Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 сол барои қасди ҳамлаи маргталабона, ки падар онро "парвандаи сохта" мешуморад


Акс аз бойгонист

Додгоҳи шаҳри Душанбе як ҷавони тоҷикро, ки ба гуфтаи муфаттишон мехост, ба бинои Вазорати умури дохилӣ ҳамла кунад, ба солҳои тулонии зиндон маҳкум намуд. Вале наздикони маҳкумшудагон парвандаро "сохта" унвон мекунанд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе як ҷавони тоҷикро, ки ба гуфтаи муфаттишон мехост, дар бинои вазорати умури дохилӣ ҳамлаи маргталабона анҷом диҳад, ба солҳои тулонии зиндон маҳкум намуд. Орзу Саидалиев, сокини ноҳияи Фархор рӯзи 1-уми апрел бо гуноҳи иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ, қасди анҷоми амалҳои террористӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст.

Аммо падари ин ҷавон мегӯяд, айбномаи писараш Орзу «сохта» буда, дар асоси як шикояти раиси маҳалла барои баҳс сари замин таҳия шудааст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 25-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ҷавони 23-солаи тоҷик ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Қазоқистон дар соли 2018 таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ бо аъзои гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" тамос гирифта ва дар ниҳоят ба Абӯбаки Бағдодӣ, раҳбари гуруҳ савганди садоқат додааст ва қасд доштааст, ҳамлаи маргталабона анҷом диҳад.

Ба гуфтаи муфаттишон, ӯ тавассути “Одноклассники”, “Вайбер”, “Имо”, “Телеграмм” бо ифротгароён дар Сурияву Ироқ, аз ҷумла бо Тоҷиддин Назаров маъруф бо номи Абу Усомаи Норакӣ, як узви шинохтаи ДОИШ аз Тоҷикистон, пайваста муошират дошта ва бо дастури ӯ амал мекардааст.

Аммо Юсуф Саидалиев, падари Орзу Саидалиев, рӯзи 25-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷурме, ки алайҳи писараш эълон шудааст, бовар надорад.Ӯ мегӯяд, писараш барномасоз аст ва барои кор ба Қазоқистон мерафт.

Ба қавли додгоҳ, Орзу Саидалиев зимни гуфтугуҳо бо Абу Усомаи Норакӣ қавл додааст, ки то охири умр ба Абӯбакри Бағдодӣ содиқ мемонад ва “ҷонашро ҳам дар ин роҳ нисор мекунад”.

Муфаттишон гуфтаанд, ки Орзу Саидалиев барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ моҳи августи соли 2018 аз Қазоқистон ба Тоҷикистон баргаштааст ва бо амри аъзои ДОИШ ба тарҳрезии ҳамлаҳо шуруъ кардааст.

Ба гуфтаи падараш, Орзу замоне, боздошт шуд, ки ба сабаби беморӣ аз Қазоқистон ба ватан баргаштаву машғули табобат буд, то саломатияшро барқарор кунад.

Вале ба қавли муфаттишон, яке аз аввалин дастурҳое, ки ӯ бояд иҷро мекардааст, қатли Сайфулло Ятимов, раиси маҳаллаи Навободи поёни ноҳияи Фархор будааст. Дастури дуввум оташ задани хонаи истиқоматии Диловар Муҳиддинов, як фарди сарватманд ва шинохтаи тоҷик будааст, ки дар Русия тиҷорат мекунад.

Тоҷиддин Назаров
Тоҷиддин Назаров

Муфаттишон мегӯянд, ки Орзу Саидалиев ба маҳалли истиқомати ин тоҷир омада ва акси хонаву мошини ӯро бардошта барои тарҳрезии ҳамла ба Абу Усомаи Норакӣ фиристодааст. Вале ин махлумотро бо истифода аз манобеи мустақил санҷидан номумкин аст.

Яке аз дастурҳое, ки ба гуфтаи муфаттишон Орзу Саидалиев бояд бо қимати ҷонаш иҷро мекард, ҳамла ба бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон будааст.

Дар ҳукми додгоҳи Душанбе омадааст: Назаров ба ӯ расми бинои Вазорати корҳои дохилиро ирсол намуда, супориш додааст, ки ба ин бино ҳуҷуми мусаллаҳона карда, кормандони милитсияро, бо норинҷак ва автомати Калашников ба қатл расонида, “ҷиҳод”-и ҷониро ба ҷо орад.”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, азбаски ҳаракатҳои Орзу Саидалиевро зери назорат доштанд, ӯро рӯзи 20-уми декабри соли 2018 ҳангоми аз ҷои таъинкардани Абу Усомаи Норакӣ гирифтани телефони мобилӣ ва 200 доллар дар соҳили дарёи Душанбе дастгир кардаанд. Маълум нест, ки пул ва телефони мобилро дар инҷо кӣ барои Орзу Саидалиев гузоштааст.

Падари Орзу Саидалиев мегӯяд: “Мо хабар надоштем. Як гурӯҳ бо ду мошин омад хонаро ҷустӯҷу карда, сумкаи бача, китобҳои ман ва як корди маро гирифта рафтанд. Баъд Душанбе омадем ва як ҳафта онҳоро ҷустуҷӯ кардем.”

Додгоҳи шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳарчанд Орзу Саидалиев ба мақсадаш нарасид, аммо барои қасди анҷом додани ҷиноятҳои мудҳиш ба 20 соли зиндон ва адои ин ҳукм дар маҳбаси низомаш сахт маҳкум шуд.

Лек Юсуф Саидалиев мегӯяд, баъди боздошти писарон ва наберааш хонавода аз онҳо як ҳафта хабаре надошт ва баъди ҷустуҷӯҳои зиёду дар ниҳоят баъди муроҷиат ба Мансурҷон Умаров, раҳбари Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ба онҳо иҷоза дода шуд, бо писару набера вохӯранд. Ба бовари падар, пои Орзу ва наберааш ба ин қазия дар пайи як баҳси онҳо бо раиси маҳалла бар сари як порча замин кашида шуд.

Лоиқ Саидалиев, яке аз хешовандони Орзу Саидалиев барои пинҳон доштани ҷиноят ва хабар надодан аз ҳаракатҳои ҷиноии Орзу Саидалиев ба якуним соли зиндон маҳкум шудааст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG