Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби муҳоҷири тоҷик ва фирор бо завлона дар даст. ВИДЕО


Ҳодиса дар канори ин шоҳроҳи пур аз мошин рух додааст.
Ҳодиса дар канори ин шоҳроҳи пур аз мошин рух додааст.

Корбарони Радиои Озодӣ видеоеро ба мо фиристоданд, ки нишон медиҳад, чӣ гуна маъмурони милиса дар Русия як муҳоҷири тоҷикро барои дар канори шоҳроҳ истоданаш калтаккӯб мекунанд.

Дар видеое, ки ҳафтаи гузашта дар канори шоҳроҳи Ярославский сабт шудааст, дида мешавад, ки чӣ гуна як афсари милисаи рус, бо муҳоҷири тоҷик кашмакаш дорад ва дар ҳамин зимн афсари дигаре ба “кӯмаки” ҳамкораш меояд ва муҳоҷири тоҷикро калтаккӯб мекунад.

Муҳоҷири тоҷик муқовимат намекунад ва сипас ӯро ба замин меафтонанд ва ба дастонаш завлона мезананд. Аз ин тарафи роҳ, гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик доду фарёд мебардоранд, ки ба кӯмаки муҳоҷир рафта ӯро аз дасти маъмурони милиса халос кунанд.

Айни замон муҳоҷири дигаре дар дастонаш завлона дар назди мошини пулис истодааст ва ба сӯи афсарони пулис нигоҳ мекунад. Муҳоҷирон бо хитоб ба ӯ мегӯянд, ки агар “документ” надошта бошад гурезад ва баъди муддате муҳоҷири тоҷик бо дастони баста ба пушт мегурезад.

Сабти видео дар лаҳзаи фирор ҳам идома мекунад ва дар он дида мешавад, ки чӣ гуна муҳоҷирон ҷони худро дар хатар гузошта, аз шоҳроҳ, ки мошинҳо дар он бо суръати баланд ҳаракат мекунанд, мегузаранд.

Латукӯби муҳоҷири тоҷик ва фирор бо завлона дар даст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Дар як лаҳзаи кӯтоҳи видео дида мешавад, ки яке аз афсарони пулис, муҳоҷири фирорӣ ва ҳамроҳони ӯро таъқиб дорад. Видео бо расидани фарде ба як маҳалли дуртар ва канори роҳ қатъ мешавад.

Қаблан афсарони ОМОН омада, бачаҳоро зада-зада мебурданд, ё кор мефармуданд ва ё пул гирифта ҷавоб медоданд, ҳоло маъмурони милиса ин корро мекунанд.

Муҳаммад, як муҳоҷири кории тоҷик, ки видеоро ба Радиои Озодӣ фиристод, рӯзи 8-уми июл ба мо гуфт, ҳодиса ҳафтаи гузашта дар маҳалле рух дод, ки муҳоҷирони тоҷик онҷо ҷамъ мешаванд ва кордиҳандандагон омада онҳоро аз онҷо мебаранд.

“Инҷо ҳар рӯз то 200 нафар ҷамъ мешаванд ва афроди алоҳида омада онҳоро барои корҳои муваққатӣ киро мекунанд. Қаблан афсарони ОМОН омада, бачаҳоро зада-зада мебурданд, ё кор мефармуданд ва ё пул гирифта ҷавоб медоданд, ҳоло маъмурони милиса ин корро мекунанд.”

Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷире, ки маъмурони милиса латукӯб мекунанд, “марди 40-солаи хубе аст, ки бечора барои кор омадааст”. Муҳаммад афзуд, ному насабашро намедонад, вале медонад, ки муҳоҷире аз минтақаи Кулоб аст.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ эътироф кард, ки дар воқеъ истодан дар канори шоҳроҳи Ярославский мумкин нест, вале муҳоҷирон аз ночорӣ барои пайдо кардани рӯзӣ худро ба ҳар ҷойе мезананд.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ва раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Этмос” рӯзи 8-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, канори шоҳроҳи Яровславский аз солҳои пеш мисли мардикорбозор аст, ки онҷо муҳоҷирон ҷамъ мешаванд ва афроди алоҳида омада, онҳоро барои корҳои муваққатӣ мебаранд. Айни замон ба қавли ӯ худи ҳузури муҳоҷирон дар ин маҳал ғайриқонунист.

“Дар вилояти Маскав чаҳор минтақа аст, ки ҳузури хориҷиён дар онро дар солҳои 93 ва ё 94 мамнӯъ карданд. Барои рафтан ба онҷо иҷозатномаи Хадамоти амниятӣ лозим аст. Мо борҳо муроҷиат кардем, ки ҳади аққал ҳамон нақшаи минтақаҳои мамнӯъро ба мо диҳед, ки ба муҳоҷирон бигӯем, онҷо нараванд, намедиҳанд, мегӯянд, ки ин нақшаи махфист” - гуфт, Каримҷон Ёров.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари мақомоти пулиси Русия дар бораи ҳодиса натиҷа надод.

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ҳамчунин гуфт, бисёре аз муҳоҷироне, ки дар он маҳалла ҷамъ мешаванд, санадҳои қонунӣ надоранд ва аз ин сабаб ба мушкилоти зиёд гирифтор мешаванд. Баъзеҳоро ҳам баъди боздошт аз Русия ихроҷ мекунанд.

Ба гуфтаи Каримҷон Ёров, мумкин аст, муҳоҷиреро, ки завлона дар даст аз дасти маъмурони пулиси Русия фирор кард, дар сурати боздошти дубора бо иттиҳоми “нофармонӣ ба маъмури пулис ва сарпечӣ аз иҷрои амри ӯ” ҷарима кунанд.

Дар Русия бештар аз 1 миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик кор ва иқомат мекунанд ва бадрафтории маъмурони пулис бо онҳо нав нест. Дар гузашта ҳам гузоришҳое зиёде дар бораи латукӯби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ аз тарафи маъмурони пулиси Русия нашр шудааст.

ШУМО ҲАМ АГАР ВИДЕОИ ҶОЛИБЕ ДОРЕД, МЕТАВОНЕД, БА МО БИФРИСТЕД ВА БА ИН ШУМОРА +420 724 053 959. АЗ ТАРИҚИ ВАЙБЕР, ИМО, ТЕЛЕГРАММ ВА ВОТСАПП

XS
SM
MD
LG