Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Варшава. Имсол кӣ бо чӣ барнома меравад?


Акс аз соли 2018

Нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз 16 то 26 сентябр дар Варшава баргузор хоҳад шуд. Дар он ҳайатҳои ҳукумат ва мухолифон иштирок мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба тозагӣ ҳайати худро барои иштирок дар ин нишаст мушаххас намуд. Як намояндаи ҳукумат рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳашт нафар ба Варшава мераванд. Ӯ афзуд, "ҳар арзу шикоят ё танқиде мешавад, ҳайати ҳукумат гӯш мекунад ва ба онҳо посух медиҳад".

Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон, яке аз онҳоест, ки қарор аст ба Варшава равад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз Вазорати корҳои хориҷӣ сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ Вафо Ниятбекзода, аз Маркази тадқиқоти стратегии назди президент, корманди аршади он, Абдуллоҳи Раҳнамо ва инчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенту Додситонии кул дар нишасти САҲА ширкат ва маъруза хоҳанд кард.

Онҳоро ду дипломати тоҷики муқими Аврупо ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳанӯз маълум нашудааст, ки ҳайати давлатиро кӣ сарварӣ хоҳад кард. Соли гузашта ҳайати Тоҷикистон зери раҳбарии Низомиддин Зоҳидӣ, он замон муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ, дар нишаст ҳузур ёфт.

Имсол ҳайати ҳукумат аз соли гузашта фарқ хоҳад дошт. Аз ҷумла, соли гузашта Айёмиддин Сатторӣ ва Абдураҳим Каримов, ду узви собиқи Ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар қатори аъзои ҳукумат қарор доштанд, вале ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, имсол онҳо ё афроди монанди онҳо ба Варшава нахоҳанд рафт.

Ҳамзамон намояндагони мухолифи ҳукумат, ки аксаран дар Аврупо паноҳгоҳи сиёсӣ ёфтаанд, мегӯянд, дар Варшава ҳузури фаъол хоҳанд дошт. Гуфта мешавад, дар ҳамоиши имсола гурӯҳу созмонҳои мухолифон, аз ҷумла Паймони миллии Тоҷикистон ва афроди алоҳида иштирок мекунанд.

Сухангӯйи созмони Паймони миллӣ Темур Варқӣ рӯзи 4-уми сентябр дар суҳбати катбӣ бо Радиои Озодӣ иброз дошт, ки “масъулони Паймон мераванд ва баромад мекунанд. Дар тамоми масоили рӯзномаи конфронс омодаем баромад кунем."

Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҳаракати «Ватандор», ки дар Олмон зиндагӣ дорад, мегӯяд, бо пешниҳоди вижае дар ин ҷаласа ҳузур хоҳад ёфт. Ӯ хостори баргузории нишасти алоҳидаи тоҷикон дар ҳошияи конфронси Варшава аст.

«Ҳам тарафи ҳукумат, ҳам тарафи мухолифат ва ҳам шахсиятҳои мустақил ва коршиносон. Дар чанд маҷлиси охир ҳайатҳои Тоҷикистон, ҳатто дастбагиребон шуданд ва боиси хандахариш гаштанд. Се соли охир нишастҳои Варшава бозори "Корвон"- ро ба ёд меовард. Ҳуҷуми мухолифони навруста ба ҳайъати ҳукумат боиси хиҷолат буд",--гуфт ӯ.

Ба гуфтаи раҳбари "Ватандор", Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷик ва шоир Бахтиёр Аминӣ низ ба Варшава мераванд.

Сайфулло Сафаров, собиқ муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, ки соли гузашта дар чунин нишаст ширкат дошт, мегӯяд, "он барои муаррифии сиёсати ҳукумат ва ором кардани мухолифон минбари муҳим аст".

"Соли гузашта ширкат кардем ва мавқеи Тоҷикистон бисёр хуб муаррифӣ шуд. Шиддати ҳамлаҳои лафзии мухолифин пас аз сӯҳбатҳои мо кам шуд ва моро он ҷо дуруст дарк карданд," -- гуфт ӯ.

Ба ҳамоиши Варшава инчунин бархе аз намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, озодии матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват шудаанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) рӯзи 5-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар нишасти Варшава ширкат хоҳад кард ва масъалаи эҷоди шароити солим барои васоити ахбори умум дар маъракаҳои сиёсии соли ояндаро дар миён хоҳад гузошт.

Вай гуфт, "мехоҳам, дар ин нишаст аз намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои ҷаҳонӣ даъват кунам, ки дар маъракаҳои сиёсии интихоботи Маҷлиси намояндагон ва интихоботи президенти кишвар дар соли 2020 барои хабарнигорон шароити ҳамҷонибаи солим фароҳам биёранд."

Шоира Давлатова, раиси Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон гуфт, бо ду тан аз ҳамкоронаш нияти иштирок ва суханронӣ дар ҳамоиши Варшаваро доранд. Марказе, ки Давлатова онро раҳбарӣ мекунад, бештар ба ҳимояи ҳуқуқи қурбониёнини шиканҷа машғул аст.

Дар нишасти САҲА аз даҳҳо кишвари узви созмон намояндагони мухолифин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳукумат иштирок ва мавзуъҳои ҳуқуқи башару озодиҳои сиёсиро баррасӣ мекунанд. Ширкат дар он ихтиёрист. Як намояндаи САҲА дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи талабот танҳо нафароне даъватномаи ширкат мегиранд, ки дар ин нишаст бар асоси муқаррароти созмон амал кунанд.

“Тартиби ширкат дар нишасти Варшава ин аст, ки ҳар давлат, созмон, гурӯҳ, фаъоли ҷамъиятӣ ва нафари хоҳишманди ширкат дар ҷаласа бояд аризаи иштирок дар онро пешакӣ тариқи интернет ба номи созмон фиристад ва баъдан ба номи ӯ даъватнома фиристода хоҳад шуд”,-- гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ. Ин даъватнома маъмулан барои дастрасӣ ба раводиди сафар ба кор меояд.

Ҳамоишҳои байнулмилалӣ бо ширкати намояндагони давлат ва мухолифонашон, ки дар Аврупо паногоҳи сиёсӣ ёфтаанд, аксаран зимни моҷароҳо расонаӣ мешаванд. Се сол пеш ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба нишони эътироз аз ширкати мухолифин толори нишасти САҲА дар Варшаваро тарк кард. Пас аз он хабаргузории давлатии “Ховар” ҳушдор дод, ки дафтари ин созмон дар Тоҷикистон баста мешавад ва намояндагони давлат бо мухолифон сари як миз намешинанд.

Дар бобати таъсири воқеии ҳамоишҳои Варшава ба вазъ ва дурнамои сиёсӣ андешаҳо гуногунанд. Амнияти Абдулназар, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демкорати Тоҷикистон, мегӯяд, "САҲА дар Тоҷикистон нуфузи чандон надорад ва нишастҳояш ҳанӯз натиҷаи назаррасе надодааст".

Ӯ гуфт: “Дар Варшава танҳо ҷамъ мешаванду мегӯянду боз мисли ин ки ҳамдигарро надида бошанд, пароканда мешаванд. Чаро созмони САҲА ҳеҷ натиҷагирӣ намекунад ва баъди ҳар нишаст барои ҷонибҳо пешниҳоде ироа намекунад? Агар иштибоҳ накунам, дар солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон нуфуз дошт ва ҳам ҳукумат ва ҳам оппозитсияи пешин ба хулосаҳои созмон эҳтиром мегузоштанд”.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз соли 1994 ба ин тараф дар Тоҷикистон ҳузур дорад. Будҷаи дафтар дар соли 2016-ум 7 миллиону 756 ҳазор евроро ташкил медод ва дар он 28 корманди хориҷӣ ва 193 корманди маҳаллӣ кор мекарданд.

Соли 2017 ин созмон мақомашро ба мақоми дафтари барномаҳо поин овард ва бахшҳои маҳаллияшро дар панҷ минтақаи Тоҷикистон баст.

Тағйири мақоми намояндагӣ ба маънои маҳдуд шудани фаъолиятҳои созмон дар Тоҷикистон аст, ки то кунун барои рушди демократия, риояи ҳуқуқи инсон, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ба кишвар кумак мекард.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамчунин яке аз созмонҳои байналмилалии асосӣ ва нозири интихоботҳои Тоҷикистон аст. Нозирони ин созмон гуфтаанд, то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон одилонаву демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтааст. Соли равон Тоҷикистон дар ин ниҳод ба Форуми амниятӣ сарварӣ мекунад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG