Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздоштшудаи Сурия: "Ман Гулмурод Ҳалимовро ҳам дида будам". ВИДЕО


Садои як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Абдулаҳад Назаров, ки пештар солҳо дар Русия муҳоҷири корӣ буд, акнун аз Сурия, аз боздоштгоҳи нерӯҳи мухолифи режими Башор Асад баланд шуд.

  • Хабаргузории “Ройтерс” рӯзи 10-уми апрел гузоришеро дар бораи Назаров нашр кард, ки худро ба размандагони курд дар Сурия таслим кардааст ва дар яке аз боздоштгоҳҳои Неруҳои Демократии Сурия қарор дорад.
Мехостам, убур кунам, ҳатто ҳукумати Тоҷикистон аз ин бохабар аст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, аз боздошти Абдулаҳад Назаров дар Сурия хабар надоштанд. Дар гуфтугӯ бо хабарнигори “Ройтерс” Назаров мегӯяд, ба «Давлати исломӣ» савганди садоқат надод, барои ҳамин ӯро чанд дафъа зиндонӣ карда буданд. Ӯ дар ин мусоҳиба мегӯяд, се бор талоши фирор аз ҳудуди таҳти назорати "Давлати исломӣ" кард, вале боздошт шуд.

Абдулаҳад Назаров дар ин мусоҳиба мегӯяд: “Мехостам, убур кунам, ҳукумати Тоҷикистон аз ин бохабар аст. Гуфтанд, биё таслим шав, мо туро афв мекунем.”

Таслим шудани ҷавони тоҷик ба размандагони курд дар Туркия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ Абдулаҳад Назаров аз тариқи хешовандонаш барои бозгашт ба ватан муроҷиат карда буд, вале рӯзи дақиқи муроҷиатро ёд надоранд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, маълум нест, ки он замон ӯ дар сафи ДИИШ буд ва ё не.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки Назаров охири соли 2015 аз Русия ғайб зад ва аввали соли 2016, пас аз тамосҳои ӯ бо пайвандонаш мақомот маълум карданд, ки ӯ дар Сурия аст.

«Аксҳо ва дигар далелҳо пайдо шуд, ки воқеан ӯ дар сафи ДИИШ қарор дорад. Нисбаташ моҳи феврали соли 2016 бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноятӣ (Зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд» - гуфт, ҳамсӯҳбати мо.

Эҳсоси пушаймонӣ ё худсафедкунӣ

Абдулаҳад Назаров дар ин сӯҳбат мегӯяд, ки дар Маскав ронандаи таксӣ будааст ва моҳи гузашта дар шаҳри Бағуз, такягоҳи охирини ДИИШ дар Сурия худро ба размандагони курд таслим кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2014 эълон карданд, нафароне, ки аз узвият дар ДИИШ пушаймон шуда ихтиёран ба ватан бармегарданд, афв мешаванд. Шарт ҳам ин аст, ки агар ин нафар дар ҷангҳо ширкат накарда бошад.

«Ройтерс» менависад, ки мусоҳиба дар урдугоҳи Рмейлин зери назари аъзои Неруҳои Демократии Сурия, ки аз размандагони курд иборат аст, сурат гирифт ва гуфтаҳои Ройтерс наметавонад, дурустии гуфтаҳои уро собит кунад.

Тӯҳфа Искандарова, вакили маҳаллаи Бинокорони шаҳри Ваҳдат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳузури ин ҷавон дар Сурия чор сол пеш хабар ёфтанд. Ӯ гуфт, қабл аз сафар ба Русия ин ҷавон бо гуноҳи авбошӣ як сол зиндонӣ шуда буд.

«Наздиконаш мегуфтанд, ки гуноҳ надорад ва дар як занозанӣ мехост, ду гурӯҳро аз ҳам ҷудо кунад, вале худашро зиндон карданд. Пас аз озод шудан ба Русия рафт ва ҳамин тавр хабараш аз Сурия омад» - гуфт, Туҳфа Искандарова.

Ба гуфтаи вакили маҳалла, борҳо дар бораи Абдулаҳад бо падару модараш сӯҳбат кардааст. Ӯ гуфт: «Хонаводаи бообрӯ буданд. Бобояш иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ буд. Ин бача чӣ гуна ба доми тундгароҳо афтод, ҳайронем».

Тифлон аз гуруснагӣ мемурданд

​Абдулаҳад Назаров, ки бо чечендухтаре издивоҷ кардааст, дар бораи зиндагӣ дар қаламравҳои зери назорати ДИИШ мегӯяд: "Кӯдакон ҳалок шуданд, бисёр тифлон аз гуруснагӣ мурданд. Чизе барои хӯрдан набуд. Ду тифли ман ҳам мурд."

Ӯ мегӯяд, ки дар сафи Давлати исломӣ наҷангидааст, ҳарчанд ба қавли «Ройтерс» дар суҳбаташ ихтилофот вуҷуд дошт. Ройтерс аз қавли ҷавони тоҷик навиштааст, барои он ба Сурия омад, то замини Хилофатро бубинад ва ба мардуми ситамдидаи ин кишвар кумак кунад.

"Гулмуродро дар интернеткафе дидам"

Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

​Абдулаҳад Назаров дар суҳбат бо «Ройтерс» гуфтааст, ӯ Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи фирории тоҷикро як дафъа дар як интернеткафе, ки ҷангҷӯён ба он зиёд мерафтанд, дидааст.

Ба эътиқоди ӯ, Гулмурод Ҳалимов дар ҷангҳо кушта шудааст.

Баъди зуҳури гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар соли 2014, бештар аз 1900 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ аз ҷумла Давлати исломӣ пайвастанд.

Садҳо нафар аз онҳо дар ин ҷангҳо ҳалок шуданд ва сарнавишти онҳое, ки ҳам зинда мондаанд, маълум нест.

Шарҳҳоро бинед (17)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG