Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи "менингит" дар Қазоқистон, Тоҷикистонро тарсонд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон аз бими сирояти бемории “илтиҳоби мағз” ва ё менингит дар фурудгоҳҳо чораҳои беҳдоштии иловагӣ андешидаанд.

Айни замон нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ дар фурудгоҳҳо амал мекунанд ва омаду рафти мусофирон аз Қазоқистон ба Тоҷикистонро назорат мебаранд. Мизроб Низомов, сардори Сарраёсати амнияти санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ рӯзи 8 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, чораҳои изофиро баъди хуруҷи ин беморӣ дар Қазоқистон андешидаанд.

Чаро таби мусофиронро дар фурудгоҳи Душанбе месанҷанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:34 0:00

Ӯ афзуд, ки “Мо дар гузаргоҳҳо нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ боз кардем ва ҳамчунин дастгоҳе гузоштаем, ки ҳарорати бадани мусофирро маълум мекунад. Кормандони мо дар сурати мушоҳидаи таби баланд мусофирро муоина мекунанд ва вобаста ба натиҷаи ташхис мусофир ба беморхона фиристода мешавад.”

Ба гуфтаи Мизроб Низомов, то кунун ҳеҷ мавриди сирояти ин бемории хатарнок дар Тоҷикистон сабт нашудааст. Мусофирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қазоқистон зиёд аст ва ҳафтае як маротиба садҳо нафар байни ду кишвар равуо мекунанд.

Муҳаммадалӣ Табаров
Муҳаммадалӣ Табаров

Муҳаммадалӣ Табаров мудири шӯъбаи бемориҳои сироятии вазнини Сарраёсати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ гуфт, мақомоти беҳдоштӣ аз хуруҷи бемории “омоси мағз” яъне менингит дар Қазоқистон огоҳ ҳастанд ва барои ҷилавгирӣ аз эҳтимоли сирояти он назорати мусофирон дар фурудгоҳро ҷиддӣ ба роҳ мондаанд.

“Дар фурудгоҳ утоқҳои нигоҳдории беморро дорем ва аз ҷониби мутаххасисион назорат бурда мешавад, вазъи саломатии мусофирон санҷида мешавад. Мо чунин таҷриба дорем ва қаблан баъди хуруҷи беморӣ дар Афғонистон ҳамаи гузаргоҳҳо таҳти назорат қарор гирифта буд”- гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Ҷаноби Табаров афзуд, то кунун , ягон шаҳрванди Тоҷикистон ва ё ҳар мусофире. ки аз Алмаато ва дигар шаҳрҳои Қазоқистон ба инҷо меояд ба беморӣ гирифтор нашудааст.

Кормандони мо дар сурати мушоҳидаи таби баланд мусофирро муоина мекунанд ва вобаста ба натиҷаи ташхис мусофир ба беморхона фиристода мешавад.

Дар чанд моҳи гузашта дар Қазоқистон дар натиҷаи гирифторӣ ба илтиҳоби мағз 13 нафар ҳалок шуданд. Вазорати тандурустии ин кишвар гуфт, дар шаҳрҳои Алмаато, Қизилорда ва вилояти Қазоқистони ҷанубӣ дар умум 59 нафар аз ҷумла 21 кӯдаки то 14-сола мубталои илтиҳоби мағз шудаанд.

Ҳафтае аз Тоҷикистон ба шаҳри Алмаато 5 ҳавопаймо парвоз мекунад. Қазоқистон ҳамчунин баъди Русия дуввумин кишвари бузурги муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст ва дар онҷо ҳазорон нафар аз шаҳрвандони тоҷик кор мекунанд.

Танҳо дар соли 2017 ба бештар аз 13 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Қазоқистон рафтаанд. Аз ин рӯ ба гуфтаи мақомоти беҳдоштӣ, андешидани тадобири иловагӣ барои пешгирӣ аз сирояти бемории илтиҳоби мағз ба Тоҷикистон зарур аст.

XS
SM
MD
LG