Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури манъи амри маъруф нобинои тоҷикро асабонӣ кард. ВИДЕО


Содиқҷон Бачгонов мегӯяд, амрҳои маъруфе, ки пахш мекард, мӯҳтавои сиёсӣ надоштанд.

Як корманди Корхонаи нобиноён дар ноҳияи Ҳисор мегӯяд, Саъдулло Норов, нозири танзими анъана ва расму оини маҳалли зисташон пахши як соати амри маъруф аз тариқи радиоузели корхонаро манъ кардааст.

Содиқҷон Бачгонов, ки худаш ҳам нобиност, рӯзи 25-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пули радиоузелу дастгоҳҳои лозим ба онро як шайхи араб ба ӯ додааст. Худаш гардонандаи барномаҳои радиоӣ аст. Мегӯяд, субҳ соати 8 барномаҳои Радиои Имрӯзро нашр мекунад ва ҳар рӯзи ҷумъа ду соат суолу ҷавоби рӯҳониён бо эътиқомандон ҳам пахш мешаванд.

Содиқҷон Бачгонов: "Рӯзи ҷумъа (нозир) омада, утоқи ман даромад ва хост, флешкорти амри маъруфро мусодира кунад. Ман нагузоштам. Гуфтам ба кадом асос намегузорӣ, амри маъруф пахш шавад? Магар ҳамин хел қонун ҳаст, ки амри маъруф пахш нашавад.»

Ҷанҷоли пахши амри маъруфи дусоата дар Ҳисор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Бачгонов мегӯяд, раиси ҷамоат ба ӯ чанд дафъа ҳушдор додааст, ки дигар мавъиза нагузорад, зеро бар асоси қонун манъ аст. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ Саъдулло Норов, раиси ҷамоати деҳоти Ҳисор, бар зидди ӯ ба ҳукумати ноҳия гузориш навиштааст ва ӯ намедонад тақдири радиоузелаш ки ӯву даҳҳо ҳамтақдиронашро имрӯзҳо саргарм мекунад, чӣ мешавад.

Саъдулло Норов масъули бахши дини ноҳияи Ҳисор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳукумати ноҳия шикояте набурдааст, аммо 6 маротиба ҳамроҳи дигар мақомот ба назди ӯ рафта, дастур доданд, ки дигар амри маъруф пахш накунад, зеро нашри маъруф дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст. Бар асоси қонун дар Тоҷикистон, таблиғи ҳаргуна дин дар маконҳои умумӣ мамнӯъ аст ва амри маъруф ва мавъиза низ таблиғи дин ба ҳисоб мераванд.

Аммо Бачгонов мегӯяд, мавъизаҳое, ки ӯ пахш мекунад, моҳияти тарбиявӣ доранд: “Чизҳое, ки ман мемонам, фақат суолу ҷавоб доранд. Бар зидди ягон касам ягон чӣ гуфтагӣ нест, фақат суолу ҷавобро мемонам.” Соли 2016 дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дастур дод, дар назди дӯконҳо, нуқтаҳои фӯрӯши сӯзишворӣ, масҷид ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ раидио узелҳоро насб кунанд. Аз тариқи ин радиоузелҳо асосан барномаҳои радиои давлатии “Ховар” ва радиои “Тоҷикистон” нашр мешаванд.

Давлати Тоҷикистон солҳои ахир барои маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ ва таъқибу фишор ба рӯҳониён мавриди танқиди созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ қарор гирифтааст. Моҳи декабри соли гузашта, Амрико Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои мояи нигаронии хос аз назари муроот накардани ҳуқуқи динӣ шомил кард.

Вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи 20-уми декабр гуфт, Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Куриёи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистон дигарбора ба феҳрасти кишварҳои мояи нигаронии хос шомил шуданд, чунки “озодиҳои диниро ошкоро маҳдуд кардаанд ва ё помол кардани ҳуқуқи мазҳабиро нодида гирифтаанд.”

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG