Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Либосовезӣ дар балконҳо бефарҳангӣ не, аз ночорист". ВИДЕО


Холӣ кардани биноҳои истиқоматии Душанбе аз торҳои пур аз либосу палос ва курпаву курпача яке аз ҳадафҳои аслии мақомоти шаҳр аст. Ҳадафе, ки гурӯҳеро ба зебову озода шудани симои шаҳр умедвор кардаву боиси нороҳатии гурӯҳи дигари сокинон ба вижа хонаводаҳои серфарзанд шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ки баъди тахминан 20-30 сол қишри замонавии сокинони пойтахт ташаккул меёбад, ки фарҳанги шаҳрнишинии худро хоҳанд дошт ва меъёри рафтору одоб дар пойтахтро муайян мекунанд.

Эълонҳо дар назди ҳар даромадгоҳи биноҳои баландошёнаи шаҳр, ба сокинон ҳушдор медиҳад, ки "овехтани либос дар балкону тирезаҳо худдорӣ кунед" ва барои риоя накардани ин қоидаҳо барои сокинони оддӣ аз 500 то 1000 ва барои мансабдорон то 2000 сомонӣ ҷарима муайян шудааст.

Зулфия Сиддиқова, сокини маҳаллаи 91-уми пойтахт мегӯяд, ба онҳо таъкид шудааст, ки либосҳои худро ё шабонгаҳ дар берун ва ё дар дохили хонаҳои худ хушк кунанд. Зулфия мегӯяд, дар ошёнаи аввал зиндагӣ мекунаду ҷое барои хушконидани либос надорад.

Маъмулан онҳо либосҳои худро дар берун, ҳавлии назди бино хушк мекунанд. "Дар як хона ду келин, кӯдакони майда, чӣ хел кунем? Агар бинои истиқоматии мо дар қади раҳ бошад, гапи дигар, ин даруни хона аст. Дар хона хӯрок мепазем, ҳама либосҳо бӯйи хӯрок мекунад. Дар хона ҷой ҳам нест, як балкону ошхонаи хурд дорем.”

Дар балкон либос наовезед, 1000 сомонӣ ҷарима мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Иқдоми шаҳрдорӣ барои тоза кардани шаҳр аз либосу палос дар шабу рӯзи фарорасии Наврӯз ҷиддитар шудааст ва занон, ки маъмулан дар арафаи ин ҷашн ва фарорасии гармиҳо, ба "хонатаконӣ" ё тоза кардану офтоб додани ҷиҳози хонаи худ шурӯъ мекунанд, ҳоло дар фикр задаанд, ки чӣ кор кунанд.

Маҳфуза Уроқова, як сокини миёнсоли шаҳр мегӯяд, "курпача офтоб мекунем. Бе ин намешавад. Аз бибиву бобоҳомон мондагӣ ин. Ҳозир дар хона ҳар рӯз либос мешӯем ва дар дохил дар хушкунакҳо хушк мекунем."

Аммо ба иддаои мақомоти шаҳр, барои ободу зебо кардани шаҳр, ба ҳар сокин риояи меъёрҳои шаҳрнишини муҳим аст. Дар баробари иқдому тасмимҳои дигар дар робита ба ин мавзӯъ Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ахиран барои тарғиби одоби шаҳрнишинӣ боз як гурӯҳ таъсис дод. Қарор дар ин замина рӯзи 1-уми феврали имсол имзо шуд ва ба ин гурӯҳ тамоми сохторҳо, шурӯъ аз Вазорати корҳои дохила то кумитаҳои занону ҷавонон, ҷалб шудааст.

Қутосбӣ Раҳматова, раиси шаҳраки 92-и шаҳри Душанбе.
Қутосбӣ Раҳматова, раиси шаҳраки 92-и шаҳри Душанбе.

Муборизаи масъулин дар шаҳр, ҳоло бештар ба айвонҳои пур аз либосҳои шусташудаи биноҳои истиқоматӣ равона шудааст ва ба гуфтаи масъулин, онҳо дар ин роҳ то ҷое мувафақ ҳам шудаанд. Ҳоло дигар биноҳои назди роҳҳои бузурги шаҳр, аз либос қариб холӣ ҳастанд. Мақомот мегӯяд, ин кор ҳам ба осонӣ даст надод ва маҷбур шуданд бо ҷалби челонгарону кран торҳои назди дирезаи сокинон ва панҷараҳоро бибуранд.

Қутосбӣ Раҳматова, раиси шаҳраки 92-и шаҳри Душанбе мегӯяд, хона ба хона гашта вазъро назорат мекунанд. “Аввал маслиҳат мекунем, огоҳ мекунем, агар нахоҳанду якравӣ кунанд, баъд рафта симҳоро бурида мепартоем. Дар чанд бинои истиқоматӣ кормандони фонди манзилӣ рафта симҳоро буриданд. Ҳоло боз тасмим гирифтем, огоҳнома навишта ба ҳар хона супорем ва имзои онҳоро бигирем."

Дар зимн, шарҳриҳои бумиро ҳам ин иқдоми шаҳрдорӣ хушҳол кардааст. Онҳо мегӯянд, дар ин бора бояд қарор барвақт қабул мешуд. Шарофат дар шаҳр таваллуд шудааст ва падару модараш ҳам зодаи Душанбе мебошанд. Ӯ мегӯяд, "баъзеҳо ҳатто либоси тагпӯши худро ҳам дар тиреза ва берун аз хона овезон мекард, ки ба назар хеле бад мерасид. Ҳоло вақте аз роҳҳои марказӣ мегузарам, мебинам, ки шаҳр дигар шудааст, хеле зебо мерасад ба чашм. Ҳама ҷо гул корида шудааст. Мехостам шаҳр дар воқеъ шаҳр бошаду аз ноҳияҳо фарқ кунад."

Дар ҳоле, ки хонаводаҳои серфарзанди Душанбе аз бурида шудани торҳои либосовезӣ, бурида шудан панҷараҳо ва манъ шудани либосовезӣ дар пушти тирезаҳо нороҳатӣ мекунанд, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд ин шароитро худи мардум барои худ эҷод кардааст.

“Дар замони шӯравӣ, барои либосҳо ложа ё балконҳо сохта шуда буд ва ҷойи гармкунӣ ҳам дошт, ки хушк мекарданд. Мо мардуми тоҷик инҳоро гирифтем ҳамаро берун баровардем. Барои ҳамин, мардум бояд аз шаҳрдорон домангир набошад. Вақте шумо ҷойи хӯрокхуриро дар айвон мекунеду ҷои либосро берун мебаред, хуб нест”,- мегӯяд фарҳангшинос Ҷонибеки Асрориён

Ҷонибеки Асрориён
Ҷонибеки Асрориён

Дар айни замон Ҷонибеки Асрориён мегӯяд, паҳлӯҳои дигари ин масъаларо ҳам бояд ба инобат гирифт. Хушк кардани либос дар берун аз хона ба гуфтаи ӯ аз ночорӣ аст, на бемаданиятӣ. Мардум, ки аксарият чанд оила дар як хона зиндагӣ мекунанд, хонаҳои худро ночор ба ин шакл васеъ кардаанд. Ин фарҳангшинос мегӯяд, дар баробари талаби риояи меъёрҳои шаҳрнишинӣ аз сокинон, шаҳрдорӣ бояд шароит фароҳам орад.

“Мо чанд иде дорем, ки мегӯянд хонаҳоро тоза кунед, вале куҷо шароите, ки мардум гилеми худро бурда бишӯяд. Бубинед, барои шустани як қолини 5x6, беш аз 300 сомонӣ лозим аст. Ё либосҳое, ки дар хушкашӯиҳо шуста мешавад, саломат бармегардад? Яъне, технологияҳои мо дар ин самт рушд накардааст. Яъне бояд инҳоро тавъам иҷро кард.”

Ҳоло шумори расмии сокинони пойтахт аз 800 ҳазор бештар буда, бовар меравад, дар асл беш аз 1 миллион нафар дар Душанбе зиндагиву кор мекунанд. Дар ҳоле, ки ҳанӯз мушаххас нест гурӯҳҳои махсусӣ шаҳрдорӣ то куҷо дар тағйир додани симои шаҳр ва холӣ кардани биноҳо аз либосу палос пурра ба ҳадаф мерасанд, бархе аз коршиносон ба ин ҷараёнҳо ҳамчун падидаи илмиву иҷтимоӣ менигаранд. Онҳо мегӯянд, ки баъди тахминан 20-30 сол қишри замонавии сокинони пойтахт ташаккул меёбад, ки фарҳанги шаҳрнишинии худро хоҳанд дошт ва меъёри рафтору одоб дар пойтахтро муайян мекунанд.

XS
SM
MD
LG