Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суолҳо дар бораи ҳузури президент дар ифтитоҳи иншооти хурду бузург


Ҳангоми сафар дар шаҳри Леваканд

Сол то сол президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари худ ба минтақаҳо бештар дар ифтитоҳи иншооти гуногуне иштирок мекунад, ки аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудаанд. Маросимҳо, ба ақидаи шореҳон, барои мардум руҳбаландкунандаанд, вале ноаён пурсишҳорео низ ба миён меоранд.

Баъзеҳо инро талоши аз номи давлат ҷилва додани самараи кори дигарон ва иддаи дигар, баръакс, ягона роҳи маҷбур кардани соҳибкорон барои саҳмгузорӣ дар рушди кишвар медонанд. Худи соҳибкорон талош мекунанд, ки раҳбари давлат дар ин маросим ширкат варзад. Ин ҳам ифтихор аст ва ҳам замонат аз идома ва густариши бизнеси онҳо.

Таҷрибаи шаклгирифта

Дар сафари чанде пеш ба ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмон чанд иншоотро, ки аксаран аз ҳисоби соҳибкорон бунёд шудааст, ифтитоҳ кард. Аз ҷумла, дар деҳаи Талхоб шифохонаи муосиру муҷаҳҳазеро ба истифода дод. Ба иттилои расонаҳо, қисми пулро хонаводаи Ҷамиловҳо додааст, ки барои адои Ҳаҷ ҷамъ овардаанд, вале дар ниҳоят тасмим гирифтанд, маблағҳоро дар кори хайри дигар сарф кунанд.

Бар иловаи ин дар деҳаҳои Сӯфиён ва Шар-Шар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки ҳар кадоме барои 480 хонанда пешбинӣ шудаанд. Пули инҳоро ҳам тоҷирони ноҳия додаанд, вале ҳиммати соҳибкорон бо ин маҳдуд нашудааст. Бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон роҳи нави мошингарди 21-километрӣ боз шуд. Маблағи сохтмони ин роҳро бародарон Пировҳо пардохтаанд. Ба ҳамин тартиб, бахши қобили мулоҳизаи маросими сафари Эмомалӣ Раҳмон ба зодгоҳаш ба ифтитоҳи чунин иншоот бахшида шуда буд.

Чунин таҷрибаро, тақрибан ҳангоми тамоми сафарҳои президент ба минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, ҳангоми сафари моҳи июн ба ноҳияи Сангвор бо ҳузури ӯ Маркази тиҷоратии "Давлатҷон" боз шуд, ки аз пули соҳибкор Хайрулло Давлатов сохта шудааст.

Ва ё ба истифода додани маркази савдо ва хидматрасонии "Абубакр" дар ноҳияи Нуробод, ки соҳибкор Муртазо Амонов сохтааст. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур гуфт, бо боз шудани марказ дар баробари ба ҷойи кори доимӣ таъмин шудани 11 сокини ноҳия, ҳамчунин шароит фароҳам овардааст, ки мардум маводи ниёзи аввалияро аз ин ҷо бихаранд.

"Ҳар касе мехоҳад нишон диҳад, ки кор мекунад"

Ин амалкардҳо аксаран мавриди интиқод дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегиранд. Корбарон нигаронии худро изҳор медоранд, ки чӣ гуна президенти як кишвар вақти худро барои ифтитоҳи мағоза ва ё тарабхонае сарф мекунад, ки аҳамияти давлатӣ надоранд.

Рӯзноманигори тоҷик Азиз Нақибзод мегӯяд, ин гуна таҷриба ҳамеша вуҷуд дошт, вале агар пештар президент танҳо дар боз кардани иншооти бузург ширкат мекард, ҳоло хеле чиз тағйир ёфтааст.

"Ҳукуматҳои марказӣ ва маҳаллӣ мехоҳанд, ба мардум нишон диҳанд, ки кор мекунанд ва рушди мушаххасе вуҷуд дорад,"- мегӯяд Нақибзод. Ба гуфтаи ӯ, аксари иншоот тақрибан таъсире ба вазъи куллии иқтисод намегузоранд: "Агар бо ин суръат, иншооте мавриди истифода қарор мегирифт, ки 2-3 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин мекарданд, пас он замон мешуд дар мавриди тараққӣ ҳарф зад."

Харҷҳои номуносиб ё зарурӣ?

Ҳамчунин худи сафарҳои раиси ҷумҳур ба минтақаҳо борҳо танқид шудааст, ки барои он хароҷоти зиёде мекунанд. Президентро дар ин гуна сафарҳо ҳайати бузурге аз мақомоти расмӣ ҳамроҳӣ мекунад. Дар расонаҳо пештар аксаран хабарҳое пайдо мешуд, ки чӣ гуна ин ё он соҳибкорон ва ё мансабдоре "довталабона" маҷбур шудаанд, барои истиқболи сазовори президент маблағҳои худро сарф кунанд.

Коршиносони наздик ба ҳукумат гуфтаанд, ҳеҷ бадие дар чунин сафарҳои раиси ҷумҳур намебинанд, чун он мардумро ба раҳбари давлат наздик мекунанд. Ба гуфтаи муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стротегии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров: "сафарҳои солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳо унсури муҳими мудирияти давлат ба шумор мераванд ва ҳадафи онҳо ошноӣ бо мушкилот ва ормонҳои мардуми оддист. "Ин гуна мулоқотҳо мардумро хеле рӯҳбаланд мекунад. Аз ҷумла, соҳибкорон саҳми худро дар беҳбудии шаҳру навоҳӣ мегузоранд. Дар ин гуна мулоқот ғояҳои ҷолибе садо медиҳанд."

Бо ин ҳол, ҳангоми ин гуна сафарҳо, ки ҳадафи аслиаш муколама бо мардум аст, аксаран мақомоти маҳаллӣ тамоми чораҳоро меандешанд, ки одамоне, ки шикоят доранд, ба мулоқоти ӯ роҳ наёбанд. Мисоли рӯшани ин боздошти Мавҷигул Ғарибова, модари солхӯрдаи Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли зиндонӣ мебошад. Ҳангоми сафари президент ба Рашт 26 -уми июн, кормандони милиса ӯро субҳи барвақт боздошт ва баъди 6 соат раҳо кардаанд. Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин зан гуфт, ки мақсад дошт, аз ноодилона зиндонӣ шудани писараш шикоят бубарад.

Ба хубӣ ё маҷбурӣ?

Радиои Озодӣ талош кард, бо бархе аз соҳибкорон дар гӯшаҳои гуногуни кишвар сӯҳбат бикунад, ки оё чӣ чизе онҳоро ба сармоягузорӣ дар ин ё он иншоот ҳавасманд кардааст ва чаро талош мекунанд, дар расми бози иншооти онҳо раиси ҷумҳур ширкат варзад. Вале тақрибан тамоми ҳамсӯҳбатҳои мо аз тамос бо рӯзноманигор худдорӣ намуданд.

Карим, сокини ноҳияи Рашт, ки моҳи июни имсол Эмомалӣ Раҳмон ба он ҷо сафар дошт ва як қатор иншоотро аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ифтитоҳ кард, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сафари раиси ҷумҳур мусоидат кард, ки иншоот зудтар мавриди баҳрабадорӣ қарор бигирад.

"Мардуми мо дар маҷмӯъ аз сафари президент розиянд, зеро пеш аз сафари ӯ мансабдорон тарзе кор мекунанд, ки ҳеч вақт кор накардаанд. Шабу рӯз кор мекунанд, то мавриди писанди ҷаноби олӣ қарор бигиранд",- мегӯяд Карим.

"Президентро бо ҳадафҳои реклама истифода мекунанд"

Дар ҳамин ҳол, миёни коршиносони мустақил на ҳама бо ин розиянд, ки президент ба иншооти камаҳамият таваҷҷӯҳ мекунад. “Дар воқеъ боз кардани як мағоза ва ё роҳи хурде дар шаъни сардори давлат нест. Дар дигар кишварҳо президентҳо танҳо дар ифтитоҳи иншооти сатҳи байналмилалӣ ва ё миллӣ ширкат мекунанд,”- мегӯяд коршинос Умед Ҷайҳонӣ. Ба гуфтаи ӯ, дастгоҳи раисҷумҳур ё ба ин таваҷҷӯҳ намекунанд ё намедонанд ва ё қасдан номи раисҷумҳурро бо ҳадафҳои таблиғи ин ё он иншоот истифода мебаранд.

“Вале аз берун, ба назар мерасад, ки чунин амале аз поён ба боло сурат мегирад ва ҳадафи он шояд “хидмат” ба президент ва раҳбарони боло бошад,” - афзуд ӯ.

Соҳибкорон ягона қишри ҷомеа нестанд, ки дар иншооти иҷтимоӣ саховатмандӣ нишон медиҳанд. Соли 2018 иддае аз мансабдорони воломақоми тоҷик аз ҳисоби худ даҳҳо иншоот бунёд карданд.Вазири дифоъ Шералӣ Мирзо дар деҳаи Дошманди вилояти Хатлон Маркази муосири саломатӣ сохт. Вазири маориф Нуриддин Саид дар вилояти Хатлон мактаб ва кӯдакистоне бунёд кардааст. Боғи нав дар Душанбе ба номи Алишер Навоӣ ба гуфтаи манобеи “Азия плюс” аз маблағҳои шахсии роҳбари дастгоҳи президент Озода Раҳмон сохта шудааст. Боғи “Кӯли ҷавонон”- ро аз ҳисоби сарвазир Қоҳир Расулзода бозсозӣ кардаанд.

Тавре сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода дар яке аз сӯҳбатҳояш ба Радиои Озодӣ изҳор дошт, "ба мансабдорони тоҷик тавсия дода шудааст, ки аз ҳисоби худ роҳҳо, беморхонаҳо ва мактабҳоро дар зодгоҳҳояшон таъмир кунанд".

Аз нуқтаи назари маънавӣ чунин иқдом бидуни шак миёни бахше аз аҳолӣ алоқамандиро ба бор меоварад. Дар ҳоле ки шаҳрвандон хеле кам дар мавриди сарчашмаи чунин "олиҳимматӣ" суол мегузоранд, зеро дар ҷое ишора нашудааст, ки бештари ин мансабдорон ба таври расмӣ бо тиҷорат сару кор доранд.

Шарҳҳоро бинед (39)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG