Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёдшоҳ дар зиндони Адигея: "Иттиҳомро эътироф намекунам"


Наздикони Сайёдшоҳ Убайдов, тоҷиктаборе, ки 7 сол боз бо аҳли оилааш дар шаҳри Адигеяи Русия зиндагӣ мекунад, мегӯянд, муфаттишони Хадамоти федеролии амният (ФСБ) се моҳ боз ӯро ҳабс карда, талаб доранд, ки ӯ гуноҳи ҷалби одамон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро эътироф (вербовка) кунад.

Боздошт бар асоси нишондоди як тоҷики дигар

Мақомоти Хадамоти федеролии бехатарии Русия Сайёдшоҳ Убайдовро тибқи нишондоди Ҷамшед Усмонализода, ки айни замон ба Тоҷикистон истирдод шудааст, боздошт кардаанд. Ба қавли наздикони Убайдов, ин ҷавон иддао кардааст, ки Сайёдшоҳ ӯро барои пайвастан ба ДОИШ тарғиб мекард.

Тағои Сайёдшоҳ мегӯяд, пас аз боздошт шудани ҷиянаш, мақомоти тафтишотӣ шурӯъ аз андоз то хадамоти зидди сӯхтор як дӯкони хурди ӯро яке пас дигар тафтиш мекунанд.

Сабоҳат Раҳмонова -- завҷаи Сайёдшоҳ Убайдов рӯзи 21-уми июн дар сӯҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, шавҳари ӯрои маъмурони ФСБ санаи 13-уми марти имсол боздошт карданд. Раҳмонова мегӯяд, аз он замон то ба ҳол мақомот намегузоранд, ки ӯ ва пайвандони дигар бо Сайёдшоҳ дидору мулоқот кунанд.

Ӯ гуфт: "Шавҳари маро бар асоси нишондоди як тоҷики дигар, ки пеш аз ӯ боздошт шуда будааст, ҳабс карданд. Ӯ дар ҳаққи шавҳарам тӯҳмат кардааст, ҳамсояҳо гуфтанд, ки наворашро дар телевизионҳои маҳаллӣ дидаанд, ки гӯё ӯ хонаи мо омада бошад. Аммо ман боре ҳам сикаву сурати ин тоҷикро дар хонаам надидаам".

"Намегузоранд бо ӯ мулоқот кунем"

Раҳмонова мегӯяд, аз боздошти шавҳараш ҳоло се моҳ мегузарад, аммо мақомоти Русия намегузоранд, ки ӯ ва наздикони дигараш бо вай мулоқот кунанд.

"Ман шавҳарамро танҳо як бор дар мурофиаи додгоҳӣ дидам, вақте ки ҳабси ӯро дароз карданд. Ғайр аз чанд маротибае, ки хӯрок бурдем, дигар моро намегузоранд ӯро бубинем. Ба адвокат гуфтааст, ки ӯро маҷбур карда истодаанд, ки гуноҳро ба гардан бигирад",- иброз дошт Сабоҳат Раҳмонова.

Ба гуфтаи Сабоҳат Раҳмонова, Сайёдшоҳ Убайдов аз ҳисоби иҷрои корҳои сохтмонӣ ризқи худу чор фарзанди хурдсолашро таъмин мекардааст. Пас аз оне, ки гурдаҳояш дарманд шудаанд, Сайёдшоҳ ба фурӯши самбӯсаву фатире, ки хонумаш мепухт, пардохтааст. Ахиран ӯ як дӯконеро низ ба иҷора гирифта, аз роҳи фурӯши меваҳо даромад мегирифтааст.

Чанд шеваи фишори мақомот барои иқрор шудан ба гуноҳ

Сабоҳат Раҳмонова мегӯяд, шавҳараш ҳеҷ робитае бо гурӯҳҳои тундрав ва террорист надошт ва то соле қабл телефони ҳушманд ҳам надошт. "То як сол пеш як телефони "Нокия"-и кӯҳна дошт ба қавле "чормағзшиканак". Баъд барои гуфтугӯ бо падару модар дар Тоҷикистон тариқи ИМО, як телефони сенсори арзонак харид. Шавҳари ман ягон рабте ба террористон надошт, агар медошт магар ман бо як шахси террорист зиндагӣ мекардам?",-суол мегузорад Раҳмонова.

Мақомот барои моил кардани Убайдов барои иқрор шудан ба гуноҳ аз чанд роҳи фишор ба аҳли оила ва пайвандони ӯ кор гирифтаанд. Хайриддин Тоиров -- тағои Убайдов гуфт, мақомот ба завҷаи ӯ ва бародари дигараш, фишор меоранд, ки Сайёдшоҳро барои иқрор шудан ба гуноҳе, ки накардааст водор созанд."Бародарамро, ки тағои Сайёдшоҳ мешавад, милисаҳо фишор оварданд, ки ба зидди ӯ шаҳодат диҳад. Чун рад кард, ӯро омада аз хонааш бурданд ва инак 15 рӯз ҳабс карданд".

Тоиров гуфт, фишори мақомот бо ин хотима намеёбад. Ба гуфтаи ӯ, нозирони пулис аз идораи кор бо ноболиғон омада хонаи Сайидшоҳ даромадаанд ва ба завҷааш таҳдид карданд, ки кӯдаконро гирифта, ба хонаи ятимон (детдом) месупоранд. Пас як чунин тафтиш, Сабоҳат Раҳмонова -- завҷаи Сайёдшоҳ аз ҳуш меравад ва танҳо пас омадани ёрии таъҷилӣ, баъди ду соат ба худ меояд.

"Кормандони милиса омада тамоми шароити дохили хонаамро тафтиш карданд. Гӯё шароити зисти кӯдакон хуб набошад ва ба ман таҳдид карданд, ки кӯдаконро аз ман мегиранд ва баъди 10 рӯз ба ятимхонаи шаҳри Майкоп меспоранд. Баъди ин гуфтаи онҳо, баданам ларзид ва бо тамоми ҳастӣ ба онҳо нишон додам, ки кӯдакон ҳама чиз доранд, хӯрокашон бар зиёд таъмин аст ва яхдонро ба онҳо нишон додам, ки пур аз ғизо аст",- қисса кард Сабоҳат Раҳмонова.

Мақомоти ФСБ чизе намегӯянд

Хайриддин Тоиров мегӯяд, пас аз боздошт шудани ҷиянаш, мақомоти тафтишотӣ шурӯъ аз андоз то хадамоти зидди сӯхтор як дӯкони хурди ӯро яке пас дигар тафтиш мекунанд. Ҳамаи ин фишорҳо ба гуфтаи Тоиров, танҳо ба хотири он аст, ки мақомот мехоҳанд, ҷиянаш гуноҳро ба гардан бигирад.

Мақомоти ФСБ дар Адигея аз шарҳи қазияи Сайёдшоҳ Убайдов ва иттиҳомот алайҳи ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ варзиданд.Чизе ки, то ба ҳол ба наздикони Убайдов аз тариқи вакили дифоъ маълум аст, ин аст, ки мақомот мехоҳанд ӯро бо гуноҳи ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ айбдор кунанд. Маълум нест то куҷо ӯ дар ин ҷурм даст дорад ва ё не, чун мақомот ба наздикон дар бораи ҷузъиёти тафтишот маълумот намедиҳанд.

Чаро маҳз тоҷикон?

Аслан Бзаров, хабарнигори бахши қафқозии Радиои Озодӣ - "Кафказ. Реалии" мегӯяд, Адигея як минтақаи оромест ва ба фарқ аз дигар минтақаҳо хеле кам касоне ба гурӯҳҳои террористӣ мепайванданд.

"Аммо барои мақомоти қудратӣ натиҷа даркор аст. Онҳо наметавонанд шахсонеро аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ боздошт карда, чунин айберо ба сарашон бор кунанд, чунки наздикону пайвандонашон даъво мекунанд. Аз ин нигоҳ, аз ҳам қишри осебпазир муҳоҷирони тоҷиканд. Бинобар ин, мақомот бештар муҳоҷирони тоҷикро боздошт карда, ба чунин ҷурмҳо айбдор мекунанд",- хулоса кард Аслан Бзаров.

Адигея як минтақаи муслмонишин дар минтақаи Қафқози Русия аст. Аммо сокинони маҳаллӣ чандон мазҳабӣ нестанд ва мизони тундгароӣ низ дар қиёс бо дигар минтақаҳои Қафқоз боло нест. Аммо шикори тоҷикон ва айбдоркунии онҳо ба тунгароиву ифротгароӣ ва терроризм дар пайи боздошти яке аз наздикони сарҳанги фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов шурӯъ шуд.

Ба навиштаи матбуоти Русия, нафари боздоштшуда дар ҷалби сокинон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам мешавад ва алайҳи ӯ аз рӯи моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Мақомоти интизомии Русия моҳи июли соли 2017 гуфта буданд, гӯё ин нафар қасд дошт, ки тариқи Туркия ба Сурия биравад. Аз ин ҷавон бо исми Ҳалимов Ф. ёд мешуд ва сину солу ҷузъиёти дигар мушаххас нест.

XS
SM
MD
LG