Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти қабул ба ятимхонаҳо. Санад биёред, ки ятим ҳастанд. ВИДЕО


Ятимхонаи шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Гулсум, зани танҳои 40-сола аз ноҳияи Кушониён, ки дар хонаи падар зиндагӣ мекунад, аз ноилоҷӣ ду фарзандашро ба ятимхонаи Ҷалолиддини Балхӣ чанд сол пеш супурд, то онҷо тарбият бигиранд.

Ҳоло ду фарзанди ноболиғаш барои таътили тобистона ба хонаи бобо омадаанд, вале мумкин аст, дигар инҷо бимонанд, чун ба Гулсум аз ятимхона занг зада гуфтаанд, ки дигар фарзандонашро ба ятимхона наорад, чун оилааш ниёзманд нест.

"Аз ятимхона гуфтанд, ки кӯдакҳоро баред. Ба куҷо бурданамро намедонам."

"Аз ятимхона гуфтанд, ки кӯдакҳоро баред. Ба куҷо бурданамро намедонам, онҳо онҷо зиндагӣ мекарданд ва мехонданд, худам дар хонаи волидайнам ҳастам. Ба ман гуфтанд, ки фармон шудааст, ки бояд фақат ниёзмандон бошанд"- гуфт, ӯ.

Гулсум мехоҳад, ба вазорати маориф ба Душанбе рафта арз кунад, ки иҷоза диҳад, фарзандонаш дар ятимхона бимонанд ва таҳсилашонро ҳамонҷо идома диҳанд, вале бовар надорад, мушкилаш ҳал мешавад.

Ба қавли модари ду фарзанд, ба чанд нафари дигар ҳам гуфтаанд, ки омада фарзандонашонро баранд, зеро бар асоси як қарори вазорати маориф ва илм, бояд аз моҳи июл фақат онҳое дар ятимхонаҳо бошанд, ки ятими кулл ҳастанд. Онҳое, ки падару модар доранд ва ё аз оилаи ниёзманд ҳастанд, бояд дар хона назди волидайн бошанд.

Шароити қабул ба ятимхонаҳои Тоҷикистон сахттар шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:21 0:00

Фақат ятиму нимаятимонро мегирем ва бо санади расмӣ

Сафар Давлат аз идораи маорифи вилояти Хатлон рӯзи 8-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси низомномаи нави фаъолияти ятимхонаҳо аз соли 2017 фақат онҳое барои тарбият дар ятимхонаҳо қабул мешаванд, ки дар воқеъ ятим ва бепарастор ҳастанд.

"Гуфтагӣ аст, ки кӯдакони ятиму нимаятимро бояд ҷалб кунад. Касоне, ки бепарастор ҳастанд, бояд қарори додгоҳ бошад, ки бепарастор ҳастанд. Тибқи қарори додгоҳ, онҳоро ба таълим фаро мегиранд, агар ятим гуфта шудаанд ва бепадарии ё бемодарияшон тасдиқ нашудааст, роҳ дода намешаванд" – гуфт, ӯ.

Ятимхонаи Хуҷанд. Акс аз бойгонист.
Ятимхонаи Хуҷанд. Акс аз бойгонист.

Сафар Давлат гуфт, қарор дар бораи саххтар шудани шароити қабул ба ятимхонаҳо саривақтист, чун баъзе аз волидон, ки шароит дошта бошанд ҳам тарбияи фарзандонашонро ба ихтиёри давлат мегузоштанд.

“То ин вақт кӯдакони падару модардор буданд, , кӯдаконе, ки зиндагияшон хуб буд дар миёни онҳо буданд, ҳоло хуб шуд, ман шахсан ҷонибдорӣ мекунам ин қарорро" – гуфт, Сафар Давлат.

Аз ин баъд он кӯдаконеро дар ятимхонаҳо қабул мекардаанд, ки ҳалномаи додгоҳ дошта бошанд, ки кӯдак аз падар ҷудо аст, ё бе падару модар зиндагӣ мекунад ва ё номаи расмии волидайн дар бораи даст кашидан аз фарзанд вуҷуд дошта бошад.

113 тарбиятгирандаҳо бояд ба хона баргарданд

Дар Хатлон 18 ятимхона вуҷуд дорад ва бар асоси қарори вазорати маориф дар ҳамаи онҳо санҷиш сурат мегирад ва фақат ба онҳое иҷозаи мондан дар ятимхона дода мешавад, ки дар воқеъ ятими кулл ва ё мӯҳтоҷ ба сарпарастии давлат ҳастанд.

Раҷаб Шокиров, мудири ятимхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз 254 нафар тарбиятгирандаи ятимхона 113 нафари онҳо бояд муассисаро тарк кунанд ва ба назди волидайн ва ё хешованд баргарданд. Дар 18 ятимхонаи Хатлон 3896 кӯдак дар синфҳои аз 1 то 11 таҳсил мекунад.

"Баъзеашон шароити хуб доранд, онҳое, ки аз падар ҷудо шудаанд, кӯмакпулӣ мегиранд, ниёзманд нестанд. Ин хонандагон аз синфи 1 то 11 таъсил мекунад.

Кӯдаконе, ки дар деҳа мактаб надоштаанд, фаро гирифта мешуданд, вале дигар онҳо ҳам ҷалб намешаванд. Ҳамаи кӯдаконро рӯйхат карда, ба шаҳру навоҳӣ пешниҳод кардем, ки дида мебароянд. Мо аз рӯи фармоиш ва низомнома кор мекунем, оилаҳои бесаробон ва ятиму нимаятимро қабул мекунем",- гуфт, Раҷаб Шокиров.

Занони танҳо дар такопӯ

Ҳоло баъзе аз модароне, ки фарзандашон дар ятимхона аст, дар такопӯ афтодаанд, ки чӣ кор кунанд ва саъй доранд, фарзандашон зери сарпарастии давлат бимонад.

Нозанин, аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд, ки шавҳари собиқаш дар муҳоҷират аст ва аз ӯ алимент намегирад. Ба гуфтаи Нозанин агар духтарашро аз ятимхона ҷавоб диҳанд, намедонад, ки чӣ гуна ӯро бо васоили таҳсил ва дигар имконоти лозим таъмин кунад.

Нозанин мегӯяд, аз ноилоҷӣ фарзандашро ба ятимхона супурд, чун дар воқеъ зӯраш ба таъмину тарбияи ӯ намерасид. Дар ятимхонаҳои Тоҷикистон лавозимоти дарсӣ ва хӯрок ройгон аст.

Дар саросари кишвар 77 ятимхона вуҷуд дорад ва бештар аз 46 ҳазор ятим сабти ном шудаанд. Зиёдтар шудани харҷ барои ятимхонаҳо зоҳиран ҳукуматро маҷбур кардааст, ки кӯдаконеро, ки падар ё модар доранд, ба наздашон баргардонад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG