Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи сокини Бохтар ба Додгоҳи Аврупо меравад?


Исмоил Холов бо аҳли хонаводааш дар Русия зиндагӣ мекунад.
Исмоил Холов бо аҳли хонаводааш дар Русия зиндагӣ мекунад.

Иcмоил Холов, сокини шаҳри Бохтарро мақомоти Тоҷикистон ба узвият дар “Гурӯҳи 24” муттаҳам карда ва аз Русия хостаанд, ӯро ба Душанбе супорад. Ирина Соколова, вакили Илҳом Холов, рӯзи 18-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи Илҳом дар тамоми додгоҳҳо ба суди мақомот ҳал шудааст ва хатари ба Тоҷикистон истирдод шудани ӯ вуҷуд дорад.

Исмоил Холов, ки аз соли 2011 бо аҳли хонаваодааш ба Русия кӯчидааст, соли 2015 ба “дарди сар” гирифтор шуд. Дар он сол мақомоти интизомӣ ӯро дар Маскав бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир карда ва 6 моҳ дар боздоштгоҳ нигаҳ доштаанд. Азбаски санаду далелҳои кофӣ барои истирдод наёфтаанд, додситонии Русия амр додааст, ки ӯро озод кунанд. Илҳом Холов ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ин ҳама ҳоло сарнавишташ номаълум мемонад ва хатари ба Тоҷикистон фиристодану “шиканҷа шуданаш“ вуҷуд дорад.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки солҳост дар Русия ронандагӣ мекунад, гуфт, ҳеҷ гоҳ узви "Гурӯҳи 24" набудааст ва ба ӯ “тӯҳмат задаанд.” Ба қавли Илҳом Холов фақат як гуфтугӯи ӯ дар шабакаи Зелло ва танқиди ӯ аз сиёсатҳои ҳукумат сабаб шуд, ки ӯро ба узвият дар “Гурӯҳи 24” муттаҳам кунанд. Ин гуруҳро соли 2014 дар Тоҷикистон созмони ифротӣ эълон карданд. Исмоил Холов гуфт, мисли ҳама ҳақ дошт, назарашро дар бораи сиёсатҳои ҳукумат изҳор дошт.

Зимни мусоҳиба дар радиоканали Зелло, Исмоил Холов гуфтааст, “Дар Тоҷикистон солҳои тӯлонист, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раҳбарӣ мекунад. Нерӯи барқ нест, ришатонро маҷбурӣ мегиранд, ҳиҷобатонро мекашанд. Ба наврасони то 18-сола иҷоза намедиҳанд, ки масҷид бираванд, 35-солаҳо ҳаққи зиёрати Маккаву Мадинаро надоранд.”

Қарор аст, ҳамин моҳ Додгоҳи вилояти Иваново шикояти Исмоил Холов дар бораи беасос будани қарори ихроҷи ӯ аз Русия ба Тоҷикистонро баррасӣ кунад. Вазорати умури дохилии Русия соли 2018 ҳаққи иқомати Исмоил Холовро бо такя ба як санади ФСБ, Хадамоти Федералии Амнияти Русия беэътибор карда ва амр додааст, ки ӯро аз Русия ихроҷ кунанд.

Ирина Соколова ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски дар ин парванда дасти ФСБ ҳаст, зоҳиран Додгоҳи вилояти Иваново ҳам, қарори ихроҷи фарди зери ҳимояташро бетағйир мегузорад: “Ман фикр мекунам, мисли қарорҳои пешина такрор мешавад, ҳеҷ чизро тағйир намедиҳанд. Ягона роҳи ҳимояти Исмоил ин аст, ки ба Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Инсон муроҷиат кунем.”

Дар сурати муроҷиат, мақомоти интизомии Русия ҳақ надоранд, шаҳрванди Тоҷикистонро то замони баррасӣ шудани парвандааш дар ин додгоҳ ба Душанбе истирдод кунанд, чун амалкарде бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ ва қонунҳои худи Русия хоҳад буд.

Исмоил Холов, ки ҳоло бо аҳли хонаводааш дар Русия аст, мегӯяд, сарнавишти ӯро фақат Худо медонад. Ҳамсари ӯ, писари 17-сола, духтаронаш Фотимаву Зӯҳрои 15-сола ва Роҳилаи 9-сола ҳама шаҳрвандони Русия ҳастанд.

Худи Исмоил ба гуфтаи худаш “ба шарофати тӯҳмат ва дархости истирдоди мақомоти интизомии Тоҷикистон соли 2018 аз ҳаққи иқомати Русия маҳрум шуд. Вазорати умури дохилии Русия ҳам гуфтааст, сабаб як санади ФСБ аст, ки онро ошкор карда наметавонанд. Бар асоси санади ФСБ, Илҳом Холовро то нимаи дуввуми асри 21 ва ё соли 2057 аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд. Ба тамоми дархостҳои Ирина Соколова барои шарҳи сабабҳои қарори маҳрумият посух омадааст, ки “иттилооти дархостшударо пешниҳод карда наметавонанд.”

Исмоил Холов мегӯяд, гуноҳе накардааст, вале ба назари мақомоти интизомӣ истифода аз ҳаққи озодии баён, “гуноҳ будааст. Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи мақомоти интизомии Тоҷикистон дар бораи парвандаи Исмоил Холов натиҷа надод. Аммо дар дархости истирдоди мақомоти интизомии Тоҷикистон омадааст, ки ӯ бар асоси қисми дуввуми моддаи 307 ба “Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта” муттаҳам мешавад.

Аммо дар ин санад гуфта нашудааст, ки Исмоил Холов чӣ гуна дар таъсиси "Гурӯҳи 24" ва ё маблағгузорӣ дар ин созмон чӣ гуна саҳм доштааст. Давлати Тоҷикистон баъди созмони ифротӣ эълон кардани ин гурӯҳи сиёсӣ ва мухолифи давлат, даҳҳо нафар аз аъзои ин созмонро аз Русия ба Тоҷикистон овард ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG