Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "Боғи Сомон" бо гуруҳе аз деҳқонони Турсунзода. ВИДЕО


Гурӯҳе аз деҳқонони ноҳияи Турсунзода шикоят доранд, ки заминҳои онҳоро, ки ягона манбаи даромаду таъмини рӯзгорашон аст, хоҷагии деҳқонии маъруфи "Боғи Сомон" аз дасташон гирифтааст. Вале раҳбарони ин ниҳод иттиҳомро рад мекунанд.

Хоҷагии деҳқонӣ ба хонаводаи Камол Мадумаров, маъруф ба Ҳоҷӣ Камол тааллуқ дорад, ки дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мева аз ҷумла ангур таъмин мекунад.

Дар хоҷагии "Боғи Сомон" гуфтанд, иддаои деҳқонон асос надорад, чун қитъаҳои замине, ки мавриди баҳс қарор гирифтааст, дар асл аз хоҷагии "Боғи Сомон" буд. Ба гуфтаи намояндагони ин хоҷагии деҳқонӣ, қитъаҳои замин солҳо дар истифодаи дигар кишоварзон қарор дошт ва ҳоло хоҷагӣ мехоҳад, ҳаққи худро соҳиб шавад.

Ғаниҷон Раҳимов, сокини ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови Турсунзода рӯзи 24 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 9 сотих замини президентии ӯро, ки дар он картошкаву бодиринг ва гандум мекорид, масъулини идораи заминсозии Турсунзода гирифта, ба хоҷагии “Боғи Сомон” додаанд. Ҳамсӯҳбатамон гуфт, ки санадҳои заминро дорад, вале талошҳояш барои аз даст надодани порчаи замин бенатиҷа мондааст.

Заминҳои бобоиамонро мегиранд

Ҳабибулло Ҳасанов, аз деҳқонони дигари деҳоти Ҷӯра Раҳмонов афзуд, аз соли 1995 инҷониб дар 12 сотих замине, ки аз ҳисоби заминҳои президентӣ ба хонаводаи онҳо додаанд, кишту кор мекунанд ва ҳоло ин қитъаи заминро Ҳоҷӣ Камол аз онҳо гирифтанист.

Баҳс се моҳ боз идома дорад.
Баҳс се моҳ боз идома дорад.

Ҳабибулло Ҳасанов мегӯяд, агар замини кишташонро бигиранд, дигар аз манбаи даромад маҳрум мешавад: “Падари 84-солаам Ҳасан Каримов аз сини 14-солагияш дар колхоз кор кардааст, соли 95-уми ба онҳо замини президентӣ дода шуд, дар бойгонии шаҳри Душанбе рафта дидем, номашон аст, сертификат ҳам доранд, лекин имрӯз мегӯянд, сертификатҳои шумо ғайриқонунӣ аст ва заминҳоро гирифта ба “Боғи Сомон” медиҳем. Чаро то ин ин вақт қонунӣ буданду нав ғайриқонунӣ шуданд? Мо аз ҳисоби замин зиндагиро пеш мебарем, ҳоло, ки аз мо кашида гиранд, чӣ кор мекунем дигар?”

Бархе аз деҳқонон гуфтанд, баҳси қитъаҳои замин миёни онҳо ва “Боғи Сомон” се моҳ боз идома дорад. Ба қавли деҳқонон, ҳоло як қисмташон заминҳои худро аз даст додаанд ва қисме дигар ҳам зоҳиран аз даст медиҳанд.

500 гектар мегӯянд, аммо 480 гектар аст

Баҳси замин бо деҳқонон баъди ирсоли як мактуби раҳбарияти “Боғи Сомон” ба мақомоти шаҳри Турсунзода оғоз шудааст. Маҳмадамин Камолов, писари ҳоҷӣ Камол, ки ҳоло раҳбарии “Боғи Сомон”-ро бар дӯш дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, заминҳои хоҷагии онҳо дар ҳуҷҷатҳо 500 гектар аст, вале амалан дар 480 гектар кишту кор мекунанд. Барои ҳамин барои дарёфти 20 гектари дигар ба мақомоти Турсунзодаву идораи замин мактуб навиштаанд.

Баҳси "Боғи Сомон" бо гуруҳе аз деҳқонони Турсунзода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:06 0:00

Маҳмадамин Камолов афзуд, мехоҳад, баҳси замин дар доираи қонун ҳал шавад намуд: “20 гектар камомад шуд ва мо танҳо хостем, ки ҳамин масъала аз лиҳози қонун ҳал шавад. Мо барои 500 гектар андоз месупорем. Барои 20 гектар замине, ки воқеан истифода намебарем, чаро андоз супорем?”

Маҳмадамин Камолов.
Маҳмадамин Камолов.

Маҳмадамин Камолов шарҳи ҷузъиёти баҳси замин бо деқононро ба ӯҳдаи идораи замини Турсунзода гузошт ва гуфт, ҳадафи гирифтани заминҳои кишти дигар деҳқононро надошту надорад.

Сӯҳроб Каримов, муовини раиси Кумитаи идораи замин дар шаҳри Турсунзода мегӯяд, баъди дастрас намудани мактуби “Боғи Сомон” санҷиданд ва маълум карданд, ки воқеан ҳам камомад дар ҳудуди 20 гектар дар заминҳои “Боғи Сомон” вуҷуд дорад.

Натиҷаҳои санҷиш чӣ нишон дод

Ӯ афзуд: “Бо назардошти ҳуҷҷатҳое, ки солҳои 1995 -1997 барои ҷудо кардани заминҳои президентӣ дода шудааст, тафтиш кардем. Муайян намудем, ки заминҳои ҳаммарз бо ин хоҷагиро баъзе шаҳрвандон 15-20 сол бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда истифода бурда истодаанд. Замини ҳамин нафаронро, ки дар рӯйхати заминҳои президентӣ номашон нест, ба хоҷагӣ гузаронидем. То ҳол беш аз 5 гектар заминро, ки ғайриқонунӣ дар истифодаи дигарон қарор дошт, ба хоҷагии “Боғи Сомон” баргардонидем. Ба ин масъала додгоҳи Турсунзода баҳои ҳуқуқӣ додааст. Ҳоло барои баргардонидани заминҳои боқимонда ба хоҷагӣ, корҳо идома доранд”.

Дар нусхаи қарори додгоҳи Турсунзода, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, дар робита ба баҳси гурӯҳе аз деҳқонон ва “Боғи Сомон” гуфта шудааст, ки “ҷавобгарон гарчанде, ки замини президентиро истифода баранд ҳам, вале заминҳои худро ба қайди Кумитаи идораи замин нагузоштаанд, бинобар ин аз ҷониби ҷавобгарон худсарона ва ғайриқонунӣ заминҳои баҳсӣ мавриди истифода қарор дода шудааст”.

Сӯҳроб Каримов, муовини раиси Кумитаи идораи замин дар шаҳри Турсунзода.
Сӯҳроб Каримов, муовини раиси Кумитаи идораи замин дар шаҳри Турсунзода.

Бар асоси қарори додгоҳ, исми деҳқононе, ки дар руйхати тасдиқшудаи солҳои 1995-1998 барои тақисим заминҳои президентӣ вуҷуд надорад, «аммо беасос соҳиби сертификати замин шудаанд, сертификатҳояшон бе эътибор дониста мешавад.»

Бархе аз деҳқонони ҷамоати Ҷӯра Раҳмонови Турсунзода, ки барои аз даст надодани заминҳои худ талош доранд, мегӯянд, падару бобоҳои онҳо солҳои зиёд дар колхоз кор кардаанд ва заминҳое, ки аз бузургонашон ба онҳо мерос мондааст, касе ҳақ надорад, азони худ кунад.

Як мақоми баланпоя дар Кумитаи замин, ки аз баҳсҳо миёни деҳқонону хоҷагии “Боғи Сомон” дар ҷараён аст, гуфт, Ҳоҷӣ Камол барои гирифтани 20 гектар замине, ки атрофи заминҳои хоҷагии деҳқонияш ҷойгиранд, зиёд пофишорӣ кардааст.

Камол Мадумаров, аз таъсисдиҳандагони ин хоҷагӣ яке аз нафарони бонуфузу боэҳтиром дар шаҳри Турсунзода ба ҳисоб меравад. Сӯҳбату мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон чанд маротиба аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шудааст. "Боғи Сомон" соли 2008 ташкил шуда, яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор меравад.

Шарҳҳоро бинед (15)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG