Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёҳи хориҷӣ: "Як бор ришва додем ва он ҳам дар Тоҷикистон" ВИДЕО


Миҳай Сика ва дӯсташ дар Тоҷикистон
Миҳай Сика ва дӯсташ дар Тоҷикистон

Як сайёҳи хориҷӣ, ки соли гузашта ба Тоҷикистон сафар кардааст, мегӯяд, дар яке аз посгоҳҳо шоҳиди ришваситонии “бешармонаи” нозирони роҳ шуд.

Миҳай Сикаи 34-сола аз Руминия моҳи июли соли 2017 бо як дӯсташ ба Помиру Душанбе омад. Ӯ видеоеро нашр кард, ки нишон медиҳад, чӣ гуна баъди гуфтугӯи тӯлонӣ як миқдор пулро дар курсии пеши мошини нозирони роҳ мегузорад ва асабонӣ ба самти мотосиклаш бармегардад.

Миҳай Сика рӯзи 30-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса бисёр хандаовар ва айни замон нороҳаткунанда буд: “Бисёр хандаовар буд, чун ҳамдигарро хуб намефаҳмидем. Корманди милиса забони англисиро намефаҳмид ва мо на русӣ медонистем, на тоҷикӣ. Онҳо ба як рафиқашон занг заданд, ки англисиро медонист ва телефонро ба мо доданд ва ӯ ба мо гуфт, чаро моро нигаҳ доштанд. Воқеан, хандаовар буд."

Рафтори милисаи тоҷик сайёҳи хориҷиро озурда кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Онгуна ки дар видео дида мешавад, моҷарои “ришваситонӣ” дар посгоҳи Гулистон дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб ва рӯзи 28-уми июли соли 2017 рух додааст. Нозири ҷавоне ба назди сайёҳи хориҷӣ меояд ва аз ӯ бо забони тоҷикӣ мепурсад, ки “Аз куҷо омадӣ?" Ва баъди имову ишораи зиёди нозири ҷавон ва сӯҳбати сайёҳ бо забони руминӣ, ӯ ба назди мошине меравад ва аз онҷо бармегардаду як миқдор маблағро рӯи курсии мошин меандозад.

Миҳай Сика дар ин видео навиштааст, ки нозирон онҳоро ба баланд кардани суръати ҳаракат ва ҳатто риоят накардан ба амри онҳо барои нигаҳ доштан муттаҳам карда, 500 сомонӣ ришва хостаанд. Вале дар ниҳоят ба 200 сомонӣ розӣ шудаанд. Дар видео ҳамчунин навишта мешавад, ки баъди ин ҳодиса онҳо бе ягон сомонӣ бе оби нӯшиданӣ ба Душанбе раҳсипор шуданд ва дар роҳ ҳам ягон банкомате барои пулгирӣ набуд. Ва ба пойтахт бо табъи бисёр хира расидаанд.

Ба худашон бовар доштанд, ки инҳо сайёҳанд ва пулро медиҳанд ва ошкоро талаб карданд.

Миҳай Сика ба Радиои Озодӣ гуфт, “онҳо парво надоштанд, ки мо камераи наворбардорӣ дорем. Камера болои кулоҳам буд ва онҳо ҳатто нагуфтанд, ки хомӯш кунед. Ё нагуфтанд, ки кулоҳҳоятонро бигиред. Ба худашон бовар доштанд, ки инҳо сайёҳанд ва пулро медиҳанд ва ошкоро талаб карданд.”

Ба қавли сайёҳи руминӣ, онҳо аз Русияву Муғулистону Қазоқистону Қирғизистон ҳам гузаштанд ва фақат дар Тоҷикистон ба чунин бархӯрд рӯ ба рӯ шудаанд.

Лаҳзаи "муомила"
Лаҳзаи "муомила"

"Ин ҳодисаи таассуфбор як бор буд ва, мутаассифона, дар Тоҷикистон сурат гирифт. Ба фикри ман ин як ҳодисаи алоҳида буд ва нишондиҳандаи он нест, ки милисаҳо ва ё сарбозони дигари тоҷик чунин бошанд", - гуфт ӯ.

Як манбаъ дар раёсати умури дохилии Кӯлоб рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, нозиронеро, ки дар видео дида мешавад, идораи мубориза бо коррупсия барои бозпурсӣ даъват кардааст.

вокуниши мақомоти милисаро то кунун ба даст биёрад. Аммо ба гуфтаи Миҳай, дар тамоми дигар посгоҳҳо дар роҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шоҳроҳи Помир ҳама бачаҳо хуб буданд ва муносибати дуруст доштанду табассум мекарданд.

Миҳай Сика мегӯяд, сафари онҳо бо мотосикл аз тариқи 5 кишвар як саёҳати хусусӣ буд ва онҳо дар бештар аз 50 рӯз тақрибан 25 ҳазор километрро тай карданд. Дар Тоҷикистон панҷ рӯз будаанд ва ба гуфтаи Миҳай, "роҳҳои бисёр хастакунандаро" тай карданд.

Зоҳиран видеои сайёҳи хориҷӣ мақомоти Тоҷикистонро, ки барои ҷалби ҷаҳонгардон талоши зиёд ба харҷ медиҳанд, ҳиҷолатзада мекунад. Дар кишвар имсол соли рушди сайёҳӣ эълон шудааст ва Вазорати умури дохилӣ ба маъмурони милиса дарси рафтор бо сайёҳон ва забони хориҷӣ меомӯзонад.

XS
SM
MD
LG