Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба ватанат рав ва дар он ҷо кор кун." Ҷанҷоли як пулис бо муҳоҷири тоҷик дар Русия


Абдураҳим Намозов

Абдураҳим Намозов, муҳоҷири тоҷик, дар номаи худ ба Кумитаи тафтишот ва ниҳодҳои дигари Русия аз бадрафтории як маъмури пулиси Маскав шикоят кардааст. Намозов мегӯяд, ҳамааш аз он оғоз ёфт, ки корманди идораи умури дохилии Реутов ӯро дар кӯча боздошт ва қарордоди корашро талаб намуд. Мақомоти пулис дар ин бора шарҳе надодаанд.

"Гуфтам, ки қарордоди кори ман ба шумо чӣ даркор? Гуфт, бояд қарордодро бо худат дошта бошӣ. Огоҳ кардам, ки ин гуфтугузорро сабт мекунам ва ба навор гирифтам. Маро ба шуъба бурда, буғӣ кард, аз гарданам гирифт ва ба як кунҷ бурда бо мушт зад", -- нақл кард ин муҳоҷири тоҷик рӯзи 18-уми октябр ба хабарнигори телевизиони "Настоящее время" дар Маскав.

Маъмурони пулиси Маскав ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Абдураҳим Намозов мегӯяд, корманди шуъбаи умури дохилии Реутов видеоро аз хотираи телефонаш пок кард, вале сабти садоиро надид.

Дар ин сабти садоӣ шунида мешавад, ки маъмури пулис муҳоҷири тоҷикро дашномҳои қабеҳ медиҳад.

  • Пулиси шуъбаи корҳои дохилии Реутов: "Ту (дашном медиҳад) дар кишвари худат нестӣ, фаҳмидӣ? Ту ба ин ҷо ба меҳмонӣ омадӣ.
  • Абдураҳим Намозов: Ман ба ин ҷо барои кор омадам.
  • Пулис: (дашном медиҳад) Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ, ба кишварат рав ва дар он ҷо кор кун ва пулиси кишвари худро ба навор гир. Фаҳмидӣ? (дашном медиҳад)

Худи Абдураҳим мегӯяд, даҳ сол боз дар Русия кор мекунад ва бори аввал аст, ки бо чунин "беқонунӣ" рӯ ба рӯ шудааст. Вай соатҳоеро, ки дар шуъбаи корҳои дохилӣ гузаронд, бо даҳшат ба ёд меорад.

Мегӯяд, пулис ӯро таҳқир кард, ба қафаси синааш чанд мушт зад ва маҷбур кард, ки либоси таҳашро кашад.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷири тоҷик қасд надорад, ки худсарии пулисро ба гӯшаи фаромӯшӣ супорад. Абдураҳим Намозов барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия муроҷиат кардааст. Ҳоло онҳо ба Кумитаи тафтишот ва ниҳодҳои дигар ариза навиштаанд.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, ба телефони боварии раёсати корҳои дохилии вилояти Маскав занг зад. Гӯширо навбатдор Тюрин бардошт. Чупик гуфт, ки кормандони шуъбаи корҳои дохилии Реутов як ҷавони тоҷик ва дар умум мардуми Тоҷикистонро таҳқир кардаанд. Навбатдор ҷавоб дод, ки “хабарро ба раҳбарият мерасонад”.

Пулис дар бораи ин ҳодиса маълумоти дигар намедиҳад. Ба қавли ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик, маъмури пулис чанд банди қонуни ҷиноии Русияро поймол кардааст.

“Қисми дувуми моддаи 330 – худсарӣ, қисми яки моддаи 301 – боздошти ғайриқонунӣ ва қисми яки моддаи 286 – суистифода аз ваколатҳои хидматӣ нақз шудааст”, -- шарҳ дод ӯ.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, рафтори ба гуфтаи онҳо ғайриинсонии баъзе аз маъмурони пулиси Русия бо муҳоҷирон ҳодисаи нав нест. Онҳо бовар доранд, ки ин вазъият ҳосисли маълумоти ками ҳуқуқии муҳоҷирон ва эҳсоси беҷазо мондани кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия аст. Бо ин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқ бовар доранд, ки вазъиятро тағйир додан мумкин аст, агар ба гуфтаи онҳо, муҳоҷирон ҳаққи худро донанд.

Шарҳҳоро бинед (15)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG