Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рукнҳои оилаи хушбахти тоҷикро медонед? ВИДЕО


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Дар Тоҷикистон соли 2017 бештар аз 10 ҳазор ҷуфт, баробар бо аҳолии як шаҳрак аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ба гуфтаи мақомот тамоюли нигаронкунанда аст.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлия рӯзи 31-уми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, аз ин 10 ҳазор нафар беш аз 7 ҳазор нафарашон фарзанди ноболиғ доштанд ва баъди баҳси додгоҳӣ аз ҳам ҷудо шудаанд. Се ҳазор нафари дигарро бо ризояти тарафайн аз ҳам ҷудо кардаанд.

Ҷомеашиносон мегӯянд, ки муҳоҷирати кории мардон, дурии зану шавҳари ҷавон ва мушкилоти иқтисодиву надоштани манзили хусусӣ аз сабабҳои ҷудо шудани оилаҳо аст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар як сӯҳбати сарироҳӣ аз раҳгузарони пиру ҷавон дар Душанбе пурсид, ки ба назари онҳо оилаи мустаҳкаму хушбахт кадом аст.

Яке аз онҳо, ки тоқии зебое ба сар дошт гуфт, ки “Оилаи хушбахт ҳамон аст, ки дар он зану шавҳар ҳамдигарфаҳм бошанд.”

Ҷавонӣ дигар гуфт, “Оилаи хушбахт он аст, ки ишқу муҳаббат дар он бошад ва якдигарро худашон интихоб карда бошанд.”

Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Ду модаре, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карданд, гуфтанд, “Хушбахттарин оила ҳамон аст, ки дар он зану шавҳар якдигарро бисёр дӯст доранду эҳтиром кунанд.”

Раҳгузарони куҳансоле, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карданд, гуфтанд, ки “Оилаи хушбахт он аст, ки камбудӣ надошта бошад.”

Пирамарди ришсафеде гуфт, “Оилаи хушбахт, он аст, ки дӯстӣ доранд, фарзандони хуб доранд”.

Яке дигар гуфт, ки “Агар дар хонавода ҳарду, яъне зану шавҳар таҳсил карда бошанд, оилаашон хушбахт аст”.

Ба назари як духтари ҳиҷобӣ, ки бо Радиои Озодӣ муфассал сӯҳбат кард, агар дар оила ду тараф муҳаббаташонро ба ҳамдигар нишон бидиҳанд, он оила мустаҳкаму побарҷой мемонад.

Шумо ҳам ин видеоро бубинед ва бигӯед, ки “Оилаи хушбахт кадом аст”. Ё дар поварақи ҳамин гузориш бинависед, ё назари худро аз тариқи Вотсапп, Вайбер, ИМО ва ё Телеграм ба ин шумораи мо бифристед. +420 724053 959

Агар худат арӯс интихоб кунӣ, хушбахт мешавӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

XS
SM
MD
LG