Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндониёни собиқ кор меҷӯянду ба сахтӣ меёбанд. ВИДЕО


Фаридун Каримов, ки чанде пеш авф шуд, хона таъмир мекунад ва ба издивоҷ омодагӣ мегирад.
Фаридун Каримов, ки чанде пеш авф шуд, хона таъмир мекунад ва ба издивоҷ омодагӣ мегирад.

Дилмурод Рӯзиев, сокини ноҳияи Қубодиён баъди чоруним соли ҳабс тибқи қонуни афв озод шуд. Дилмурод барои фурӯши маводи мухаддир паси панҷара рафт. Се моҳ пеш, ки озод шуд дар фикри он буд, ки чӣ гуна зиндагии хонаводаи шашнафариро мечархонанд. Баъди пурсуҷӯ дар мағозае дар ноҳия ҷои кор пайдо кард.

Дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯзҳои аввали озодиаш нақл кард: “Дар фикри кор будам, ки зиндагиро пеш барем, ба шуғли аҳолӣ муроҷиат кардам, кӯмакпулӣ гирифта, кор пайдо кардаанд. Дар хоҷагии деҳқонӣ низ кор мекунам Муҳим хоҳиш бошад, ҳамааш мешавад. Маошам зиёда аз 400-сомонӣ аст”.

Фаридун Каримови 28-сола, 9 соли умрашро дар зиндон гузарондааст. Барои дуздӣ ва ҷалби ноболиғон ба дуздӣ ҷазо гирифт. Ҳоло ки авф шудааст, барои издивоҷ омодагӣ мегирад. Дар хоҷагии кишоварзӣ ба кор шуруъ кардааст ва 450 сомонӣ мегирад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Вақте аз зиндон баромадам, ба идораи шуғли аҳолӣ рафтам. Се маротиба кӯмак мекунанд, ман як маротиба кӯмакпулӣ гирифтам, бояд ду бори дигар бигирам.”

Маҳбусони собиқ мегӯянд, барояшон пайдо кардани кор мушкил аст ва на ҳама баъди берун омадан аз зиндон роҳи зиндагиро ба осонӣ пайдо мекунанд. Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, танҳо дар се моҳи ахир 15 маҳбуси собиқ баъди афв ҷиноят карда, ба зиндон баргаштаанд.

Зиндониёни собиқ ҷойи кор меҷӯянду ба сахтӣ меёбанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Аз 1 ҳазору 800 нафаре, ки дар вилояти Хатлон тибқи қонуни афв озод шудаанд, танҳо 27 нафарро мақомот бо ҷойи кор таъмин кардаанд. Қонунро охири соли гузашта қабул карданд.

Қобилҷон Файзуллозода, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар ин бора мегӯяд: “Онҳо табақаи осебпазир, ки ҳастанд, бо корхонаҳо суҳбат кардем ва гуфтем, ки ба кор таъмин намоянд онҳоро.” Вале бисёр кам корхонаҳое пайдо мешаванд, ки зиндонии собиқро ба кор бигиранд, чун ба гуфтаи ҷомеашиносон ба онҳо чун “ҷинояткор” нигоҳ мекунанд.

Ба қавли ҷомеашиносон аз ин сабаб онҳо аз нигоҳи ҷомеа ҳарос доранд. Амонҷон Муҳиддинов, ҷомеашинос дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Онҳо дар маҳбас ислоҳ шудаанд. Подоши амали худро гирифтаанд. Мехоҳанд, кор пайдо карда, зиндагии худро пеш баранд, вале аз тарафи корфармо боварӣ ба онҳо хеле кам аст.”

Созмонҳое, ки бо маҳбусони собиқ кор мекунад, мегӯянд муносибати мардум, боварӣ надоштан ба онҳо ва мушкил дар таҳияи санад аз монеаҳои бозгашти зиндониёни собиқ ба зиндагии маъмулӣ аст. Мақомот низ инро тасдиқ мекунад ва мегӯянд, ки пайдо кардани ҷойи кор барои онҳо душвор аст.

XS
SM
MD
LG