Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кор нест". Соли нобарори муҳоҷирони тоҷик дар Русия


Мавсими нави корӣ дар Русия имсол барои бисёр муҳоҷирони тоҷик чандон бобарор наомад. Муҳоҷирон мегӯянд, ба фарқ аз солҳои қабл пайдо кардани ҷойи кору дарёфти маблағ барояшон мушкилтар шудааст.

Коршиносон мегӯянд, бӯҳрони иқтисодии Русия идома дорад ва мумкин аст даромади муҳоҷирон аз ин ҳам пасттар шавад. То соли 2014 танҳо аз ҳисоби муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар маблағ ворид мешуд.

Баъди аз ҷониби Ғарбу Аврупо таҳрим шудани Русия ба хотири қазияи Қрим ва шурӯи низоъҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина, ин кишвар дучори бӯҳрон шуд ва таъсири он ба даромаду кори муҳоҷирони хориҷӣ ҳам таъсиргузор гардид.

"Русҳо мегӯянд, пул надорем"

Соҳибхон Нурови 33-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даҳ соли ахирашро дар муҳоҷират дар Русия сипарӣ кардааст. Имсол низ Соҳибхон барои дарёфти рӯзӣ ба шаҳри Новосибирски Русия рафт. Соҳибхон таъмиргар аст ва ҳамеша дар бахши сохтмон кор кардааст.

Аммо ба фарқ аз солҳои қаблӣ, мегӯяд, дар ба дари корфармо мегардад, то барояш шуғли хубтаре пешниҳод кунанд. Ба гуфтаи Соҳибхон Нуров, ӯву чанд ҳамдеҳааш имсол ё кор надоранд ва агар бошад ҳам бар ивазаш музди ночизе дарёфт мекунанд.

"Бачаҳо бекор хобанд. Ҳатто вақте бо корфармо барои ягон кор маслиҳат мекунӣ, пагоҳаш занг мезанад, ки як нафари дигарро ёфтааст ва ӯ омода аст корро арзонтар иҷро кунад. Худи русҳо меноланд, ки даромадашон кам аст, наметавонанд моро мисли солҳои гузашта ба кор гиранд",-мегӯяд Соҳибхон.

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, соли гузашта то ин вақт аллакай ба ватан 100-120 ҳазор рубл мефиристонд, аммо имсол 40 ҳазор ҳам равон накардааст. Ба гуфтаи Соҳибхон Нуров, ӯ ягона ноновари хона аст ва агар кори хубтар наёбад, аҳволи пайвандонаш дар Тоҷикистон бад мешавад. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, аллакай чанд ҳамроҳаш кор дар Русияро қатъ карда, ба Қазоқистон ва ё давлатҳои Балтика рафтанд.

Соҳибхон Нуров ягона муҳоҷири тоҷик нест, ки аз коҳиши даромадаш дар Русия шикоят дорад. Ҳадди ақал даҳ муҳоҷири тоҷик аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Радиои Озодӣ айни чунин ҳолатро нақл карданд. Муҳоҷирон аз шаҳри Красноярск, Сургут ва Нефтеюганск гуфтанд, дар дуроҳа мондаанд: ба хотири бекорӣ ба ватан баргашта наметавонанд ва дар ин ҷо низ дурудароз бекор мондан намехоҳанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, бо як назар ба бозор ё биржаҳои мардикорон дар шаҳрҳои Русия метавон фаҳмид, ки имсол тоҷикон чӣ қадар корашонро аз даст додаанд.

"Вақте биржа аз муҳоҷирон пур шуд, донед ки кор нест"

Хоркаш Олимов, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Нефтюганск дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирони тоҷик асосан дар сохтмон кор мекунанд, вале имсол соҳаи сохтмон ҳам дучори мушкил ва пешниҳоди кор ҳам хеле кам шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Олимов, тарҳои бузурги сохтмонӣ имсол дар Нефтюганск зиёд роҳандозӣ нашуд ва аз ин ҳисоб як қисми аъзами муҳоҷирон шуғли даромадноки худро аз даст доданд.

"Кор ёфтан мумкин аст. Муҳоҷирон агар дар сохтмон пул наёбанд, мераванд роҳсозӣ мекунанд, аммо пули он кам аст. Сохтмонҳо бошанд мисли солҳои пеш нест. Кор, ки нашуд, одамон ҷамъ шуда, ба биржа мераванд",-гуфт раиси ҷамъияти тоҷикони Нефтюганск.

Масъулони ҷамъияти тоҷикон дар дигар шаҳрҳои Русия ҳам мегӯянд, бӯҳрони иқтисодӣ ба сатҳи тиҷорату пешрафти бахши соҳибкорӣ таъсири манфӣ гузошт. Қудрати сокинони маҳаллӣ барои харидории манзил кам шуд ва биноан сатҳи сохтмон ҳам коҳиш ёфт.

Оморҳои расмӣ низ ҳокист, ки маблағҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан коҳиш ёфтааст. Тибқи омори Бонки марказии Русия, дар семоҳаи аввали соли равон аз ин кишвар ба Тоҷикистон 462 миллион доллар маблағ интиқол шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 5,1 дарсад камтар аст.

Коршинос: "Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ мебинад"

Омилҳои коҳиши даромади муҳоҷирон дар Русия аз сӯи масъулин ва коршиносон гуногун шарҳ дода мешавад. Аммо ҳамагӣ муътақиданд, ки ин натиҷаи бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия, ки тавони иқтисодии мардуми русро коҳиш дод.

Даниил Кашнитский, таҳлилгари масоили муҳоҷират аз Русия мегӯяд, муҳоҷирони тоҷику узбек ҳоло дар вазъи баде қарор доранд. Зеро муҳоҷирони қирғизу арман ба фарқ аз ҳамтоёни тоҷикашон барои ҳуҷҷатгузорӣ маблағи зиёд сарф намекунанд ва аз ин ҳисоб метавонанд корҳои бо нархи камтар иҷро кунанд.

Аммо Кашнитский мегӯяд, сабаби аслии коҳиши даромади муҳоҷирон ин таҳримҳо зидди Русия ҳастанд, ки ба иқтисоди ин кишвар таъсири сахт расонд.

"Таҳримҳо таъсирашр оҳиста-оҳиста мерасонад. Ширкаҳои бузурги русӣ наметавонанд ба кишварҳои берун бароянд, чун таҳрим аст. Ин албатта ба он оварда мерасонад, ки ба будҷаи Русия маблағи камтар ворид шавад ва бунёди иншоотҳо низ коҳиш ёбад. Дар кулл таҳримҳо имконияти сармоягузорӣ ба тарҳои бузург, ки барои муҳоҷирон кор меофарандро кам мекунад".

Ба қавли ин коршиноси рус, Тоҷикистон дар ҷаҳон ба сегонаи кишварҳое ворид аст, ки аз воридоти пули муҳоҷирон вобастагии зиёд дорад. Ба ин хотир, ин коршинос мегӯяд, коҳиши маблағи муҳоҷирон барои кишвар зарби ҷиддӣ хоҳад дошт.

"Худи русҳо ҳам дар ҳолати бӯҳрон ҳастанд"

Дар ҳамин ҳол, Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, коҳиши даромади муҳоҷирони тоҷик на танҳо дар қисмати шимоли Русия, балки дар дигар шаҳрҳои бузурги ин кишвар низ ба назар мерасад.

Ёров мегӯяд, хароҷоти ҳуҷҷатгузорӣ, иқомат ва дигар харҷҳо барои муҳоҷирон барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия боло рафтааст, аммо дастмуздашон ҳамчунон майли поёнравӣ дорад.

"Нархи патент аз соли 2014 ба ин тараф дуюним маротиба баланд шуд, вале музди меҳнат ё поён рафт ё боло нарафт. Муҳоҷир агар он вақт 30 ҳазор мегирфт, ҳоло ҳам ҳамон маблағро мегирад. Фақат фарқ он, ки он 30 ҳазор агар панҷ сол пеш ҳазор доллар буд, ҳоло панҷсад доллар аст",-таъкид кард Ёров.

Дар маҷмӯъ, Каримҷон Ёров мегӯяд, худи мардуми таҳҷоии Русия феълан дар бӯҳрон ҳастанд ва наметавонанд барои муҳоҷирон кори даромаднок пешниҳод кунанд.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик зиндагӣ мекунанд ва маблағи интиқолии онҳо чархаи асосии иқтисоди Тоҷикистон гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG