Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои АН-2 дар Фахробод суқут кард. Халабони собиқадор ҳалок шуд. ВИДЕО


Ин акс аз бойгонист.
Ин акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи суқути як ҳавопаймои таълимӣ дар Тоҷикистон як халабони он кушта як нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки фалокат рӯзи 4-уми август дар маркази таълимии "Фахробод" ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки нахост номаш бурда шавад, ҳавопаймо ҳангоми фуруд омадан ба мушкили фаннӣ дучор омадааст ва "муҳаррикаш хомӯш" шудааст. Айни замон ба гуфтаи ӯ, тафтиш сабабҳои аслии фалокатро маълум мекунад.

Дар натиҷаи суқути ҳавопаймо аз баландии 10 метр Илҳом Раҳматов, халабони ботаҷриба ва бо собиқаи 16 ҳазор соат парвоз ҳалок шудааст. Халабони дуввуми ҳавопаймо лейтенанти калон Бахтиёр Давлатови 20-сола ҷароҳат бардоштааст ва дар шифохонаи ноҳияи Хуросон муолиҷа мегирад. Илҳом Раҳматов баъди бистарӣ шудан дар ин шифохона ҷон додааст. Хабаргузории "Ховар", ки дар ин бора хабар нашр кард, гуфтааст, ки ҳавопаймо истеҳсоли соли 1978 аст.

Дар хабар омадааст, "ҳавопаймои АН-2 " ҳашт хоҳишмандро пас аз машқҳои таълимӣ ва ташхиси тиббӣ ба баландии 800 метр ба ҳаво бароварда, онҳоро бо истифода аз парашют ба замин мепартояд. Аммо ҳангоми фуруд аз баландии 10 метр суқут кардааст. Кумитаи амнияти миллӣ дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва сабабҳои фалокатро тафтиш мекунанд.

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа се ҳавопаймои АН-2 дорад ва як чатрбози тоҷик, ки борҳо аз ин ҳавопаймоҳо дар Фахробод парвоз кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди сипарӣ шудани мӯҳлати зиёд аз замони истеҳсол ҳавопаймоҳои мазкур мушкиле надоранд. Ба қавли ӯ: "Дар Русия ҳавопаймоҳои АН-2 истеҳсоли соли 1950-ро то кунун истифода мекунанд ва ин ҳавопаймоҳо мо дар муқоиса нав ба ҳисоб мераванд."

Аммо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе Афсонаи Акобиршо, ки чанде аз ин ҳавопаймо бо чатр фуруд омад, мегӯяд, қабл аз парвози онҳо ҳавопаймоеро, ки онҳоро бояд бо ҳаво мебурд, ним соат таъмир карданд.

Фурудгоҳи "Фахробод" дар 30 километрии шаҳри Душанбе воқеъ шудааст ва солҳои ахир хоҳишмандони чатрбозӣ ва ё парвоз бо парашют ҳам дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш овардааст.
Ин видео дар Фахробод ба навор гирифта шудааст

Шоҳрух: Осмон барои ҳама аст"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

XS
SM
MD
LG