Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ: "Ба назари ман ин интихобот поёни гуногунандешӣ аст" ВИДЕО


Муҳиддин Кабирӣ пас аз раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии соли 2010
Муҳиддин Кабирӣ пас аз раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии соли 2010

Интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон аввалин интихоботе мешавад, ки бе ҳузури Ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз аҳзоби мухолиф ва мамнуъшуда сурат мегирад.

Фаъолияти Ҳизби наҳзатро соли 2015 манъ карданд, чун ба гуфтаи додситонӣ ва додгоҳ раҳбаронаш дар ҳидояти ошӯби нофарҷоме даст доранд, ки моҳи сентябри ҳамон сол сурат гирифт ва даҳҳо нафарро кушт. Раҳбарони ҳизб мегӯянд, ин иддао асос надорад ва ҳукумат барои аз саҳнаи сиёсӣ рондани Ҳизби наҳзати исломӣ онҳоро ба ин ҷиноят муттаҳам кардаанд. Дар остонаи интихобот суҳбате доштем бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон аст.

Радиои Озодӣ: Коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ интихоботи порлумонии 2020-ро аввалин интихобот бе ширкати ҲНИТ номиданд. Яке ҳам ин ҳолро баёнгари субот, поёни кашокашҳо ва оғози марҳалаи созандагие номидааст, ки Тоҷикистон ба он ниёз дорад. Назари Шумо чист?

Муҳиддин Кабирӣ: "Назари мо ин аст, ки ин поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш аст ва оғози рафтани кишвар ба самти диктаторӣ ва якҳизбиву якнафарӣ."

Радиои Озодӣ: Изҳороти Паймони Миллии Тоҷикистон, ки мардум ба Ҳизби сотсиал-демократ раъй бидиҳанд, вокунишҳои гуногун ба миён овард, аз ҷумла инро, ки ин ҳизб аз чунин ҳимоят зарар мебинад, то фоида. Мунтақидони Шумо мегӯянд, ҳадаф садо баланд кардану ёдрас кардани худ аст.

Муҳиддин Кабирӣ: "Агар ҳадафи мо ёдрас кардан аз худ мебуд, мо метавонистем, бо баёнияи дигар, яъне бо баёнияи таҳрими интихобот аз худ дарак бидиҳем. Ин мавзӯъро дар Паймони миллии Тоҷикистон хеле тӯлонӣ баҳсу баррасӣ кардем. Ҳама паҳлӯҳоро дидем, аз он ҷумла ин ҳам пешбинӣ мешуд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсус бахши идеологӣ ва таблиғотиаш инро ҳамчун як машруият бахшидан ба интихоботи худ медонанд. Кам набуданд дар дохили паймон касоне ҳам, ки мухолифи чунин мавқеъгирии мо буданд. Аз он ҷумла худи ман дар ибтидо бар он будам, ки мо ба интихобот ҳеҷ таваҷҷӯҳе накунем, чун интихобот шаффоф ва демократӣ нест. Аммо баъд Ҳизби сотсиал-демократ вориди интихобот шуд ва он ҷасоратро кард. Агарчӣ ҳама медонем, ҳам мо, ҳам Ҳизби сотсиал-демократ, ки ин интихобот шаффоф намегузарад, мо як равзанаи кӯчакро хостем истифода кунем, барои онки мардумро боз баргардонем ба ин фикр, ки ягона роҳи мусолиҳатомези тағйири вазъият ин бояд аз тариқи интихоботҳо бошад. Агарчӣ интихоботҳо ғайридемократӣ мегузаранд, мо бояд камтарин имкониятро ҳам истифода барем. Ҳадафи дуюм ва ё омили дуюм, ки мо чаро чунин тасмим гирифтем, ин пуштибонӣ аз Ҳизби сотсиал-демократ аст, ки дар чунин шароити душвор ҷуръат карданд, аз худ ҷасорат нишон доданд ва ман фикр мекунам, ҳайф мебуд, ки оппозитсиюни хориҷ аз ин ҷасорат ва аз ин шуҷоати Ҳизби сотсиал-демократ пуштибонӣ намекард. Бинобар ҳамин ин тасмими мо, тасмими огоҳона буд ва мо интизори ин гуна қазоват ва баҳодиро аз тарафи рақибони худ дорем."

Кабирӣ:"Ба назари ман интихобот поёни гуногунандешӣ аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:51 0:00

Радиои Озодӣ: Ба ҳар сурат, мо дидем, ки Ҳизби сотсиал-демократ аз ин баёнияҳо фосила гирифт. Ва Шумо дар як суҳбате дар шаҳри Варшава гуфтед, ки худатон мухолифи омадани ҳар гуна низоми динӣ ба қудрат ҳастед, чун таърих нишон дод, ки ба ҷое нарасиданд. Чаро пас аз ҳизб калимаи исломиро набардоштед ва бо номи муносибе, ки ҳадафи аслии шуморо инъикос кунад, дар кишвар фаъолият накардед?

Муҳиддин Кабирӣ: "Ин саволи хеле хуб аст. Бале. Воқеан ман ба ин назар ҳастам ва аксари раҳбарияти ҳизб ҳам бар ин назар ҳастанд, ки як ҳукумати теократӣ ё ҳукумат аз номи Худо ба нафъи кишвар нест ва мо муносибтарин сохти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ дар Тоҷикистонро, як кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ медонем. Албатта, дунявӣ бо мафҳуми ғарбӣ, на ба он шакле, ки дар Тоҷикистон онро мехоҳанд, амалӣ кунанд. Аммо мо чаро калимаи исломро аз номи ҳизб набардоштем, чун заминаи таърихӣ дорад, агарчӣ шумо медонед ва аксари коршиносон медонанд, ки ман ҳанӯз дар дохили Тоҷикистон тарафдори он будам, ки калимаи ислом аз номи ҳизб бардошта шавад ва худи устод Нурӣ раҳматуллоҳи алайҳ (Саид Абдуллоҳи Нурӣ – раиси собиқи ҳизб) бар ин фикр дар охирҳо розӣ шуданд. Аммо чун алъон вақте ки мо дар ҳиҷрат ҳастем ва даҳҳо бачаҳои мо бо ҳамин ном зиндонӣ шуданд, бидуни ширкати онҳо тағйир додани номи ҳизб, ман фикр мекунам, як каме беэътиноӣ ба он бачаҳое ҳаст, ки дар зиндон ҳастанд. Мо ин мавзӯъро вогузоштем ба марҳилаҳои баъдӣ, шояд, ки дар оянда чӣ дар ҳиҷрат ва чӣ баъди бозгашт ба ватан мо сари ин мавзӯъ баргардем ва шояд, ки калимаи ислом аз номи ҳизб бардошта шавад."

Радиои Озодӣ: Манзур ин буд, ки чаро дар дохил ин корро накардед, то ин балоҳое, ки гуфтед, ба сари он бачаҳо наоянд?

Муҳиддин Кабирӣ: "Дақиқан мо ин корро мехостем, дар анҷумани ҳизб дар сентябри соли 2015 анҷом бидиҳем. Ҳатто вақте бо мақомоти расмии кишвар дар моҳи марти соли 2015, баъд аз интихобот, мулоқот доштам, онҳо ки шадидан аз номи исломии ҳизби мо метарсиданд, ман гуфтам, мо ду корро дар анҷумани сенятбрии соли 2015 анҷом хоҳем дод. Яке тағйири номи ҳизб аст, дигаре аз мақоми раиси ҳизб рафтани ман, ки шумо роҳаттар бошед. Аммо баъдан дидем, ки онҳо дақиқан панҷ рӯз, ё як ҳафта қабл аз баргузории анҷумани мо чӣ мусибатро ба сари ҳизб оварданд ва онҳо намехостанд, ки ҳизби мо тағйири ном, тағйири барнома кунад ва дақиқан мехостанд, ки бо ҳамин ном ҳизби моро мамнӯъ эълон кунанд. Аммо бубинед, дар идомаи саволи аввали шумо, дар ҷаҳон кам нестанд, аҳзобе, ки дар номашон ишорае ба дин ҳаст, барои мисол дар Аврупо аҳзоби христиан- демократӣ ё дар ҷаҳон ингуна аҳзоб хеле зиёданд. Аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо дар суроғи давлати динӣ нестанд."

Радиои Озодӣ: Шумо дар як суолу ҷавобе бо корбарон дар Интернет, гуфтаед, ки дар сиёсат риё ҷоиз аст. Яъне фарқи байни сухан ва амал ё худ макри сиёсӣ. Он гоҳ асли покизагии динӣ чӣ мешавад?

Муҳиддин Кабирӣ: "Агар ҳизби сиёсӣ аз рӯи меъёрҳои динӣ ҳамчун як ташкилоти динӣ ҳаракат кунад, он гоҳ ин ҳарфҳои шумо дуруст аст. Аммо ҳизби сиёсӣ аз рӯи меъёрҳо ва қоидаҳои ҳизби сиёсӣ амал мекунад. Албатта, ман намедонам, ҳоло ин сӯҳбате, ки ҳоло шумо кардед, дар куҷо гуфтаам, ман ба ҳеҷ ваҷҳ ҷонибдори дурӯғ, фиреб ва назарфиребиву риё дар сиёсат нестам. Аммо худи сиёсат тақозо мекунад, ки инсон, сиёсатмадор, ё ҳизб гоҳо ба хотири манофеи сиёсиаш, гоҳо ба хотири муруннат (нармишпазирӣ) ва ё флексибилитӣ нишон додан, аз баъзе, на ин ки аз арзишҳо, аз баъзе мавқеъҳои худ гузашт кунад, ё ақибнишинӣ кунад, ё онро тағйир бидиҳад. Ман фикр мекунам, ки ин гузашт кардан ва муруннат нишон додан аз худ, ҳеҷ гоҳ ба маънои риё, ба маънои ҳилла, ё макри шаръӣ нест."

Радиои Озодӣ: Бархе аз корбарон ишора мекунанд, ки Шумо ҳокимияти Тоҷикистонро авлодӣ меномед, аммо аз ҳокимияти авлодӣ дар Арабистони Саудӣ ё теократӣ дар Эрон чунин интиқодро намекунед. Оё поймол шудани ҳуқуқи инсон дар ин се кишвар ҳамсон аст? Ё худи шуморо муттаҳам мекунанд, ки хешовандонатон вазифаҳои муҳиме дар ҳизбро дар даст доранд?

Муҳиддин Кабирӣ: "Бале. Бубинед, биёед масъалаҳоро аз ҳам ҷудо кунем. Аввал ин ки банда мухолифи ҳамагуна диктатура ҳастам, чӣ аз номи дин бошад, чӣ аз номи дунявият. Барои мисол шумо аз Арабистони Саудӣ мисол овардед, ман комилан мухолифи он низоми давлатдорие ҳастам, ки дар ин кишварҳо ҳаст. Албатта, ман зидди монархия, ё ҳукумати подшоҳӣ нестам. Хонаводаҳо метавонанд, ки ҳукумати подшоҳӣ дошта бошанд, мисле ки дар Бритониё ҳаст, дар кишварҳои дигари аврупоӣ ҳаст. Аммо монархия, ё ҳукумати подшоҳӣ ба маънои диктатура нест, онҳо ҳам метавонистанд, ки аз як ҳукумати демократӣ бо доштани низоми нимшоҳӣ ё шоҳӣ истифода кунанд. Барои мисол дар Марокаш подшоҳ ҳаст, дар онҷо демократия ҳаст, интихобот ҳаст, аҳзоб ҳаст ва сарвазир ба таври мустақил интихоб мешавад."

Радиои Озодӣ: Посухи шумо ба ин эрод, ки хешовандони шумо дар вазифаҳои муҳими ҳизб ҳастанд, чӣ ҳаст?

Муҳиддин Кабирӣ: "Ман ба ин қисмати саволи шумо мерасам, вале ман мухолифи ҳамагуна диктатура ҳастам, чӣ аз номи дин бошад, чӣ аз номи дунявият. Аммо ба суоли шумо, ки хешовандони мо дар ҳизб ҳастанд. Бубинед, вақте ман дар соли 2006 раҳбари ҳизб интихоб шудам, бародари бузурги ман, ки устоди ман ҳам ҳаст, раиси шӯъбаи ҳизб дар шаҳри Душанбе буданд. Аввалин коре, ки ман кардам, омадам бо бародарам сӯҳбат кардам, гуфтам, биё, худат як зина поинтар бирав ва ӯро аз масъулияти ҳизбӣ дар шаҳр поин овардам. Дигар хешовандони худам, ки то омадани ман дар ҳизб кор мекарданд, аз он ҷумла хоҳарам, то имрӯз ки ман дар мақоми аввали ҳизб ҳастам, мансаби болотар нагирифтаанд. Хоҳарам 15 сол шуд, ки дар ҳамон мақоми корманди шӯъбаи ҷавонони ҳизб ҳаст. Инҳо пеш аз ман ба ҳизб омада буданд, баъд аз он ки ман ба ҳизб омадам, ҳеҷ касе аз хонаводаи ман масъулияти ҳизбӣ нагирифтааст ва ё аз мақоми аввалааш боло нарафтааст, балки поинтар рафтааст. Чӣ гуна он мунаққидон ва ё коршиносон моро муттаҳам ба он мекунанд, ки мо ҳизбро ҳам мисли ҳукумати Раҳмон хонаводагӣ кардем, дар сурате, ки Раҳмон баъд аз он ки ба сари қудрат омад, худаш танҳо буд ва тамоми хонаводаашро баъд овард."

Радиои Озодӣ: Ба ҳар тартиб, агар Шумо ва тарафдоронатон дар интихоботи имсол ширкат мекардед, кадом масъаларо дар садри маъракаи худ қарор медодед, ё шиоратон мебуд?

Муҳиддин Кабирӣ: "Бубинед, табиист, ки мо ширкат надорем, аммо агар ширкат мекардем, мисли солҳои пешина, шиори аслии мо додани озодӣ ба мардум аст. Ман ба ин натиҷа расидам, ки дар Тоҷикистони мо, ки канданиҳои фоиданоки зиёд надорад, нефту газ надорад, он шиоре, ки аввал иқтисод, баъд демократия, ё озодӣ ба дард намехӯрад. Дар Тоҷикистони мо, мисли Гурҷистон, ё кишварҳое, ки нефту газ надоранд, аввал озодӣ, аввал демократия, баъд аз он беҳбудии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хоҳад омад. Яъне шиори мо аввалин иқдом додани озодӣ ба мардум аст."

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG