Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Қирғизистонро ба сохтмони КПП дар қитъаи баҳсӣ муттаҳам кард. Бишкек шарҳ надод


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба сохтмони КПП – посгоҳи назоратӣ – дар як минтақаи, ба гуфтаи онҳо, баҳсӣ ва дар роҳи байни Исфара ва Ворух муттаҳам карданд. Бишкек дар ин бора расман чизе нагуфтааст. Аммо Хадамоти марзбонии Қирғизистон сокинони Тоҷикистонро ба корҳои сохтмонӣ дар минтақаи баҳсии байни Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак муттаҳам кардааст.

Ҳоло байни шаҳри Исфара ва ҷамоати Ворух роҳи мустақил вуҷуд надорад. Роҳ аз байни деҳаи Оқсойи вилояти Бодканди Қирғизистон мегузарад ва дар гузашта Бишкек ин масирро борҳо бастааст.

Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, рӯзи 15-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба иттилои онҳо, дар ҳоли ҳозир ҷониби Қирғизистон барои сохтмони КПП "чаҳор вагон масолеҳ овардааст".

Як манбаи дигар аз Исфара бе зикри номаш гуфт, дидбонгоҳ дар роҳи байни Исфара ва Ворух сохта мешавад ва эҳтимоли мушкил шудани равуо вуҷуд дорад. "Ин кори ҷониби Қирғизистон бар хилофи протоколи соли 2014-ум аст, ки ҳамагуна сохтмонро дар минтақаҳои баҳсӣ ё номуайян қатъиян манъ кардааст. Бояд ҷонибҳо дар ин бора ба мувофиқа мерасиданд", -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Бино ба иттилои дарёфтӣ рӯзи 14-уми сентябр ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон низ дар ин бора дар марз гуфтугӯ кардаанд. Ҳайати Тоҷикистонро вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода роҳбарӣ кардааст. Ҷузъиёти он ҳанӯз дастрас нест.

"Рӯзи якшанбе муовини раиси вилояти Суғд ба марз рафт ва ин масъаларо бо ҳамтои қирғизи худ баррасӣ мекунад", -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол, Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон, рӯзи 15-уми сентябр дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз ҷамоати Ворух ба унвони ҷазирақаламраве дар ҳудуди вилояти Бодканд ном бурдааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Ворух ҳеч гоҳ анклав набуд.

Раззоқов гуфтааст, Тоҷикистон талош дорад, аз Исфара ба Ворух долон ё роҳраве бисозад, ки ба қавли ӯ “имконнопазир аст”. “Мо ба сохтмони долон иҷоза дода наметавонем, барои он ки дар он ҷо деҳаи Оқсойи мо ҳаст», -- афзудааст ӯ.

Иқбол Илёсзода мегӯяд, Тоҷикистон дар талоши сохтани долон нест, балки бар асоси протоколи байниҳукуматии соли 2014 ҳақ дорад, роҳи мустақили Исфара-Ворухро созад. Аммо сохтмони роҳ ҳанӯз оғоз нашудааст.

Баҳси Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз тайи моҳҳои ахир бештар шудааст. Ду тараф якдигарро ба истифодаи заминҳои ба истилоҳ баҳсӣ ё номуайян айбдор мекунанд. Ҳатто дидору мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар тобистони имсол дар марз ба ин баҳсҳо хотима надод.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъйин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Манобеи наздик ба музокироти марзӣ мегӯянд, Қирғизистон ба тақрибан 2,5 ҳазор гектар замин дар қаламрави Тоҷикистон даъво дорад. Тоҷикистон ба навбати худ иддао дорад, ки дар натиҷаи иҷорадиҳии заминҳои кишту чарогоҳ, ки байни ҷумҳуриҳои “дӯст ва бародар”-и Шӯравӣ як амри маъмул буд, имрӯз камаш 143 000 гектар заминаш дар Қирғизистон мондааст.

Шарҳҳоро бинед (23)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG