Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ беҳтар? Сабқати истиқболи президент дар минтақаҳо


Пешвозгирии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Ҳисор.
Пешвозгирии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Ҳисор.

Пешвозгириҳои бо тантанаи президенти Тоҷикистонро дар саросари кишвар коршиносон талоши мақомоти маҳаллӣ барои рӯйпӯш кардани камбудҳои ҷомеа унвон мекунанд.

Ба назари ин коршиносон, мақомот ба пешвози президент дар маҳалҳо омодагии тӯлонӣ мебинанд, талабаву муаллиму коргарро барои ҳафтаҳо аз дарсу кор дур мемонанд, ба рақсу бозӣ ҷалб мекунанд, вале аз ин ҳама дар ниҳояти амр ҳамон раҳбари маҳаллӣ баҳра мебардорад, ки “ободкор” будани худро ба намоиш мегузорад.

То чанд соли пеш сафарҳо хоксоронатар буданд ва президент ҳам ба мақомоти маҳаллӣ амр медод, ки мушкили мардумро ҳал кунанд. Вале ҳоло танқидҳо дар паси қолинҳову гулчанбарҳо ва дастафшонии занону кӯдакон пинҳон мондаанд.

Даҳҳо донишҷӯ портрети президентро месозанд

Масъулони ҳукумати маҳаллӣ дар Кӯлоб мегӯянд, президенти кишварро дар ин шаҳр ба таври фарқкунанда пешвоз хоҳанд гирифт. Қарор аст, аввали моҳи октябр Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба минтақаи Кӯлоб сафари корӣ анҷом диҳад. Акнун баъди танаффуси чандсола дар намоишкориҳои мақомоти маҳаллӣ, ба дунболи танқиди ин маъракаҳо аз ҷониби президент, сабқати кӣ президентро беҳтар аз дигаре пешвоз мегирад, бо “нерӯи тоза” оғоз шудааст.

Сарахон Абдуқаҳҳоров, мудири Шӯъбаи фарҳанги ҳукумати Кӯлоб, рӯзи 30 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки омодагӣ ба истиқболи раиси ҷумҳур як моҳ пеш шурӯъ шуд. Дар Кӯлоб беш аз ҳазор донишҷӯ ва талабаи мактаб ба машқи пешвози президент ҳамарӯза дар майдони варзишӣ ҷамъ мешаванд ва машқ мекунанд. “Ҳоло омодагиҳо дар сатҳи хуб идома дорад. Пешвозгирӣ дар Рашт бо сатҳи баланд гузашт, мо ҳам кӯшиш мекунем, ки бо сатҳи баланд пешвоз бигирем”, - гуфт Абдуқаҳҳоров.

Кӣ президентро беҳтар пешвоз мегирад?

Дар шаҳри Кӯлоб ба фарқ аз ноҳияи Рашт, ки сафари президент ба онҷо аз ҳафтаи гузашта оғоз ёфта буд, гурӯҳи бузурги донишҷӯён дар варзишгоҳи марказии шаҳр портрети бузурги раиси ҷумҳурро месозанд. Ҳамчунин, наздик ба сад зани чаканпӯшбо доира ва рақсу бозӣ президентро дар фурудгоҳи ин шаҳр пешвоз мегиранд.

Маъмулан дар сафарҳои худ президент лентаҳои рамзии иншооти тозабунёд, мисли мактаб, беморхона ва корхонаҳои хурду бузургро мебурад ва ба фаъолияти онҳо оғоз мебахшад. То чанд соли пеш сафарҳо хоксоронатар буданд ва президент ҳам бештар барои шунидани ҳарфи дили мардум ба навоҳӣ мебаромад ва ба мақомоти маҳаллӣ амр медод, ки мушкили мардумро ҳал кунанд. Аммо ҳоло танқидҳо дар паси қолинҳову гулчанбарҳо ва дастафшонии занону кӯдакон пинҳон мондаанд.

Ба назди микрофон танҳо онҳое роҳ меёбанд, ки агар аз раҳбари давлат ситоиш кунанд. Ин дар ҳолест, ки мардум дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, депортатсияи саросарии муҳоҷирон ва бекорӣ мушкилоти зиёд доранд ва мехоҳанд раиси ҷумҳур ба онҳо кумак кунад.

Айниддин Раҳимов, як сокини шаҳри Душанбе, ки то соли гузашта дар яке аз ҳукуматҳои маҳаллӣ кор мекард, гуфт, раҳбарон дар маҳалҳо хеле эҳтиёткорона барои пешвозгирӣ омодагӣ мегиранд. Ӯ мегӯяд, масъулони маҳаллӣ моҳҳо шеваи пешвозгирии президент дар ин ё он шаҳру навоҳиро муҳокима мекунанд ва ба таври худ онҳоро баҳогузорӣ мекунанд. “Президент аз чӣ ва дар кадом ноҳия хурсанд шуд, барояшон бисёр муҳим аст. Аз ҳамин нуқтаи назар онҳо тасмимгирӣ мекунанд, ки дар вақти пешвозгирӣ ва чӣ гуна суханрониҳо омода кунанд, ки табъи раҳбари кишвар тира нашавад”, - афзуд ӯ.

Ҳақиқат - қурбони хӯшомадгӯӣ

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, харҷҳои ҳангуфт барои истиқболи президент танҳо хушомад ба як нафар ва пинҳон доштани мушкилотиҷомеа ҳаст. Ӯ гуфт, “хушомадгӯии зиёд зиён дорад, чун дар пушти он мушкилоти ҷомеа дида намешавад. Ҷой барои мулоҳиза, танқид ва таҳлил боқӣ намемонад. Таҳлилҳо ва назарҳои воқебинона бояд ҳатман зимни сафарҳои президент ҷой дошта бошад. Вохӯриҳои ботантана зиёд шакл бигиранд, таҳлил ва арзёбии воқеиятҳо аз байн меравад. Чун воқеият ва воқебинӣ аз байн рафт, давлатдорӣ зиён мебинад.”

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

“Пешвози президент мардумро ҳушёр мекунад”

Дар буҷаи кишвар ва ҳам буҷаи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ банде бо номи "харҷ барои чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ" дарҷ шудааст, аммо маълум нест, ки ин банди буҷа сафарҳои раиси ҷумҳурро низ дар назар мегирад ё хайр. Масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ сарфи маблағҳоро ҳангоми сафарҳои президент пинҳон медоранд. Масъулони ниҳодҳои давлатӣ бовар доранд, ки сафарҳои президент ва омодагии саросарӣ ба пешвози ӯ зиндагии мардумро беҳтар мекунанд.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло фарҳанги мардум низ тағйир кардааст ва онҳо зимни сафарҳо бештар аз рӯҳбаландии худ сӯҳбат мекунанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло мардум мушкилотро бештар бо намояндагони президент дар маҳалҳо дар миён мегузоранд ва намехоҳанд, мушкилоти хурди худро бо президент дар миён гузоранд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Сафаров сафарҳо ва пешвозгирӣ аз президент мардумро фаъол мекунад: “Ин бештар ба фоидаи худи мардуми маҳаллӣ ҳаст. Ҷое бароям гуфтанд, ки бархе 20 сол пушти хонаашро сафеду тоза накарда буд, вале зимни сафари президент ба ин кор даст зад. Сафари президент баҳонае барои фаъол шудан аст. Бисёре аз ин корҳо бидуни хароҷот аст.”

Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон дар Кӯлоб. Моҳи сентябри 2013
Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон дар Кӯлоб. Моҳи сентябри 2013

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон соле як дафъа ба шаҳру навоҳии кишвар сафар мекунад, то бо зиндагии мардум аз наздик ошно шавад ва бо мақомоти маҳаллӣ роҳи ҳалли мушкилоти онҳоро пайдо кунад. Давраи сафарҳои имсоли ӯ эҳтимол бо боздид аз Кӯлоб анҷом мешавад. То моҳи майи соли оняда мақомоти маҳаллӣ фурсати бештар доранд, то шеваҳои нави истиқболи раиси ҷумҳурро кашф кунанд.

XS
SM
MD
LG