Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиду таърифи иҷозаи заршӯӣ ва истихроҷи лаъл дар Тоҷикистон


Инҷо кони тиллои Шугнов аст, ки мардум гоҳ-гоҳ қонуниву ғайриқонунӣ ба заршӯӣ машғул мешаванд. Акс аз 5-уми октябри соли 2017.

Сарфи назар аз қарори нави ҳукумат, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза медиҳад, ба истихроҷи тиллову нуқра ва филизоти қимматбаҳо машғул шаванд, истихроҷу фуруши ғайриқонунии ин ҳама идома дорад. Коршиносон бар ин назаранд, ки қарор камбудӣ дорад ва бояд ислоҳ шавад. Дар сохторҳои ҳукуматӣ ин андешаро ҷонибдорӣ намекунанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон барои муомилаи ғайриқонунӣ бо сангҳои гаронбаҳо ва филизот даҳҳо нафар боздошт мешаванд. Аз ҷумла ҳафтаи гузашта вазорати умури дохилӣ хабар дод, ки се сокини Вилояти Бадахшонро барои хариду фурӯши ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо боздошт карданд. Ба гуфтаи вазорат, аз боздоштшудаҳо 53 пора санги қимматбаҳо, аз ҷумла ёқут гирифтанд.

Ин аввалин гузориш дар бораи боздошт бо иттиҳоми қочоқи сангҳои гаронбаҳо аст, ки баъди қабули қарори ҳукумат дар 27 ноябри соли 2019 расонаӣ мешавад. Қарор ба афроди алоҳида иҷоза медиҳад, бо шартҳои хосе ба истихроҷи филизоти ранга ва сангҳои гаронбаҳо машғул шаванд.

Дар Тоҷикистон мувофиқи қонун “Дар бораи металҳо ва сангҳои қимматбаҳо”, чунин маъданҳоро ки ғайриқонунӣ истихроҷ кардаанд, ба ҳисоби давлат мусодира мекунанд. Барои истихроҷи ғайриқонунӣ ҳам ҷазо пешбинӣ шудааст. Дар ҳукумат мегӯянд, ки қарори нав барои хотима додан ба истихроҷи ғайриқонунии сангҳои гаронбаҳо дар миёни афроди алоҳида аст.

“Ин бисёр як чораи саривақтӣ аст, ки имкон медиҳад, аҳолӣ ба ҷойҳои нави кор таъмин шаванд. Бисёриҳо дар ин муддати кӯтоҳ иҷозатнома гирифтанд ва ба мо изҳори миннатдорӣ карданд” – мегӯяд, Алимаҳмуд Ализода, муовини сардори Саридораи геология.

Қарори ҳукумат истихроҷи тилло, нуқра, платина, сурб, волфрам, титан, маъданҳои нодир (лопарит, моназит, ксенотим, фабулит), ёқут, ёқути кабуд, хризолит, топаз, берилл, шпинел, клинингумит, гарнет, ҷаде, ақиқ (агат), булӯр, флюорит ва ғайраро ба сурати хусусӣ иҷоза медиҳад.

Ба истихроҷкунандагон ё маъданёбҳо ба ҷуз олоти дастӣ ҳамчунин иҷоза додаанд, аз мошинҳои хурд истифода баранд. Филизот ва сангҳоро фақат аз ҷойҳое бояд истихроҷ кунанд, ки дар ихтиёри давлат нестанд, вале истихроҷкунандагон вазифадоранд, он чиро, ки ба даст овардаанд, ба Хазинаи сарватҳои давлатии вазорати молия бифурӯшанд. Дар сурате, ки хазина расман аз харид даст бикашад, соҳибони санг ва ё метал метавонанд, маҳсулоти худро ба корхонаҳое, бифурӯшанд, ки барои коркард иҷозатнома доранд.

«Қочоқ ба хотири зинда мондан»

Шумораи зиёди конҳои сангҳои қимматбаҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгиранд, ки ин ҷо бекорӣ нисбат ба дигар минтақаҳо зиёд аст. Сатҳи бекорӣ дар вилоят ҳудуди 40% аст, дар дигар вилоятҳо 29 то 30 дар садро ташкил медиҳад.

Тоҳир (ном тағйир дода шудааст) сокини ноҳияи Мурғоб аст, ки дар муҳоҷират дар Русия қарор дорад. Се соли умрашро барои муомилаи ғайриқонунӣ бо сангҳои гаронбаҳо дар зиндон сипарӣ кард ва шаш моҳ пеш озод шуд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Озод, ки шудам, дарҳол тасмим гирифтам, ки кишварро тарк кунам, зеро муомила бо сангҳо хатарнок буд, ҳарчанд ба дастам бисёр меафтоданд”. Ӯ мегӯяд, ки аз ин кор фоидаи калоне ба даст наовардааст, зеро наметавонист, сангҳоро бо қимати хубе бифурӯшад ва фоидаи он барои зиндагӣ ҳам намерасид.

Ба гуфтаи Боймамад Алибахшов, раиси Анҷумани соҳибкорон ва кишоварзони кӯҳистон бо номи “МилиалИнтер” дар сурати ислоҳоти дуруст, санади нав на танҳо барои истихроҷкунандагон, балки барои буҷаи вилоят ва ҷумҳурӣ ҳам маблағҳои нав меовард. “Барои мисол, дар Ишкошим шпинели олиро (лаъл) танҳо дар “Кӯҳи Лаъл” пайдо мекунед, вале мардум ҷойҳои дигарро ҳам медонанд ва ҳамчунин дар Мурғоб низ. Пас аз дарёфти муҷаввиз метавон озодона кор кард”.

Назари мутахассисон доир ба камбудиҳои қарор

Дар баробари ин ҳама, коршиносон дар мавриди паҳлӯҳои мураккаби кор мегӯянд, ки қарори ҳукумат онҳоро сарфи назар кардааст. Замониддин Насриддинов, муовини ректори Донишкадаи куҳиву металургии Тоҷикистон мегӯяд: “Бе таҷҳизот ва бе донишҳои мустаҳкам як шахси оддӣ наметавонад, дар ҷойҳои номаълум санг пайдо кунад ё заршуӣ кунад. Табиист, одамҳо ба конҳои партофташуда, ё муваққатан кор намекунанд, мераванд ва ба сангканию заршуӣ машғул мешаванд ва чизе, ки ҳосил мекунанд, ғайриқонунӣ аст ва ба дасти мақомот меафтанд”.

Ба гуфтаи ӯ, таҳиякунандагони лоиҳаи қарор мавқеъи коршиносонро доир ба хариду фурӯши сангҳо ва корёбии мардум ба назар нагирифтанд. Замониддин Насриддинов афзуд: “Дар санадҳои вазорати молия гуфта шудааст, ки барои гардиши фурӯши сангҳо ва филизот зарур аст, онҳо аз назорати давлатӣ гузаранд, вале ҳамаи маҳсулоте, ки тавассути ин муқаррарот мегузаранд, бидуни мушкил дар бозор, мувофиқи меъёрҳои мавҷуда фурӯхта мешаванд.”

Насриддинов, ҳамчунин ба ин нукта таваҷҷуҳ кард, ки моддаҳои 283 ва 284 Кодекси ҷиноятӣ бознигарӣ нашуданд, ки мувофиқи онҳо барои фурӯши сангҳои қимматӣ ҷазо пешбинӣ шудааст. Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки ба фурӯши сангҳои гаронбаҳо дар хориҷи кишвар сару кор дорад, ба шарти набурдани номаш гуфт, ба ҷуз роҳҳои қонунӣ роҳҳои гуногуни берун бурдани сангҳо аз Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ӯ мегӯяд: “Тавассути мувофиқаи ғайрирасмӣ бо хадамоти гумрук онҳоро ба Афғонистон мебаранд ва онҷо санад мекунанд ва ба дигарҷо мефурӯшанд. Ё онҳоро ба ҷавоҳирот табдил медиҳанд ва сипас мефурӯшанд.”

Пешниҳод барои истифода аз таҷрибаи кишварҳои дигар

Насриддинов пешниҳод мекунад, ки аз таҷрибаи Ҳинд ва Чин истифода шавад, ки бозори озод ва қонунӣ доранд: “Барои намуна, дар Чин шаҳрҳо ба категорияҳо ҷудо мешаванд ва ба шаҳрвандони категорияҳои мушаххас ин фаъолият иҷоза дода мешавад. Тоҷикистон метавонад, ин таҷрибаро дар навоҳии дурдасте, мисли Мурғоб татбиқ кунад”.

Мувофиқи омори расмӣ, Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2019 ба маблағи 125 миллион доллар сангу филизоти қимматбаҳову нимагаронбаҳо фурӯхтааст. Аз ҳисоби содироти ин маҳсулот ба хориҷ Тоҷикистон андаке бештар аз 3 миллион доллар ба даст овардааст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG