Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҷойи ибодат -таҳсил. Масҷиди ҷӯгиёни Ҳисор мактаб шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шӯъбаи маорифи шаҳри Ҳисор масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи ҷӯгиёндар ноҳияро ба мактаби ибтидоӣ табдил дод. Ҳамакнун дар ин мактаб хонандагони синфҳои 1 ва 2 таҳсил хоҳанд кард. Бархе сокинони маҳалла мегӯянд, ки баъди ба синфхона табдил шудани масҷид, онҳо дигар ҷое барои баргузории маросимҳои ҷаноза надоранд.

Мақомот дар Тоҷикистон, ки солҳои охир назорат бар ҳаёти динии мардумро шадид кардаанд, фаъолияти бодатгоҳҳои ғарирасмиро мамнӯъ эълон карданд. Биноҳои аксар маконҳоеро, ки дар гузашта ҳамчун масҷид истифода мешуданд, ба мактабу макони зисти муваққатии афроди бехона табдил доданд.

Азбаски санад надоштанд, масҷид мактаб шуд

Як намояндаи Шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор рӯзи 21 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди баста шудани масҷиди панҷвақатаи маҳаллаи ҷӯгиҳо бо пешниҳоди мудири мактаби таҳсилоти рақами 111 дар ин масҷид барои талабагони синфҳои 1 ва 2 синфхона ташкил дода шуд ва аз 1-уми сентябр дар ин мактаб талабаҳои хурдсол дарс мехонанд.

Сокинони деҳаи Кучабоғ мегӯянд, тасмими баста шудани масҷиди деҳа соли гузашта аз ҷониби шуъбаи Кумитаи дини ноҳия гирифта шуд. Мақомоти ин ниҳод ба онҳо гуфтанд, ки бо далели камбуди санадҳои расмӣ масҷидро бастанд.

Ҳоҷисамандар Баракаев, раиси собиқи маҳаллаи ҷӯгиҳо мегӯяд, баъди баста шудани дари масҷид онҳо талош карданд, ки ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъоварӣ ва барои сабти расмии муассиса муроҷиат кунанд. Вале дар ниҳоят мақомот онро ба мактаби ибтидоӣ табдил доданд. Аксар муҳассилони ин мактаб ҳам фарзандони хонаводаҳои ҷӯгиҳо мебошанд.

Ҳоло дар куҷо маросими ҷаноза баргузор кунем

Баракаев гуфт, ки ҳарчанд ин муассиса ҳамчун масҷиди панҷвақта амал намекард, вале дар анҷоми мармаросими ҷанозаҳо ва ё маҳали баргузории ҷаласаҳои деҳа хеле созгор буд.

“Мо тарафдори таҳсили фарзандонамон ҳастем, вале то ин вақт онҳо дар мактаби панҷсолаи рақами 111 дарс мехонданд ва мактаб аз деҳа дур набуд. Мехостем ҳамчун масҷид боқӣ монад. Ҳозир ба куҷо равем, маросимҳои ҷанозаро дар куҷо гузаронем, ҳайронем” – гуфт ӯ.

Ҷӯгиҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд
Ҷӯгиҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд

Маҳмурод Одинаев, як ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, аз баҳси маҳаллаи ҷӯгиҳо огаҳӣ дорад. “Бо қарори шуъбаи маорифи ноҳия ва мудири мактаб масҷиди панҷвақтае, ки дараш баста буд , ба талабаҳои хурдсол ҳамчун синфхонаҳо дода шуд. Ин хуб аст, чунки бачаҳо дониш мегиранд. Вале дар айни замон масҷид ҷойи намоз, маросимҳои ҷанозаву дигар маъракаҳост ва агар дар гӯшаи дигар барои онҳо қитъаи замин барои сохтани масҷид дода мешуд, беҳтар буд” – гуфт, Маҳмурод Одинаев.

Аққалияте, ки аз Ҳинд "омадааст"

Сокинони деҳаи Кӯчабоғ мегӯянд, масҷиди панҷвақтаи онҳо панҷ соли гузашта фаъол буд. Ҳоло барои ба масҷидҳои дигар рафтан то се километр роҳро тай кардан лозим меояд.

Дар Тоҷикистон шумораи лӯлиён то 30 ҳазор нафар мерасад. Онҳо дар ноҳияи Варзоб, Шаҳринав, Турсунзода, Ҳисор, Панҷакент, Восеъ ва умдатан дар деҳаҳои алоҳида ба сар мебаранд.

Ба назари таърихшиносон, лӯлиён қавме ҳастанд, ки панҷ-шаш аср пеш аз Ҳиндустон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар мамолики Аврупо ҳиҷрат кардаанд. Дар ҳар кишваре, ки сукунат кардаанд, забони мардуми ҳамон ҷоро пазируфтаанд. Шуғли аслии лӯлитаборон дар Тоҷикистон талбандагист.

XS
SM
MD
LG