Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари як зиндонӣ мегӯяд, писараш дар роҳи Хуҷанд "гум шудааст". ВИДЕО


Бибисоч Раҳимова ба дафтари Радиои Озодӣ омад ва дар бораи ҷустӯҷуяш нақл кард.
Бибисоч Раҳимова ба дафтари Радиои Озодӣ омад ва дар бораи ҷустӯҷуяш нақл кард.

Модари яке маҳбусони тоҷик иддао дорад, фарзандашро аз Хуҷанд ба Душанбе интиқол додаанд ва панҷ рӯз аст ӯро мекобад.

Бибисоч Раҳимова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш Субҳон Қурбонов дар зиндони Хуҷанд адои ҷазо мекард, вале ҳоло онҷо нест. Дар зиндони Хуҷанд ба модари Субҳон гуфтаанд, фарзандаш ҳамроҳ бо як гурӯҳ маҳбусон ба Душанбе интиқол ёфт. Мақомоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар ин бора шарҳе намедиҳанд.

Раҳимова мегӯяд, панҷ рӯз аст фарзанд меҷӯяд ва дар ин муддат ба зиндонҳои Хуҷанд, Душанбе ва Бохтар сар зад, то аз фарзандаш дараке ёбад, вале касе ба ӯ дар бораи писараш маълумоти дурусте намедиҳад.

Модари як зиндонӣ мегӯяд, писараш дар роҳи Хуҷанд "гум шудааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00

Субҳон Қурбонов ду сол пеш бо иттиҳоми қасди пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тундрав ба сенздаҳуним соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот ӯро ба он муттаҳам карданд, ки гӯё мехост аз тариқи Туркия ба Ховари Миёна биравад, вале дар нимароҳ боздошт ва ба Тоҷикистон фиристода шуд. Модари Субҳон Қурбонов мехоҳад, бидонад, ки писараш зинда аст ва ё мурда, чун аз ҳалокати 14 зиндони ҳангоми интиқол ба Душанбе бисёр нигарон шудааст.

Бибисоч Раҳимова мегӯяд: "Фаҳмидем, ки мурдаҳоро оварданд, номи писарам набаромад. Дар зиндони Хуҷанд гуфтанд, ки ӯро зиндаву саломат ба Душанбе равон кардем. Зиндони Душанбе омадам, мегӯянд, махфӣ аст. Намегӯянд, фарзанди ман ҳаст ё не. Аққалан наменависанд, ки ҳаминҳоро овардаанд ва мумкин нест, нишон додан, мо майлаш мегӯем меравем." Ба гуфтаи модар, зиндонӣ шудани писар қомати оиларо шикаст ва шавҳараш аз ин дард даргузашт.

"Чаро мақомот хомӯшанд?"

Ба ҷуз аз Бибисоч Раҳимова чанд волидони маҳбусони дигар рӯзи 11-уми июл барои дарак ёфтан аз сарнавишти фарзандонашон пушти дари Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и шаҳри Душанбе омаданд. Онҳо ҳам гуфтанд, касе ба онҳо намегӯяд, ки фарзандони маҳбусашон куҷо аст.

Марги маҳбусони тоҷик давоми чаҳор рӯзи ахир дар сархати расонаҳо қарор дорад. Ҳалокати 14 зиндонӣ, ки ба гуфтаи мақомот сабабаш нони олуда будааст, вокунишҳои мухталиф ба бор овард. Ҷузъиёти норӯшани ҳодиса ба тахмину гумонҳо кашондааст. Мақомот мегӯянд, тафтиши ҳодисаро идома медиҳанд.

Бино бар изҳороти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия, ҳодиса шаби 7-уми июл баъди истеъмоли нон (хлеб) рух додааст, ки ба гуфтаи мақомот, яке аз зиндониҳо дар байнашон тақсим кардааст. Ба гуфтаи мақомот, воқеа дар дохили яке аз мошинҳои корвони махсуси интиқолдиҳандаи зиндонҳо рух додааст. Дар ин шаб посбонҳо 128 маҳбуси зиндонҳои Хуҷанд ва Истаравшанро ба зиндонҳои Душанбе, Норак ва Ёвон мебурданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, рафтори мақомот дуруст нест

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, модарон ҳақ доранд, дар бораи фарзанди худ маълумот талаб кунанд ва вазифаи мақомот аст, ки ба онҳо чунин иттилоъро дар ихтиёри онҳо гузоранд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, агар наздикони маҳбус дар бораи тақдири ӯ пурсанд, бояд фавран бо онҳо хабар дода шавад, "зеро инҷо ягон сиррӣ давлатӣ нест".

Бобоназарова афзудд: "Вақте ба ҷойи дигар мекӯчонанд, ҳатман бояд ба оилаи онҳо хабарро расонанд. Бадбахтӣ ҳамин аст, ки ба ҷуз маҳбусони ҳалокшуда, тамоми онҳое, ки наздиконашон дар зиндон ҳастанд, ҳамавақт дар тарсанд. Як рӯҳияе дар онҳо пайдо мешавад, ки боз ягон чиз нашавад, ки фарзандони мо нобуд шаванд. Ба ҷуз аз маҳбусон ба наздиконашон зарбаи сахти равонӣ мерасонад."

Ҳарчанд аз Тоҷикистон дар бораи бенишон шудани зиндониёне, ки ҳукм гирифтаанд, гузорише то кунун нашр нашудааст, аммо дар бораи нопадид ва ё бенишон шудани муттаҳамон ба ҷиноят матбуот зиёд менависад. Аз ин пеш чандин волидайн шикоят кардаанд, ки фарзандони онҳо баъди боздошт нопадид шудаанд, иддаое, ки мақомот рад кардаанд. Ҳафтаи гузашта Гурӯҳи кории СММ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ баъди хотимаи сафараш дар Душанбе аз мақомот хост, ба бенишон шудани муттаҳамон хотима диҳанд.

XS
SM
MD
LG