Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик Эйр" ба Самарқанд парвоз мекунад


Ширкати "Тоҷик Эйр" сар аз рӯзи 28-уми июл парвозҳои худро ба шаҳри бостонии Самарқанд, оғоз мекунад. Аз дафтари матбуоти ин ширкат рӯзи 27-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нахустин парвоз соати 9:00-и субҳи шанбеи 28-уми июл аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат мегирад. Ба гуфтаи манбаъ, муддати парвоз миёни Душанбе ва Самарқанд 45 дақиқа буда ва қимати билет 684 сомонӣ мебошад. Парвози баъдӣ рӯзи шанбеи оянда, яъне 4-уми август сурат мегирад.

Парвозҳо аз Душанбе ба Самарқанд дар ҳоле барқарор мешавад, ки аз ин қабл хати парвоз миёни Душанбе ва Тошканд низ барқарор шуда буд. Дар замони шӯравӣ миёни Душанбе ва Тошканду Самарқанд ва дигар шаҳрҳои Узбекистон парвозҳо сурат мегирифт. Аммо дар пайи суқути шӯравӣ ва ҳамин тавр сард шудани равобит миёни ду кишвар, ин риштаҳо канда шуд ва сокинон бо душворӣ ба кишварҳои якдигар сафар менамуданд.

Дар пайи вафоти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон, равобити Душанбе ва Тошканд рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва низоми виза миёни ду кишвар бекор шуд ва сатҳи тиҷорат ба сатҳи хеле боло расид. Ҳоло миёни бархе аз шаҳрҳои Тоҷикистон ва Узбекистон низоми мусофирбарӣ тариқи автобусҳо низ барқарор шудааст.

XS
SM
MD
LG