Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди куштан дар 18 соли пеш Кӯлобиевро паси панҷара бурд


Амирхон Икромов мегӯяд, падару писар бо автомат ба онҳо таҳдид карданд.
Амирхон Икромов мегӯяд, падару писар бо автомат ба онҳо таҳдид карданд.

Додгоҳи Кӯлоб як сокини 39-солаи минтақаро бо гуноҳи таҳдиди қатл ба хешовандони муовини собиқи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба 14 соли зиндон маҳкум кард.

Муҳокимаи Шавкат Кӯлобиев, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 5-уми апрел сурат гирифтааст ва додрас ӯро барои ин ҷиноят ба 15 соли зиндон маҳкум кардаанд. Бо назардошти қонуни авф, ҳукми ӯро то 11 сол поин овардаанд.

Ба гуфтаи муфаттишон, Шавкат Кӯлобиев ин ҷиноятро 18 сол пеш дар соли 2000-ум ва се сол баъд аз хатми ҷанги дохилӣ содир кардааст. Ба гуфтаи додгоҳ, Шавкат Кӯлобиев тобистони соли 2000-ум ба пайвандони Зафар Икромов, муовини собиқи вазири корҳои дохилӣ дар он замон таҳдид кардааст, ки онҳоро мекушад.

Як манбаъ аз додгоҳи минтақаи Кӯлоб рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Шавкат Кӯлобиев соли 2000-ум бинобар хусумати шахсӣ бо истифода аз автомат ба хонаводаи Икромовҳо таҳдид кардааст, ки онҳоро мекушад.

Шавкат Кӯлобиев дар додгоҳ гуфтааст, ки бегуноҳ ва иттиҳомот дар ҳаққи худро беасосу бофта меномад. Вакили дифоаш гуфт, азбаски аз замони ҷиноят 18 сол сипарӣ шудааст, бар асоси қонун бояд ӯро аз ҷавобгарӣ озод мекарданд.

Бегмат Кӯлобиев ба 24 соли зиндон маҳкум шудааст.
Бегмат Кӯлобиев ба 24 соли зиндон маҳкум шудааст.

Шавкат Кӯлобиев, писари Бегмад Кӯлобиев – сартабиби собиқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) аст, ки соли 2016 бо гуноҳи даст доштан дар куштори ду сокини деҳаи Шоҳони Болои ноҳия дар соли 1997 ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.

Пайвандон ва вакилони дифои шавкат Кӯлобиев гуфтанд, ҳукми додгоҳро дастрас накардаанд, вале афзуданд, ки ҳукмро ноодилона медонанд ва аз он ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд

Шавкат Кӯлобиевро моҳи ноябри соли 2017 бар асоси аризаи шикоятии Амирхон Икромов, раиси собиқи ноҳияи Шӯрообод ва бародари Зафар Икромов, муовини собиқи вазири умури дохилӣ боздошт карданд.

Амирхон Икромов дар аризааш гуфтааст, ки миёнаҳои моҳи августи соли 2000-ум Кӯлобиев ҳамроҳ бо писараш бо автомати “Калашников” ба хонаи онҳо омада, қасди куштани ӯро доштанд.

Амирхон Икромов гуфтааст, Кӯлобиев ҳамроҳ бо писараш пас аз андохтани як тир аз хонаҳои онҳо рафтаанд, чун зоҳиран дигар автоматашон тир надоштааст. Дар он замон Шавкат Кӯлобиев 23-сол дошт.

Хонаводаи Икромов ва Кӯлобиев дар маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд. Амирхон Икромов даъвогари аслӣ дар парванда рӯзи 11-уми ноябри соли 2017 ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Бегмад Кӯлобиев бо Саттор Абдулхайров, раиси онвақтаи Шӯъбаи амнияти ноҳия, маъруф бо лақаби “Кӯри Саттор” ошно буд ва ҳамеша аз тарафи онҳо азият мешуд.

Икромов он замон раиси хоҷагии деҳқонӣ буд ва мегӯяд, танҳо “барои итоат накардан ва гап гардондан” миёни онҳо ҷанҷол бархоста буд. Бародари ӯ Зафар Икромов айни замон бознишаста аст.

XS
SM
MD
LG