Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модар писарашро бегуноҳ, вале муфаттишон "ҷиҳодӣ" мешуморанд


Санавбар Пирназарова

Орзу Саидалиев, сокини ноҳияи Фархор, рӯзи 1-уми апрел бо гуноҳи узвият дар гуруҳи ҷиноӣ ва ифротгаро ва қасди анҷоми амалҳои террористӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомот мегӯянд, ҳукм бар асоси далелҳои мӯътамад, ки гунаҳкор будани ҷавонро тасдиқ мекунанд, содир шудааст.

Санавбар Пирназарова, модари Орзу Саидалиева мегӯяд, писараш иттиҳоми мақомотро, ки гуё ба бинои вазорат ҳамла карданӣ буд, беасос номидааст. Ӯ афзуд, бо писараш пас аз эълони ҳукм дар маҳбас вохӯрд ва ҳангоми мулоқот писараш гуфтааст, ки ӯро барои амали нокарда ҷазо додаанд.

Ба онҳо "ҳа" гуфтааст, ки мекунад, аммо ин корро накард.

Хонум Пирназарова гуфт, Орзу дар ин сӯҳбат ва ҳам дар мурофиаҳои додгоҳӣ изҳор доштааст, ки гуноҳ надорад: “Гуфт, ман ягон гуноҳ надорам, фақат як хато кардам, аммо хатое, ки ба касе зиён нарасондааст.”

Модари Орзу шарҳ надод, ки манзур аз хатои писараш чист ва кадом иттиҳомро дар назар дорад. Санавбар Пирназарова аз кори вакили дифо шикоят кард, ки ба қавли ӯ, натавонистааст, писарашро дар додгоҳ дуруст ҳимоят кунад: “Ман писарамро хуб мешиносам. Он аксу наворҳоеро, ки ба ман нишон доданд, ман гуфтам инҳо ҳама дурӯғанд. Гуфтам, инҳоро худатон кардед. Писари ман гунҷишкро кушта наметавонад.

Айни замон Санавбар Пирназарова гуфт, дар аксу наворҳое, ки ба ӯ нишон доданд, писараш бо автомат ва моддаҳои тарканда дида мешуд.

Санавбар Пирназарова, мегӯяд, воқеан писараш дар ҷустуҷӯи кор ва аз ноогоҳӣ чанд бор бо афроди шубҳанок тамос дошт. Модар аз нақли Орзу мегӯяд, дар Қазоқистон нафаре ба ӯ ваъдаи кор додаву рақами телефонашро пурсидааст. “Рақами телефонашро гирифта, ӯро бо каси дигар пайваст кардааст. Ӯ ҳам ба писарам занг зада гуфтааст, дар телефонаш пул гузаронад, вале Орзу гуфтааст пул надорад. “

"Ба Абӯбакри Бағдоди савганди садоқат додааст"

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 25-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ҷавони 23-солаи тоҷик ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Қазоқистон дар соли 2018 таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ бо аъзои гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" тамос гирифта ва дар ниҳоят ба Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари гуруҳ савганди садоқат додааст ва қасд доштааст, ҳамлаи маргталабона анҷом диҳад.

Ба гуфтаи муфаттишон, ӯ тавассути “Одноклассники”, “Вайбер”, “Имо”, “Телеграмм” бо ифротгароён дар Сурияву Ироқ, аз ҷумла бо Тоҷиддин Назаров маъруф бо номи Абу Усомаи Норакӣ, як узви шинохтаи ДОИШ аз Тоҷикистон, пайваста муошират дошта ва бо дастури ӯ амал мекардааст.

Ба гуфтаи мақомот дар телефони Орзу Саидалиев ду навор пайдо шудааст, ки дар яке ӯ қабл аз даст ба кор шудан ба ДОИШ савганди садоқат ёд кардааст ва дар навори дигар барои модараш паём гузоштааст.

Модараш ҳам мегӯяд, Орзу зимни суҳбат эътироф кардааст, ки дастурҳоеро гирифта буд ва ба онҳо "ҳа" гуфтааст, ки мекунад, аммо ин корро накард.

Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, бо вакили дифои Орзу Саидалиев суҳбат кунад.

Модари Орзу мегӯяд, писараш ҳаққи вуруд ба Русияро надошт, бинобарин барои кор ба Қазоқистон мерафт. Бори охир тобистони соли 2018 барои табобат ба Душанбе омад ва пас аз 3 моҳ боздошт шуд.

Модари Орзу мегӯяд, писараш дониши хуб дошт ва пас аз хатми Литсейи Донишгоҳи технологӣ тасмим дошт, таҳсилашро дар донишгоҳ идома диҳад. Вале ба гуфтаи хонум Пирназарова, вақте ба мактаби олӣ қабул нашуд, дилсард гашта ба муҳоҷират рафт.

Модари Орзу мегӯяд, дар мурофиаи додгоҳӣ вақте аз писараш пурсиданд, ки чаро ба Қазоқистон рафт аз он шикоят кардааст, ки бо ду медали тилло ва дониши хуб дар ватан натавонист, идомаи таҳсил кунад ё барои худ ҷойи кори муносибе пайдо намояд.

Ба қавли муфаттишон, яке аз аввалин дастурҳое, ки Орзу бояд иҷро мекардааст, қатли Сайфулло Ятимов, раиси маҳаллаи Навободи поёни ноҳияи Фархор будааст. Наздикони Орзу Саидалиев мегӯянд, ба онҳо хабар додаанд, ки раиси маҳалла аз болои писарашон ба мақомот шикоят кардааст.

Худи Сайфулло Ятимов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз Фархор, гуфт нисбати Орзу ва хонаводаи ӯ ба ҷое шикоят набурдааст ва ягон хусумат ҳам надошт. Ба гуфтаи Ятимов, ӯро ба мурофиаҳои додгоҳӣ даъват накардаанд то асли ин қазияро бифаҳмад: “Бо ҳамин одам ман ҷанҷол надоштам. Ӯ аз синфи 8 -ум баромада рафтааст. Дар пурсиш ҳам ҳаминро гуфтаам ман. Намедонам, кӣ ба ӯ ин фармонро додааст ва чаро чунин мақсад дошт.

"Аз Абу Усомаи Норакӣ дастур мегирифт"

Яке аз дигар дастурҳое, ки ба гуфтаи муфаттишон Орзу Саидалиев бояд бо қимати ҷонаш иҷро мекард, ҳамла ба бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон будааст.

Дар ҳукми додгоҳи Душанбе омадааст: Назаров (Абу Усомаи Норакӣ) ба ӯ расми бинои Вазорати корҳои дохилиро ирсол намуда, супориш додааст, ки ба ин бино ҳуҷуми мусаллаҳона карда, кормандони милитсияро, бо норинҷак ва автомати Калашников ба қатл расонида, “ҷиҳод”-и ҷониро ба ҷо орад.”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, азбаски ҳаракатҳои Орзу Саидалиевро зери назорат доштанд, ӯро рӯзи 20-уми декабри соли 2018 ҳангоми аз ҷои таъйин кардаи Абу Усомаи Норакӣ гирифтани телефони мобилӣ ва 200 доллар дар соҳили дарёи Душанбе дастгир кардаанд. Маълум нест, ки пул ва телефони мобилро дар инҷо кӣ барои Орзу Саидалиев гузоштааст.

Наздикони ҷавон мегӯянд, он рӯз ҳамроҳ бо Орзу 3 бародари дигарашро ҳам боздошт карданд, аммо баъдан ду нафари онҳо озод шуда, хоҳарзодааш Лоиқ Саидалиев барои пинҳон доштани ҷиноят ва хабар надодан аз ҳаракатҳои ҷиноии Саидалиев ба якуним соли зиндон маҳкум шуд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG