Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сорбон Салимовро ба "Кӯктош" бурданд


Сорбон Салимов баъди 1 солу 8 моҳи хидмат бемор баргаштааст.

Додгоҳи минтақаи Кулоб амр дод, як ҷавони 31-солаи тоҷикро, ки баҳори имсол духтари 3-сола ва як зани 53-соларо бо зарби бел кушт, дар шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ муолиҷа кунанд.

Бар асоси қарори додгоҳ, мутахассисони ин шифохона ҳамчунин бояд, хулоса бидиҳанд, ки бемории равонии Сорбон то куҷо ҷиддӣ аст ва оё барои атрофиёнаш хатарнок ҳаст, ё не.

Сорбон Салимов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ду ҳафта боз дар шифохонаи машҳури ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо номи “Кӯктош” маъруф аст, нигаҳ дошта мешавад. Падараш Қодир Салимов рӯзи 19-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ Сорбон Салимов айни замон дар шифохона муолиҷа мегирад ва онҳо мунтазири хулосаҳои додгоҳ дар бораи бемории писарашон ҳастанд.

Яке аз фарзандони Сорбон дигар нест.
Яке аз фарзандони Сорбон дигар нест.

Сорбон Салимов рӯзи 19-уми марти соли 2018 дар остонаи ҷашни Наврӯз бо ҳамла ба аъзои хонавода ва ҳамсоягон чанд оиларо мотамзада кард. Ӯ дар он рӯз бо бел ба сари духтараш Момагули 3-сола зада, ӯро кушт ва духтари дуввуму ҳамсарашро сахт маҷрӯҳ кард.

Баъди ин ҳодиса ӯро боздошт ва ба қатли ду нафар муттаҳам карданд ва муҳокимаи додгоҳиаш рӯзи 11-уми июл шуруъ шуд. Дар додгоҳи минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сабаби амри додрас барои дар “Кӯктош” ҷойгир кардани Сорбон Салимов, рафтори ӯ зимни муҳокимаи додгоҳӣ буд.

Рафтори бадхашмона дар додгоҳ

“Дар рафти мурофиа чанд маротиба яку якбора ҳамаро дашмон дод ва ҳамин сабаб шуд, ки додгоҳ қарор қабул кард, ки ӯро дар бемористон бистарӣ кунанд” , гуфт, як манбаъ дар додгоҳ. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, баъди ду моҳи муолиҷа ва ҳам хулосаи комили табибон дар бораи вазъи равонии Сорбон, додгоҳ дар бораи сарнавишти ояндаи ин ҷавон тасмим мегирад.

Ба гуфтаи додгоҳ, дар рафти тафтишот, ду дафъа Сорбон Салимовро ташхиси равонӣ карданд ва хулоса доданд, ки вазъи равонии ӯ “хуб” аст, вале баъди рафтори бадхашмонааш зимни муҳокима, додгоҳ амр додааст, ташхиси Сорбон дар шифохонаи ҷумҳуриявӣ сурат бигирад. Хулоса барои содир кардани ҳукми ниҳоии додгоҳ зарур аст.

Агар писарам сиҳат мешуд, ҳеҷ гоҳ фарзанди худро ба қатл намерасонд.

Волидони Сорбон мегӯянд, бо вуҷуди онки ӯ дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ дар минтақа сабт буд, мақомоти интизомӣ фарзандашонро баъди ҳамла боздоштгоҳ бурданд ва муддати тулонӣ онҷо нигаҳ доштанд.

“Дар боздоштгоҳ чанд нафарро зад, вале хулоса доданд, ки ӯ сиҳат аст. Дар охир диданд, ки намешавад, бурда бистариаш карданд. Ин кор бояд аз аввал сурат мегирифт, чун ӯ бемор аст ва дар қайди бемориҳои рӯҳии ноҳия буд”, гуфт Қодир Салимов.

Касоне ҷавоб гӯянд, ки писари моро бемор карданд

Волидони Сорбон аз фармондеҳони воҳиди низомии писараш домангир ҳастанд. Онҳо мегӯяд, ҷавони тандурусту солимашонро соли 2009 ба артиш фиристоданд ва ду сол баъд фарзандеро бозпас гирифтанд, ки на падарро мешинохт, на модарро. Ба қавли волидони Сорбон, зоҳиран латукӯб сабаби ба бемории равонӣ гирифтор шудани писарашон шудааст.

Сорбон Салимов солҳои 2009-2011 дар воҳиди низомии 051052 дар шаҳри Душанбе хидмат карда, ба қавли волидонаш, баъди 1 соли 8 моҳи хидмат ба ин ҳол гирифтор шудааст. Пас аз бозгашт аз артиш ва муоинаи тиббӣ, табибони вилояти Хатлон хулоса додаанд, ки ӯ гирифтори “маҷзубияти параноидӣ бо раванди хуруҷманд» аст, ки бемории сахти равонӣ ба ҳисоб меравад.

Бемории ӯ гоҳ-гоҳе хуруҷ мекардааст, аммо рӯзи 19-уми март ва дар баҳор зоҳиран маҷзубияташ авҷ гирифт, ки бе ҳеҷ далел белро гирифт ва ба ҳамсару кӯдаконаш, ки дар байни ҳавлӣ буданд, ҳамла кард.

Аз зарби бел духтари 3-солааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид, духтари дуввум ва ҳамсараш маҷруҳ шуданд. Баъди ин ба кӯча фирор кард ва ба зани ҳамсоя дарафтоду уро ҳам захмӣ кард. Сорбонро билофосила дастгир карданд ва муҳокимааш бо иттиҳоми куштор сурат мегирифт. Ҷинояти сангине, ки дар сар задани он волидони Сорбон на фарзанди худ, балки афсарони воҳиди низомиашро гунаҳкор мешуморанд.

“Агар писарам сиҳат мешуд, ҳеҷ гоҳ фарзанди худро ба қатл намерасонд. Ҷавоби ин ҷиноятро бояд нафароне диҳанд, ки дар бемор кардани писари ман гунаҳгор ҳастанд“ – мегӯяд, Қодир Салимов.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG