Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи талабгорони кӯчидан аз Тоҷикистон ба Русия афзудааст. ВИДЕО


Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе, ки аксари муштариёнаш муҳоҷирон ҳастанд

Навбатпоии дароз дар назди намояндагии Идораи муҳоҷирати Русия дар Душанбе ба як манзараи одӣ табдил шудааст. Дар ин ҷо мардум барои кӯчидан ба Русия ариза месупоранд ва аз суҳбат мегузаранд. Танҳо аз аввали имсол беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои гирифтани шиносномаи Русия ва кӯчидан ба он кишвар дархост додаанд. Онҳо мехоҳанд, аҳли оилаашонро низ бо худ баранд.

Сокинон мегӯянд, асосан бекорӣ онҳоро барои кӯчидан ба Русия маҷбур кардааст, то шароити зиндагии худу фарзандонашонро беҳтар кунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, садҳо ҷойи холии кор ҳаст, вале сокинон баъзан бо баҳонаи камии маош онро қабул намекунанд.

Яке аз сокинони Душанбе дар назди Идораи муҳоҷирати Русия ба мо гуфт, “писарам дар синфи 9 мехонад ва устоди варзиш оид ба якҳарбаи шарқӣ аст. Мехоҳам, дар он ҷо таҳсил ва тамрин кунад.”

«Мехоҳам бо падару модарам ба Русия кӯчам. Ҳадаф дорам, тадқиқоти илмиамро дар он ҷо пеш барам ва барои кору зиндагӣ бимонам», -- гуфт нафари дигаре.

Танҳо чаҳоряки муроҷиаткунандагон муваффақ мешаванд, ки давраҳои санҷиширо гузашта, барои кӯч бастан ба Русия иҷоза мегиранд. Боқӣ ба талаботи барнома ҷавобгӯ нестанд: ё забони русиро дар сатҳи кофӣ намедонанд ва ё маълумоти олӣ ва таҷрибаи зарурӣ надоранд.

Бархеи дигар бино ба сабаби дигар ба барнома шомил намешаванд: онҳо танҳо ба хотири гирифтани шаҳрвандӣ ба ин барнома ариза медиҳанд ва нияти доимӣ дар Русия зиндагӣ карданро надоранд.

Вячеслав Маркевич, раиси намояндагии Идораи муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, «бештари одамон дар вақти суҳбат мегӯянд, мехоҳам шаҳрвандии Русияро ба воситаи барномаи «Ҳамватанон» бигирам. Ҳадафи барнома ин нест. Мо онҳоеро интихоб мекунем, ки ҳадаф доранд кӯчида дар Русия муқим шаванд ва дар он ҷо кору зиндагӣ кунанд. На ин ки бо шиносномаи Русия барои кор ба ин кишвар раванд.»

Афзоиши шумораи тоҷикони хоҳишманди муҳоҷират ба Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00

Шиносномаи русӣ ба муҳоҷирони корӣ барои он зарур аст, ки ҳангоми кор дар Русия ба гирифтани патент ниёз надоранд ва аз имтиёзҳо баҳравар мешаванд. Ҳамчунин мехоҳанд бо ин шиноснома аз озору азияти пулис ва нозирони хадамоти муҳоҷират халос шуда, маошашонро сари вақт бигиранд.

Ҳар сол шумораи хоҳишмандони кӯчидан ба Русия, ки ба мақомоти муҳоҷирати ин кишвар муроҷиат мекунанд, 10-15 дарсад бештар мешавад. Вячеслав Маркевич гуфт, «мо маҷбур шудем реҷаи кори худро тағйир диҳем, то барои муроҷиаткунандагон вақти бештар ҷудо кунем. Рӯйхатгириро аз моҳи август шуруъ кардем. Ин бар иловаи рӯйхатҳои пешина аст. Ҳар моҳ ҳудуди 120 нафар муроҷиат мекунанд.»

Шаҳрвандони Тоҷикистон имкони соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русияро на танҳо тавассути ниҳодҳои давлатӣ меҷӯянд, балки ба ширкатҳои хурди кордиҳанда низ рӯ меоранд.

Сӯҳроб Тошев, мудири ширкати бо кортаъминкунӣ дар Душанбе мегӯяд, «бисёриҳо мехоҳанд ба воситаи кор кардан шаҳрвандии Русияро ба даст оранд. Мо дар ин бобат бо мақомоти муҳоҷират ҳамкорӣ дорем, то ин ки одамон ба ҷойи кор таъмин шаванд, қонунӣ фаъолият дошта бошанд. Танҳо дар ҳамин сурат онҳо метавонанд соҳиби шиноснома шавад».

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Русия дар ин кишвар беш аз 1 миллиону 300 ҳазор тоҷикистонӣ кору зиндагӣ доранд. Касе бо ҳадафи таҳсил дар онҷост, дигарон бо шартнома кор мекунанд ва ё сайёҳоне, ки соҳиби душаҳрвандӣ ҳастанд. Аммо беш аз ҳама муҳоҷирони корӣ ҳастанд, ки аз ним миллион нафар бештаранд.

Бо ин вуҷуд омори дақиқе вуҷуд надорад. Мақомоти Тоҷикистон оморро кам нишон медиҳанд, мақомоти Русия баръакс.

Шарҳҳоро бинед (44)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG