Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти норӯшани "У" ва "Ӯ". Баҳсҳои кӯҳна дар тарҳи нави имлои тоҷикӣ


Маросими таҷлили рӯзи забони тоҷикӣ дар Душанбе. 4 октябри 2019
Маросими таҷлили рӯзи забони тоҷикӣ дар Душанбе. 4 октябри 2019

Намояндагони Академияи илмҳо ва Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон тарҳи нави қоидаҳои имлои забони тоҷикиро омода кардаанд, вале ба эътирофи бархе аз аъзои гуруҳи корӣ дар лоиҳаи нав низ ба баҳсҳои кӯҳна нуқта гузошта нашудааст. Аз ҷумла, дар масъалаи "у" ва "ӯ".

Мақомот мегӯянд, қарор аст, матни қоидаи нави имло пеш аз тасвиб дар матбуот пурра нашр карда шавад, то сокинон ҳам назари худро дар ин бора баён кунанд.

Бибигул Назарова, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе, мегӯяд, нофаҳмиҳо дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ солҳои охир раванди таълими шогирдонро душвор кардааст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, мутахассисон то ҳол наметавонанд ба муаллимони мактабҳо тарзи дурусти навишт дар забони тоҷикиро шарҳ диҳанд.

Хонум Назарова афзуд: "Дар дарсҳои такмили ихтисос як устоди забони тоҷикӣ як тарзи навиштро дуруст меҳисобад, устоди баъдӣ -- тарзи дигарро. Дар китобҳои дарсӣ низ шаклҳои гуногуни калимаҳо оварда мешаванд. Ин мушкил аз соли 2000-ум боз идома дорад ва кай бесарусомонӣ дар имло хотима меёфта бошад?"

Дар суроғи посух ёфтан ба ин суол ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ рафтем. Боймурод Шарифзода, мудири тозатаъини пажӯҳишгоҳ ба мо гуфт, танҳо дар охири фаъолияти гурӯҳи корӣ ба ин вазифа таъин шудааст ва ба ин далел ҳатто аз як пешниҳодаш барои ислоҳи имлои забони тоҷикӣ сарфи назар кардаанд.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, узви гурӯҳи корӣ, рӯзи 12-уми март гуфт, қоидаҳои ҳозираи имлои забони тоҷикӣ тӯли солҳои зиёд мавриди нигаронӣ буд ва дар ниҳоят мақомоти баландпояи Тоҷикистон водор шудаанд, ки ба ислоҳи қоида иқдом кунанд.

Ӯ гуфт, "ба гурӯҳи корӣ чанд пешниҳод расид ва мо шакли ниҳоии лоиҳаи қоидаҳои имлои забони тоҷикиро ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардем. Вале, бояд иқрор шавам, ки на ҳама аз пешниҳодҳои моро аъзои гурӯҳи корӣ қабул доштанд ва ба ин далел қоидаҳои ислоҳшудаи забони тоҷикӣ ҳамчунон камбудҳо хоҳанд дошт".

Ба гуфтаи донишманди тоҷик, дар тарҳи нави қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳамчунон нофаҳмиҳо дар истифодаи садонокҳои "у", "ӯ", "ӣ" ва ҳарфҳои "ц" ва "ь", ки солҳо пеш аз алифбои тоҷикӣ ҳазф шудаанд, боқӣ мондааст.

Абдунабӣ Сатторзода изҳори умед кард, ки қабл аз тасвиб матни қоидаҳои ислоҳшуда дар матбуот нашр мешавад ва сипас бо дарназардошти пешниҳодҳои сокинон онро қабул хоҳанд кард.

Саодатшоҳ Матробиён, роҳбари гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, "дар маҷмӯъ, барои ислоҳи қоидаи имло беш аз 50 пешниҳод ворид шуд. Гузашта аз ин, бахшҳои забоншиносии донишкадаҳои кишвар гузоришҳои ҷудогона доданд. Мо талош кардем, дар тарҳи ислоҳи имлои забони тоҷикӣ, ки онро кумита таҳия кардааст, бештаре аз духӯрагиҳо дар имлои ҳозира бартараф шаванд. Ҳамакнун тасмими ниҳоиро Ҳукумати Тоҷикистон мегирад".

Забони тоҷикӣ дар пайи пойфишориҳои бардавоми зиёиёни тоҷик 22-юми июли соли 1989 мақоми давлатӣ гирифт. Дар ин муддат қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ду бор таҳрир хӯрд.

Охирин қоидаи имлои забони тоҷикӣ соли 2011 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 4-уми октябри соли гузашта дар маросиме ба ифтихори Рӯзи забон дар Тоҷикистон аз бесарусомонӣ ва дӯхурагиҳои ҷиддӣ дар имлои забони тоҷикӣ интиқод кард ва гуфт, қоидаи имло танҳо барои олимон нест ва барои саводнок кардани мардум бояд ба ҳамаи қишр фаҳмо бошад.

Баҳсҳо атрофи имлои забон ва пешниҳоду талошҳо барои ислоҳи он солҳо боз идома доранд. Ин кӯшишҳо аз он ҷо низ маншаъ мегиранд, ки дар матбуот шаклҳои гуногуни навишт ва истифодаи бемеъёри калимаҳо аз забонҳои дигар ба авҷи худ расид.

Баҳсҳо атрофи истифодаи у-и дароз дар вожаҳои арабӣ ва бахусус пеш аз "ҳ" ва "ъ", ки тибқи қоидаи ахири имлои забон имконнопазир гашт, байни донишмандону забоншиносон ҳам зиёд шуд.

Баҳриддин Камолиддинов, забоншинос ва донишманди тоҷик дар як суҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки қоидаҳои сарфу наҳви забон набояд зуд-зуд дигар карда шаванд, "чун мардум фурсат пайдо намекунанд, ин тағйирҳоро ба хубӣ аз худ намоянд".

XS
SM
MD
LG