Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик Русияро барои Ҷоми Ҷаҳонӣ омода мекунанд


Дар Русия бештар аз миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кору иқомат мекунанд.
Дар Русия бештар аз миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кору иқомат мекунанд.

Муҳоҷирони кории тоҷик, ки бо заҳмати зиёд ва музди кам майдонҳои бозиҳои олимпии зимистона дар Русияро сохтанд, акнун майдонҳои футболе месозанд, ки соли 2018 футболбозони қавии ҷаҳон дар онҳо бозӣ мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз онҳое, ки азми кор дар майдонҳои футболи Русияро доранд, хостаанд, ба иттифоқҳои касаба шомил шаванд, то аз фиреби корфармоёни "беинсоф" эмин бошанд. Аз ҷумла, Иттифоқҳои касабаи кормандони сохтмон мегӯяд, омода аст, ба довталабон, роҳхат ба ҷойи кор бидиҳад, ки хатари фиреб хӯрдан онҷо камтар аст.

"Корро ташкил кардем, ки аъзои иттифоқи касаба шаванд. Барои ҳамин, муҳоҷиронро хабардор кардем, ки агар ҳамонҷо рафтанӣ бошед, назди мо оед, то ба шумо роҳхат медиҳем. Дар ин ҳол маошашонро мегиранд. Масъалаи хобгоҳу дигарро иттифоқҳои касабаи Русия ба гардан мегиранд," - мегӯяд Аноятшо Муборакшоев, раиси ин иттиҳодияи коргарӣ.

Дар майдоне дар шаҳри Нижний Новгород 250 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистону Узбакистон шикоят карданд, ки музди кори думоҳаро нагирифтаанд.

Қарордоди ҳамкории дуҷониба, ки бо Иттифоқҳои касабаи кормандони сохтмони Русия имсол имзо кардаанд, иҷоза медиҳад, ҳуқуқи муҳоҷирон дар майдону иншооти варзишӣ лозим барои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2018 риоят шавад. Вале фақат он муҳоҷирони тоҷике, чунин шароит хоҳанд дошт, ки узви Иттифоқҳои касабаи Русия шаванд ва 1 дар сади маошашонро аъзоҳаққӣ супоранд. Муҳоҷирони довталабе, ки мехоҳанд, дар баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол «нақш» дошта бошанд, бо роҳхат ба 11 шаҳри Русия, аз ҷумла Маскаву Санкт Петербург, Самара, Қазон ва Волгоград фиристода мешаванд.

Аноятшо Муборакшоев рӯзи 22-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан 30 дар сади кормандони сохтмонҳое, ки барои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2018 омода мешаванд, тоҷик ҳастанд. Дар воқеъ ба гуфтаи Анна Андреева, як масъули Иттиҳодияи байналмилалии бинокорон дар Маскав, аксари онҳое, ки барои омода шудани Русия ба мусобиқоти ҷаҳонии футбол кор мекунанд, «муҳоҷирони дохилӣ ва хориҷӣ ҳастанд ва корҳои сиёҳро анҷом медиҳанд.»

Ӯ рӯзи 22-уми август ба Радиои Озодӣ навишт, ки «Дар марҳилаҳои аввали корҳои сохтмонӣ муҳоҷирони кории Тоҷикистону Узбакистон ва Туркия кор мекунанд ва шикоят ҳам доранд.»

Ба гуфтаи Иттиҳодияи байналмилалии бинокорон аз аввали сол то кунун муҳоҷирон ба нишони эътироз аз нагирифтани музди корашон 5 дафъа коршиканӣ кардаанд. Аз ҷумла, моҳи гузашта дар майдони футболи шаҳри Санкт-Петербург, ки қарор аст, онҷо як бозии ниманиҳоии ҷоми ҷаҳонии футбол баргузор шавад. Дар майдони дигаре дар шаҳри Нижний Новгород ҳам 250 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистону Узбакистон шикоят карданд, ки музди кори думоҳаро нагирифтаанд.

Иттиҳодияҳои коргарӣ аз ФИФА, Федератсияи Байналмилалии Футбол хостаанд, иҷоза надиҳад, то зимни бунёди иншооти лозим барои мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳуқуқи коргарон ва бахусус муҳоҷирон нақз шавад. Нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар иншооти бозиҳои олимпии зимистона, ки соли 2014 дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд, зиёд дида шудааст. Барои сохтмони иншооти мазкур ҳам ҳазорон муҳоҷири тоҷик сафарбар шуданд.

Ҳюман Райтс Вотч як сол пеш аз баргузории бозиҳо бо нашри гузорише дар бораи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳои иншооти олимпӣ навишт, ки баъзе аз коргарон 12 соат дар як шабонарӯз кор мекарданд. Баъзе пулашонро ҳам намегирифтанд ва фақат дар ду ҳафта як бор истироҳат мекарданд. Аз Иттиҳодияи байналмилалии коргарии бинокорон ба Радиои Озодӣ навиштанд, ки ин созмон саъй дорад, бо шариконаш дар Русия ва Тоҷикистон шароити кори муҳоҷиронро беҳтар кунад.

Аноятшо Муборакшоев низ ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳадафи онҳо узви иттифоқҳои касабаи сохтмончиён кардани муҳоҷирони корӣ ва таъмини шароити дуруст барои онҳост, вале то кунун фақат 20 нафар ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки бисёр кам аст. Ӯ телефон ва суроғаи Иттифоқҳои касабаро барои муроҷиат гузошт, ки инҷо ҳастанд:

Шаҳри Душанбе. Хиёбони Рӯдакӣ, 20.

Шумораи телефон: 221 77 05

XS
SM
MD
LG