Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пирӯзии Зеленский - як эътироз ба элитаи ҳукмрон аст". Назарҳо аз Тоҷикистон. ВИДЕО


Зеленский дар лаҳзаҳои омодагӣ ба наворбардории филми наве дар шаҳри Лвов
Зеленский дар лаҳзаҳои омодагӣ ба наворбардории филми наве дар шаҳри Лвов

Пирӯзии ҳаҷвнигор Владимир Зеленский дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Украинаро коршиносони тоҷик як падидаи нав дар саҳнаи сиёсии ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ арзёбӣ мекунанд.

Ба президент шарт нест, ки ба ҳама вазифаҳо танҳо номзадҳояшро таъйин кунанд. Бояд ҳар як вазир дар интихоби кадрҳо мустақил бошаду худаш тасмим бигирад

Коршиносони тоҷик мегӯянд, раванди нав, яъне вуруди чеҳраҳои ғайрисиёсӣ ба майдони сиёсат ва омодагии онҳо барои тағйир додани вазъ дар кишварашон баёнгари равандҳои ҷиддӣ дар демократикунонии кишварҳои пасошӯравӣ унвон мекунанд. Бархе дар Тоҷикистон пирӯзии қобили эътимоди як ҳаҷвнигор ва мунаққиди ҳукуматро ба пирӯзии ҳунарпешаи амрикоӣ Роналд Рейган (1981-1989) шабоҳат медиҳанд, ки баъди карйераи дарозмуддати ҳунарпешагӣ ба сиёсат ворид шуда, яке аз президентони хушноми ин кишвар шуд.

"Ҳаҷвнигор дарди мардумро эҳсос мекунад"

Тибқи иттилои ахир Владимир Зеленский, ҳаҷвнигори украинӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар пешгом буда, дар даври аввали интихобот рӯзи 31 март беш аз 30 дарсади раъйи интихобкунандаҳоро ба даст овард. Ба ин тартиб, Владимир Зеленский аз рақиби аслии худ Петр Порошенко, раиси ҷумҳури феълии Украина (аз соли 2014) хеле пеш гузашт ва ба эҳтимоли ғолиб, дар даври дуюми интихобот 21 апрел маҳз ҳамин ду номзад вориди рақобати ниҳоӣ мешаванд.

Коршинсони тоҷик чунин сурат гирифтани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Украинаро ба хаста шудани интихобкунандаҳо аз элитаи сиёсии кишвари худ унвон мекунанд. Ойниҳол Бобоназарова, собиқ номзади раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пешсафии Владимир Зеленский дар интихоботи Украина нишони он аст, ки украиниҳо мехоҳанд дар роҳбарии кишвар чеҳраҳои нави таъсиррасонро бубинанд. Вай афзуд:

Соли 2013 номзадии О.Бобоназарова дар интихоботи президентӣ сабтином нашуд
Соли 2013 номзадии О.Бобоназарова дар интихоботи президентӣ сабтином нашуд

"Мардуми Украина диданд, он ваъдаҳое, ки ҳукумати пешина дода буд, иҷро нашуд, умуман ислоҳи куллӣ ҳам сурат нагирифт, масъалаи коррупсия низ ҳалл нашуд. Ҳаҷвнигор баъзан аз сиёсатмадор ҳам зирактар аст. Вай дарди ҷомеаро эҳсос мекунад ва ба як тарзи шухиомез онро изҳор медорад. Дар ҳар як шӯхиҳои ҳаҷвнигор ҳазорҳо масъала баён дошта мешавад”.

Зеленскиии 41-сола, ки раҳбарии студияи “Квартал 95”-ро ба ӯҳда дорад, бо мазҳакаҳои шадидлаҳни сиёсиаш маъруфият касб кардааст. Ӯро як мудири муваффақ ҳам меноманд, ки бо донишу заҳматҳои шахсиаш тавонистааст ба як соҳибкори муваффақ табдил шавад.

Хонум Бобоназарова, ки аз Тоҷикистон истода, рақобатҳои интихоботии Украинаро назорат мекунад, мегӯяд, мардум дар Украина бовар доранд, ки Владимир Зеленский тими наверо ба сари қудрат меорад, ки дар мубориза бо коррупсия иқдом карда, сиёсати ғарбгароёнаи Украинаро идома медиҳад.

Ортиқи Қодир: Чаро ҳаҷвнигор сиёсатмадор набошад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

"Муҳим, ки тими ҳирфаӣ дошта бошад"

Дар ҳоле, ки бархе дурустии ба раҳбарии як кишвар омадани як ҳаҷвнигорро зери суол мебаранд, ба эътиқоди Абдумалик Қодиров, таҳлилгари дигари тоҷик, ин вижагиҳо чандон муҳим нестанд. “Муҳим ин аст, ки тими ҳирфаӣ дошта бошад, ки тавонад ормонҳои ҷомеаро бароварда созад”, мегӯяд Қодиров. Вай афзуд, ки раиси ҷумҳури муваффақ ҳамонест, ки иҷоза бидиҳад ҳар як узви тимаш дар тасмими худ мустақил бошад. Ҷаноби Қодиров гуфт:

“Ба президент шарт нест, ки ба ҳама вазифаҳо танҳо номзадҳояшро таъйин кунанд. Бояд ҳар як вазир дар интихоби кадрҳо мустақил бошаду худаш тасмим бигирад. Дар чунин ҳолат, пешравиеро дар ҳар як арса интизор шудан мумкин аст”.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо

Зимнан, Владимир Зеленский нахустин чеҳраи ғайрисиёсӣ дар майдони сиёсии Украина нест. Виталий Кличко, як варзишгари машҳури украинӣ аз соли 2014 инҷониб мақоми шаҳрдори Киевро иҷро мекунад.

Ба ин далел, бархе аз соҳибназарони тоҷик ҳузури бештаре аз чеҳраҳои ғайрисиёсӣ дар роҳбарияти як кишвари дигари пасошӯравиро умедворкунанда медонанд. Ба эътиқоди Раҷаби Мирзо, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик чунин раванд пайём ё мессеҷ ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ ҳам ҳаст. Вай афзуд:

“Ин ҳатто як навъи эътироз аст, эътироз ба элитаи сиёсӣ ва ҳукумрон. Мардум ҳамакнун мехоҳанд, ки чеҳраҳои нав ба саҳна бароянд ва онҳо дар бозиҳои сиёсӣ, муборизаҳои сиёсии гузашта аслан даст надошта бошанд”.

"Ҳунарманд дар арсаҳои мухталиф донишҳои зарурӣ дорад"

Ба далели сари кор омадани як ҳаҷвнигор дар Украина, бархе ҳунарпешаҳои тоҷик ҳам интихоботи ин кишварро ҷолибу пурранг арзёбӣ мекунанд. Бархе ҳунарпешаҳои ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ мегӯянд, ки пешсафии Владимир Зеленский дар интихобти президентии Украина нишони арҷгузории мардуми Украина ба ҳунармандон ва эътимод ба чеҳраҳои ғайрисиёсӣ аст. Ба қавли онҳо, гароиши бештари ҳунармандон ба сиёсат ин як раванди табиӣ аст, ки нишон медиҳад намояндагони фарҳангу ҳунар дар робита бо сарнавишти кишварашон бетафовут нестанд.

Гулбибӣ Абдулхайрова, ҳаҷвнигори маъруфи гурӯҳи «Лаҳзаҳои гуворо» аз пешсафии Владимир Зеленский дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина истиқбол кард ва гуфт:

«Ҳунарманд дар арсаҳои мухталифи зиндагӣ донишҳои зарурӣ дорад. Бубинед, дар Амрико Роналд Рейген раиси ҷумҳури муваффақ шуда буд, пас, чаро Владимир Зеленский аз президентҳои муваффақи Украина нашавад?»

Гулбибӣ Абдулхайрова ситораи гурӯҳи "Лаҳзаҳои гуворо" аст
Гулбибӣ Абдулхайрова ситораи гурӯҳи "Лаҳзаҳои гуворо" аст

Дар посух ба ин савол, ки чаро ҳунармандон, аз ҷумла, ҳаҷвнигорони тоҷик ҳам вориди арсаи сиёсат намешаванд, хонум Абдулхайрова гуфт, ки ҳоло бо ҳамтоёни дигараш дар фикри ширкат дар интихоботҳои сатҳи мухталифи вакилон аст ва аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда номзадҳое ҳатто ба курсии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шаванд.

Зимнан, тибқи натиҷаҳои аввалини интихоботи раиси ҷумҳури Украина, ки рузи якшанбе баргузор шуд, Владимир Зеленский бо касби бештар аз 30 дарсад дар мақоми аввал ва Петро Порошенко, раиси ҷумҳури феълии Украина бо ҳудуди 16 дарсади оро дар мавқеи дувум қарор доранд. Дар маҷмуъ, барои дарёфти курсии президентӣ дар Украина 38 нафар вориди рақобат шуда буданд. Дар оғоз 44 номзад сабтином шуда буд, аммо баъдан панҷ нафари онҳо аз ширкат дар интихобот даст кашид ва як нафари дигар дар охирин рӯз номзадиашро бозпас гирифт. Собиқ нахуствазир ва сиёсатмадори ботаҷриба Юлия Тимошенко дар рақобатҳои интихоботӣ дар мақоми сеюм аст ва ӯ гуфтааст, ки ба натиҷаҳои интихобот бовар надорад.

XS
SM
MD
LG