло мегузарад, маро пурра қонеъ мекунад. Ман бештар озод ва серҳаракат шудам, вақти бештарам ба оилаву худам сарф мешавад, кори илмиро идома медиҳам. Ба наздикӣ монографияи дуюми ман, ки пурра ба таҳкими низоми соҳибкории занон дар Тоҷикистон бахшида шудааст, нашр мешавад.

Ман бисёр сайру саёҳат мекунам, барои худ чизҳои наве мегирам. Масалан, дар шаш моҳи соли 2019 маро ба 16 конфронси байналмилалӣ даъват карданд. Ман дар ин муддат доираи тамосу ҳамкориҳои худро васеъ кардам. Мавзӯъҳои рушди соҳибкории занона, соҳибкории хурду миёна, яъне он чӣ ки ман ҳамеша бо он сарукор доштам, ҳамеша муҳим ва зарур аст. Ман медонам, ки аз саҳнаи баланд чӣ бигӯям, таҷрибаи кофӣ дорам ва аз ин чиз бисёр хушбахтам, ки кишварамро дар баландтарин чорабиниҳо намояндагӣ мекунам. Ҳеҷ чиз маро маҷбур карда наметавонад, ки ба гузаштаҳо баргардам. Ман аз чизе пушаймон нестам."

Радиои Озодӣ: Дар пасманзари бӯҳрони бонкӣ, президент соли 2019-ро соли пуштибонӣ аз соҳибкорӣ ва ҷалби сармояҳо эълон кард. То куҷо, ба назари шумо, тадбирҳои андешидашуда аз ҷониби ҳукумат дурустанд ва воқеан ҳам барои беҳбуди вазъ кофӣ мебошанд?

Гулбаҳор Маҳкамова: "Агар шумори ширкатҳои хурду миёна афзоиш наёбанд, саҳми онҳо дар иқтисоди кишвар ночиз бошад, агар маҳсулоту хадамот эҷод ва ҷойҳои нави корӣ таъсис нашавад, сармояҳо ворид нашавад - пас дар бораи кадом тадбирҳои муассир мешавад сӯҳбат кард? Барои таҳлили муассирии тадбирҳо бояд иттилои ҳамаҷониба дошта бошем, ман чунин иттилоъ надорам. Маълумот аз сохторҳои андоз, гузоришҳои доираҳои тиҷоратӣ, назари худи соҳибкорон, сохторҳои ҳукуматӣ бисёр вақт зидду нақиз аст. Пеш аз ҳама системаи баҳогузорӣ ва мониторинг дар кишвар бояд танзим шавад ва баъд ба таври объективӣ пешрафт санҷида ва ба стратегияву сиёсат тағйирот ворид шавад."

Радиои Озодӣ: Агар шумо имкон медоштед, ки ба президент муроҷиат мекардед, чӣ мегуфтед?

Гулбаҳор Маҳкамова: “Чӣ кӯмак карда метавонам?”

"Вакили порлумон шудан намехоҳам"

Радиои Озодӣ: Соли оянда дар Тоҷикистон ду интихобот баргузор мешавад. Шумо вакили маҷлиси вилоятӣ ҳастед, таҷриба доред. Намехоҳед узви парлумони ҷумҳурӣ шавед ва агар чунин имконият буд, кадом қонунро қабул мекардед?

Гулбаҳор Маҳкамова: "Ман дар мақоми вакили сатҳи вилоятӣ ҳам худро роҳат ҳис намекунам ва ба парлумон талош надорам, ки ворид шавам. Чаро? Депутатҳо дар вазифаҳои худ аз иҷрои корҳои асосиашон озод нестанд. Тамоми корҳои ҷамъиятӣ дар фурсати холӣ аз маҷлисҳо анҷом мешаванд. Ин як кори ҷиддӣ ва бомасъулият аст. Ман бо интихобкунандаҳои худ зиёд вомехӯрам ва аз забони худи онҳо дар бораи мушкилоташон хабар дорам.

Бисёр мушкилот ба нокомил будани қонуну системаи иҷтимоии кишвар рабт мегирад. Аксар интихобкунандагон мушкили монанд доранд – роҳҳои фарсуда дар маҳаллаҳо, маблағгузории нокофии мактабҳо, набуди дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои заъфпазир. Ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳама талошашонро ба харҷ медиҳанд, соҳибкорон ҳам бепарво нестанд, ба қадри имкон ёрӣ мекунанд. Ман талош мекунам, ки тадбирҳои беҳтар кардани зиндагии мардумро пешниҳод кунам, вале зоҳиран на ҳамеша муваффақанд.

Аз миёни 5 пешниҳоде, ки танҳо дар соли ҷорӣ кардам, ҳеҷ яке бо сабаби маҳдуд будани буҷаи шаҳр ва вилоят қабул нашуд. Вакил василаҳои ҷиддии таъсир гузоштан ба иқтисодро надорад. Вазифаи мо – саривақт расонидани ин ё он мушкил ва пешниҳоди роҳҳои ҳал кардани ин масъалаҳо ба ҳукумати иҷроия аст. Ман фикр мекунам, ки дар арсаи дигар манфиати бештар оварда метавонам – масалан тавассути кор дар Анҷумани миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон. Ин корро тавассути бозомӯзии занон, маркази бӯҳронии “Гулрухсор”, афзоиши сатҳи дониши кормандони иҷтимоӣ, аз роҳи ҷалби гранту сармояҳо ба тарҳҳои муҳим барои кишвар. Дар ин бахши кор омилҳои беруна таъсиргузор нестанд ва бисёр чиз дар дасти худам аст.»

Радиои Озодӣ: Шумо як зани муваффақ ва мустақил ҳастед. Ба занҳои дигар, масалан, се роҳи расидан ба мақсадро аз таҷрибаи худ мисол оварда метавонед?

Гулбаҳор Маҳкамова: «Инсон оқил ва боандеша аст ва ҳар кас бояд маънои зиндагии худро дуруст дарк кунад. Агар шумо ба дарки ҳамин чиз рафтед, шумо хушбахтед. Агар шумо донед, ки барои чӣ зода шудаед, дигар ҳеҷ чиз шуморо наметарсонад – на нокомӣ, на гапу ҳарфи мардум ва на тағйири ҳукумату сохтор. Дар ҷустуҷӯи решаи маънавии худ бошед, то ки зиндагии шумо мазмуне дошта бошад.»

Радиои Озодӣ: Шумо ба Ҳаҷ рафта омадед. Оё баъди ин дар зиндагии шумо чизе тағйир кард? Шумо ҳоло рӯймол ба сар мекунед?

Гулбаҳор Маҳкамова: "Соли гузашта мо 70-солагии модарамро таҷлил кардем ва набераҳо ба модарам роҳхати сафар ба Ҳаҷи умраро тақдим карданд. Баъдан фаҳмидем, ки бо сабаби синну солу саломатӣ он кас танҳо сафар карда наметавонанд. Ман, ки фарзанди калонии хона ҳастам, розӣ шудам, ки дар сафар он касро ҳамроҳӣ кунам. Мардум мегӯянд, Оллоҳ худаш медонад, ки дар кадом вақту соат шуморо ба хонаи худ мехонад.

Аз он, ки модарамро ҳамроҳӣ кардам ва дини исломро аз наздик шинохтам, хушбахт шудам. Ин мавзӯи мусоҳиба нест ва ҳар чизе, ки ба муносибати инсон бо Худованд рабт мегирад, бисёр маҳрамона аст ва ман дар мазҳари ом дар ин мавзӯъ сӯҳбат намекунам. Дар робита бо рӯймоли сарам. Ман инро “бегона” ба фарҳанги мо намедонам. Модаркалони ман Робияхон Ҷӯраева дар 25-солагӣ депутати Шӯрои олии СССР буданд, тамоми умрашонро ба тарбияи донишҷӯён бахшиданд.

Ҳамсари як коммунисти ҳақиқӣ буданд. Вале на низоми шӯравӣ ва на таблиғоташ, на эътиқоди шавҳар ӯро водор карда натавонист, ки рӯймоли сарро кашида узви Ҳизби коммунист шавад. Ба занҳои авлоди мо ҳамин хислати мустақил будан хос аст. Агар ман ба сарам рӯймол андохтам, пас интихоби худи ман аст ва инро ман зери таъсири ақидаву омилҳои бегона накардаам."

Шарҳҳоро бинед (34)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG