Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷсад муҳоҷири тоҷик барои мубталоёни коронавирус шифохона месозанд.ВИДЕО


Дар шифохона бештар аз 2 ҳазор нафар ва 24 соат кор мекунанд.
Дар шифохона бештар аз 2 ҳазор нафар ва 24 соат кор мекунанд.

Дар канори шаҳри Маскав сохтмони беморхонаи махсус барои муолиҷаи гирифторони бемории КОВИД-19 босуръат идома дорад ва бештар аз 500 муҳоҷири тоҷик низ барои бунёди он ҷалб шудаанд.

Беморхона дар масоҳати 43 гектар бо ҷалби ду ҳазор коргар сохта мешавад ва дуртар аз пойтахти Русия ва аз маҳаллҳои аҳолинишин аст. Дар марҳилаи аввал имкони табобати 500 нафарро дорад. Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав рӯзи 10-уми март аз оғози сохтмони беморхона хабар дод. Ба қавли шаҳрдор, барои нигарон нашудани сокинон беморхона дар канори шаҳр бунёд мешавад. Муҳоҷирони тоҷике, ки ба кори сохтмон ҷалб шудаанд, мегӯянд, шабонарӯз дар ду баст кор мекунанд.

Баҳром Раҳимов, яке аз ин муҳоҷирон гуфт, кор бисёр ҷиддӣ аст ва аз корҳое, ки пеш мекарданд, фарқ мекунад. Ӯ афзуд: "Назорат сахт аст ва муносибати корфармоён хубтар аст. Меоянд, илтимос мекунанд, ки тезтар ва хубтар кор кунед. Меҳрубонтар шудаанд".

Панҷсад муҳоҷири тоҷик шифохонаи муолиҷаи КОВИД-19-ро месозанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Баҳром қаблан дар як корхонаи истеҳсоли мебел кор мекард. Ӯ мегӯяд, вақте дӯстонаш аз кори нав хабар доданд ва гуфтанд, ки аз 40 ҳазор рубл болотар маош медиҳанд, он ҷоро тарк кард. Искандар Авазов, ки дар ин сохтмон гурӯҳи 20 нафарии муҳоҷиронро раҳбарӣ мекунад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳама хатари бемориро дарк кардаанд ва масъулияти кор фарқ мекунад.

"Кори мо бетонрезӣ ва арматурабофӣ ҳаст. Аз 7-и саҳар то 8-шаб кор мекунем. Ҷойи хобу хӯрок ҳама таъмин аст" гуфт ӯ. Дар Русия то ҳол тақрибан 500 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд ва як нафар аз ин беморӣ даргузашт. Кишварҳои дунё барои ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус тадбирҳои гуногун менадешанд. Сохтмони чунин беморхона дар Русия низ яке аз ин табирҳо дониста мешавад. То ҳол дар дунё ин вирус беш аз 13 ҳазор нафарро куштааст.

XS
SM
MD
LG