Пайвандҳои дастрасӣ

ИА дар бораи "тазоҳурот"-и Душанбе: Ба ҳуқуқи инсон арҷ мегузорем. ВИДЕО


Акс аз ҳафтаномаи "Фараж"

Бино ба гузоришҳо, субҳи 10-уми июн даҳҳо нафар дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Душанбе тазоҳурот ва талаб карданд, ки Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷик озод карда нашавад. Иттиҳоди Аврупо гуфт, ба ҳаққи шаҳрвандон ва озодии баён арҷ мегузорад.

Ҳомиёни ҳуқуқ Бузургмеҳр Ёровро зиндонии сиёсӣ меноманд ва аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ӯро озод кунанд. Шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “тазоҳурот субҳ баргузор шуд ва онҳо шиор медоданд, ки Бузургмеҳр Ёров ҷинояткор аст ва набояд озод карда шавад.” Ин дар ҳолест, ки ахиран Иттиҳоди Аврупо ва як ниҳоди СММ ҳабси Ёровро ғайриқонунӣ номида, хостори озодии фаврии ӯ шуданд.

Абдулло Наботов, яке аз тазоҳуркунандагон гуфт, ки агар Иттиҳоди Аврупо ё Созмони Милал озодии Бузургмеҳр Ёровро мехоҳанд, аввал зарари модӣ ва маънавиеро пардозад, ки гӯё аз фаъолияти Бузургмеҳр Ёров ба ӯ расидааст: “Мо пушти дари Иттиҳоди Аврупо соатҳо истодем, талаб кардем, ки ба Бузургмеҳр Ёров озод нашавад, бо шиорҳо ва суолҳо муроҷиат кардем, вале ҳеҷ кас аз ин идора ба назди мо набаромад, баъд милисаҳо омаданду ба зурӣ моро пароканда карданд, маҷбур карданд, ки аз инҷо биравем. Ман хонаҳоямро фурӯхтаам, иҷора мешинам, чӣ кор кунам, ки пули маро баргардонанд”.

Ин шахс мегӯяд, Бузургмеҳр Ёров маблағи ӯро гирифта, бозпас надодааст. Сарвиноз яки дигар аз тазоҳуркунандагон гуфт, “дари намояндагии Иттиҳоди Аврупоро кӯфтем, ба шатта задем, ки ягон нафар ба додамон расад, вале ҳеҷ кас садо надод. Ман баъди он ки дар Фейсбук хондам, ки Созмони Милал ва Иттиҳоди Аврупо талаб кардаанд, ки Бузургмеҳр Ёров озод карда шавад, ба ин ҷо омадам ва мехостам пурсам, ки қарзи моро бояд пардозад. Вай аз ман 3 ҳазор доллар қарздор аст модарашу наздиконаш мегӯянд,ки ҳеҷ чиз намедонанд. Чӣ кор кунем додамонро ба кӣ гӯем.”

Эътироз ба раҳоии вакили мудофиа Бузургмеҳр Ёров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Даъвои ин ширкаткунандагони тазоҳуротро санҷидан ва тасдиқ кардан аз имкон берун аст, аммо талаби асосии онҳо ин аст, ки Ёров озод карда нашавад. Ба пурсиши он ки агар ӯ озод карда нашавад, пулатонро кӣ хоҳад пардохт, ҳамсӯҳбатони мо посух надоданд.

Самад Ҳамдамов, яке аз норозиёни дигар низ мегӯяд, чанд рӯз пайваста дар шабакаҳои хабарӣ озодии Бузургмеҳр Ёров талаб карда мешавад: "Марҳамат, қарзу зарарҳои маънавию моддии моро пардозанд, Бузургмеҳрро гиранду баранд. Моро фиреб дод, ки ҳатман баҳси судиро мебурем, мо рӯҳбаланд шудем, лекин ҳоло ҳам пулу хонаҳоямонро аз даст додем, бемор шудем, ҳамаи инро ҷамъ кунем 120 ҳазор доллар мешавад. Соатҳои дароз дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо ҷамъ шудем, ҳеҷ кас ба додамон нарасид ба наздамон набаромад”, - гуфт шаҳрванде, ки худро Самад Ҳамдамов ном гирифт.

Дар ҳамин ҳол Ҷамшед Ёров, бародари Бузугмеҳр Ёров аз тариқи шабакаи иҷтимоӣ гуфт, намедонад теъдоди ҷабрдидаҳои Бузургмеҳр Ёров аз куҷо ба 150 нафар расидааст, вале расман бар асоси шикояташон онҳо ҳудуди 18 нафаранд. Вай гуфт 18 нафар ба додгоҳ ариза навишта буданд. Ин нукта ҳам номаълум мемонад, ки чӣ гуна ҳамаи "ҷабрдидаҳо" дар як тазоҳурот гирди ҳам омаданд, дар ҳоле ки аксарияти онҳо мегӯянд, бо ҳам машварате накардаанд. Ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ширкаткунундагони тазоҳуроти беиҷозат имкон доданд, бо шиору лавҳаҳо дар назди дафтари намояндагиҳои байнулмилалӣ ҷамъ оянд ва ҳатто дарвозаи онро лагад зананд.

Иттиҳоди Аврупо дар як баёнияи расмӣ гуфт, намоиши эътирозӣ байни соатҳои 08:30 то 09:15 сурат гирифт ва эътирози шабеҳи он дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид ҳам будааст. Дар баёния омаааст: "Шиор ва навиштаҷотҳо ба парвандаи ҳуқуқшиноси боздоштшуда Бузургмеҳр Ёров ва мулоҳизоти охирини гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона ишора доштанд. Дар ин замина, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон эътимоди устувори худро ба ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ба изҳори ақида ба таври озодона ва осоишта баён менамояд. Намояндагии Иттиҳоди Аврупо инчунин аҳамияти эҳтироми тамоми озодиҳои асосӣ, аз ҷумла озодии баён ва волоияти қонунро таъкид менамояд."

Дар видеоҳое, ки як корбар ба Радиои Озодӣ фиристод, дида мешавад, ки чӣ гуна ин афрод ба назди дари қароргоҳи Иттиҳодияи Аврупо меоянд ва яке бо лагад ба дар мезанад ва посбон ҳам оромона ба ӯ нигоҳ мекунад ва пеши роҳашро намегирад. Дар ин видео, баъзеҳо дод мегӯянд, ки чаро дигар кишварҳо ба умури дохилӣ ва сиёсати Тоҷикистон дахолат мекунанд.

Вебсайти ҳафтаномаи “Фараж”, бо нашри хабари тазоҳурот ҳамчунин аксҳоеро нашр кардааст, ки нишон медиҳанд, чандин нафар дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ҷамъ омадаанд ва шиорҳои зидди Бузургмеҳр Ёровро дар даст доранд. Дар яке навишта шудааст, ки “Бузургмеҳр Ёров, ҷинояткори байналмилалӣ ва ҷосуси Ғарб аст.” Дар шиори дигаре омадааст, ки Созмони Милал ва Иттиҳодияи Аврупо дар ғами Сурияву Яману Афғонистон бошанд, на ғами “ҷинояткоре мисли Ёров”.

"Тазоҳурот" ба зидди Бузургмеҳр Ёров дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

Вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015, баъди омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ дастгир ва ба ҷиноятҳои гуногун аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири президент муттаҳам шуд. Додгоҳ соли 2017 ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Аммо худи ӯ ва тарафдоронаш гуфтаанд, ки тамоми иттиҳомот беасосанд ва ангезаҳои сиёсӣ доранд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳам ӯро бегуноҳ медонанд. Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, Бузургмеҳр Ёровро озод кунанд.

Чанде пеш як гурӯҳи кории ҳомии ҳуқуқи инсон дар Созмони Милал ҳам баъди баррасии парвандаи Бузургмеҳр Ёров ба ин хулоса расид, ки боздошту муҳокимаи ӯ бо қонуншиканиҳои зиёд сурат гирифтааст ва ҳуқуқи ӯро дар бисёр мавриди зери по кардаанд. Гурӯҳ аз давлати Тоҷикистон хост, ӯро фавран аз зиндон озод кунад ва барои нақзи ҳуқуқи ӯ ҷуброн бипардозад. Тазоҳургарон гуфтаанд, ки "ӯ бояд дар зиндон бошад ва ҷуброн ҳам пардохта нашавад."

Дар Тоҷикистон, ки ҳама арсаҳо зери назорати сахти мақомот қарор доранд, тазоҳуроти беиҷоза мамнӯъ аст ва бисёриҳо гирдиҳамоӣ дар назди қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милалро кори мақомоти расмӣ меноманд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамаи ин тазоҳуротро сохтакорӣ меноманд. Як корбари Радиои Озодӣ дар шарҳе, ки фиристод, гуфтааст, агар дар Тоҷикистон тазоҳурот иҷоза бошад, чаро барои озодии баён эътироз намекунанд. Бисёре аз корбарон гуфтаанд, ки ин як "саҳнасозии мақомоти расмӣ аст." Як нафари дигар навиштааст: "Ин як спектакл аст ва дар нақшҳои асосӣ одамони ҳукумат."

Айни гирдиҳамоиҳо дар гузашта дар назди қароргоҳи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва сафорати Амрико дар Душанбе сурат гирифтааст ва дар аксҳое, ки “Фараж” нашр кардааст, афродеро метавон дид, ки дар гирдиҳамоиҳои гузашта низ буданд. Дар ин аксҳо ҳамчунин дида мешавад, ки бисёре аз “тазоҳургарон” симои худро пинҳон кардаанд ва ё нахостаанд, ки дар акс ё видео дида шаванд.

Шарҳҳоро бинед (135)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG