Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод ва се эроди Эмомалӣ Раҳмон аз кори "Тоҷик эйр"


Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи ҳукумат дар рӯзи 29-уми ноябр
Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи ҳукумат дар рӯзи 29-уми ноябр

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» танқид карда ва амр додааст, ки фаъолияти ширкатро бисанҷанд. Дар ҷаласаи ҳукумат дар рӯзи 29-уми ноябр раиси ҷумҳур ба се мушкили ширкат ишора кардааст.

Дар ин ҷаласа Хайрулло Раҳимов, раиси «Тоҷик эйр» ҳузур доштааст ва ба гуфтаи ду фарди огоҳ аз мавзӯъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат дар бораи фаъолияти ширкат ба мавзӯи хариди ҳавопаймои бузурги «Боинг 767-332» дахл кардааст, ки бузургтарин ҳавопаймои мусофибар дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки нахостанд, номашон ифшо шавад, Эмомалӣ Раҳмон иддаоҳо дар бораи «гаронтар аз қимати аслиаш сабт шудани ҳавопаймо дар санадҳоро» дар миён гузоштааст. Раиси ҷумҳур аз Оҷонси мубориза бо коррупсия хостааст, иддаҳо дар ин бораро таҳқиқ кунанд, ки то куҷо асос доранд.

Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"
Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

«Тоҷик-эйр» ҳавопаймои «Боинг 767-332»-ро моҳи декабри соли 2016 харида буд. Ҳавопаймо қаблан ба ширкати «Делта»-и Амрико ва баъдан ба ширкати «Кабо эйр»-и Нигерия тааллуқ дошт. Ҳавопаймо соли 1987 истеҳсол шудааст ва беш аз 30-сол аст, ки парвоз мекунад.

Дар Оҷонсии мубориза бо коррупсия вуҷуди дастури тафтиши «Тоҷик-эйр» -ро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ҳоло санаи дақиқи санҷиши «Тоҷик-эйр» маълум нест.

Ду эроди дигари раиси ҷумҳур

Эродҳои дигари раиси ҷумҳур ҳамчунин пардохт нашудани музди кори семоҳаи кормандони ширкат ва саривақт напардохтани ҳаққи истифодаи фурудгоҳ ва пули ширкати таъминоти сӯзишворӣ будааст.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ ҷузъиёти суҳбатҳои раиси ҷумҳурро ошкор накарданд, вале интиқод аз фаъолияти «Тоҷик-эйр» баъди бештар аз як моҳи тасдиқи Барномаи махсуси дастгирии давлатии “Тоҷик-Эйр” барои солҳои 2018-2023 сурат мегирад.

Дар қарори тасдиқи барнома, ки худи раиси ҷумҳур имзо кардааст, чораҳои баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва беҳтар кардани вазъи молии “Тоҷик-Эйр” банд ба банд зикр шудааст. Ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон аксар вақт барои таъхир дар парвози ҳавопаймоҳо ва ҳамчунин сифати хидматрасонӣ дар матбуот танқид мешавад.

Бар асоси барнома, бояд қисмате аз саҳмияҳои «Тоҷик-эйр»-ро хусусӣ кунанд ва 21 ҳавопаймои кӯҳнаи онро, ки аксаран ҳавопаймоҳои русии Антонов ва мероси замони шӯравӣ ҳастанд, бифурӯшанд. Мумкин аст, шумораи кормандони ширкатро ҳам кам кунанд.

Маводи сӯхтро аз хориҷ мегирем, барои ҳамин дер мекунем

Азбаски ширкати таъминоти сӯзишвории Тоҷкистон ҳудуди як сол боз ба «Тоҷик эйр» ба сабаби қарзҳои зиёдаш сӯзишворӣ намефурӯшад, ҳавопаймоҳои «Тоҷик эйр» дар хориҷи кишвар маводи сӯхт мегиранд ва ин ҳолат зуд-зуд боиси таъхир дар парвози ҳавопаймоҳо мешавад.

Дар ҳамин ҳафта дер парвоз кардани ҳавопаймои «Тоҷик эйр» аз Душанбе ба Душанбе- Хуҷанд маҳз ба хотири камбуди сӯзишворӣ рух додааст.

Маъмурияти «Тоҷик эйр» дар робита ба эродҳои раисҷумҳур то кунун посухе надоданд, аммо Хайрулло Раҳимов раиси он дар як нишасти хабарӣ аз «рақобати носолим» дар Тоҷикистон шикоят кардааст.

Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"
Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Раҳимов он замон гуфт, «ширкатҳои хориҷӣ сӯзишвориро арзонтар дарёфт мекунанд ва ба замми ин Фурдугоҳи байналмилалии Душанбе ба онҳо тахфифи 50 дарсадӣ медиҳад. Ӯ шикоят кард, ки «Мо ҳам дар фурудгоҳи худ ва ҳам дар фурудгоҳҳои кишварҳои парвозамон маҷбурем 100 фоизи нархро пардорхт кунем».

Фурудгоҳи Душанбе иддаои Раҳимовро рад карда гуфт, ба ширкатҳои ватанӣ то 60 дарсад тахфиф додааст, аммо ширкатҳо пули хадамоти арзоншударо низ сари вақт пардохт намекунанд.

«Тоҷик эйр» шояд ягона аз ширкатҳои давлатии Тоҷикистон аст, ки ҳар 2 сол раисаш иваз мешавад. Дар 10 соли гузашта, дар ин ширкат 5 раҳбари нав таъйин кардаанд, вале вазъи он зиёд тағйир наёфтааст ва шикоят аз хадамоти он кам намешавад.

Алишер Рустамов, собиқадори соҳаи ҳавонавардӣ, ки аз ҷумла дар «Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» кор кардааст, мегӯяд, то замоне ки ширкат хусусӣ нашавад ва «соҳиб» пайдо накунад, вазъаш ба ин ҳамин минвол мемонад.

«Ман қаблан ҳам гуфтаам, аз иваз шудани роҳбарони ширкат тағйироте намешавад. Ширкат бояд хусуӣ шавад, ки онро соҳибӣ кунанд ва дилашон ба он сӯзад. Танҳо дар он сурат вазъ беҳбуд меёбад» - гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG