Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи "маргу зиндагӣ" дар Тоҷикистон мунтазири таъмир


Инҷо як гӯшаи хатарноки роҳ аст

Роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Қулма барои Тоҷикистон шоҳроҳи муҳими стратегии байналмилалӣ ба шумор меравад, вале бо вуҷуди ин қисматҳои зиёди он ноҳамвору хатарнок аст. Солона дар ин роҳ даҳҳо ронандаву мусофир ҷон медиҳанд. Як сабаби фалокатҳои маргбор низ харобии роҳ аст.

Зоир, ронандаи собиқадор аст. Беш аз шаш сол мешавад, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ мусофир мекашад. Аз он ҷо, ки ҳавопаймо ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд парвоз намекунад, талабот ба кори Зоир ҳамеша ҳаст. Роҳи мазкур бо тамоми хатару ноҳамворӣ сокинони вилоят ва онҳоеро, ки қасди сафар ба инҷо дорад, наметарсонад. Зоир мегӯяд: “Аз ҳама қисмати хароби роҳ аз Ёгед то Қалъаи Хумб ва то ноҳияи Ванҷ ва Рӯшону Хоруғ аст. Ҳоло дар ноҳияи Рӯшон корҳое шуруъ шудааст, баъзе ноҳамвориҳоро бо хоку рег пур мекунанд.”

Ӯ мегӯяд, тобистон роҳи 620 километриро, тақрибан дар 12-13 соат мераванд, вале зимистон ба далели шароити бад сафар то як шабонарӯз ва бештар аз он тӯл мекашад. Ба ақидаи ӯ, агар роҳ дуруст бошад, вақту сӯзишвории зиёде сарфа мешавад: “Агар роҳро комилан таъмир кунанд, сафар то 4-5 соат камтар мешавад. Яъне имконпазир мешавад, ки аз Душанбе ба Хоруғ дар 8-10 соат бирасед.”

Дар даврони истиқлол тамоми шоҳроҳо аз Душанбе ба минтақаҳо ба шеваҳои гуногун бозсозӣ ва навсозӣ шуданд, ба истиснои роҳи асосии вилояти Бадахшон аз Қалъаи Хумб то Хоруғ ва идомаи он то сарҳади Чин. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ ин роҳ аҳамиёти зиёд дорад, зеро молҳои асосӣ аз Чин ба Тоҷикистон аз ҳамин роҳ ворид мешавад.

Мунтазири қарз барои таъмир

Суҳроб Мирзозода, муовини аввали вазири нақлиёт рӯзи 17-уми июл ба “Азия-плюс” хабар дод, ки Тоҷикистон бо Чин дар бораи ихтисоси 230 миллион доллар барои бозсозии роҳи Қалъаи Хумб-Рӯшон гуфтушунид дорад. Ба гуфтаи ӯ, дарозии ин қитъа 92 километр аст ва тамоми маблағ барои таъмири ин роҳ масраф мешавад. Дар ояндаи наздик мутахассисони чинӣ ба Тоҷикистон, барои мутолиоти фанниву иқтисодии тарҳ меоянд. Муовини вазири нақлиёт ҳамчунин гуфтааст, ки корҳои навсозиву таъмир дар қитъаҳои Ширговад-Дарвоз ва Кӯлоб-Шӯрободи роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Қулма оғоз шудааст.

Мувофиқи маълумоти вазорати нақлиёт, барои бозсозии роҳи Қалъаи Хумб-Ванҷ, ки 80 км аст, 238 миллион доллар зарур аст. Харҷи таъмири шоҳроҳи Ванҷ-Хоруғ, ки 163 км тӯл дорад 200 миллион доллар будааст.

Дамир, ронандаи яке аз ширкатҳоест, ки ба далоили корӣ ҳамеша аз Душанбе ба Мурғоб бо мошини хидматӣ меравад. Ба гуфтаи ӯ, вазъи роҳ аз Дарвоз то Хоруғ ва аз он ҷо то Мурғоб сол то сол бадтар мешавад. Ба гуфтаи ӯ, агар аз Дарвоз то Кӯлоб роҳ ҳамеша таъмир мешавад, вале ба роҳе, ки ба Хоруғ меравад, аҳамият намедиҳанд.

Дамир ба Радиои Озодӣ гуфт, нақши мошинҳои азими боркаш дар вайрон шудани роҳ кам нест: “Пештар, замоне, ки мошинҳои бузурги боркаш набуд, роҳ аз Хоруғ то Мурғоб хубтар буд. Баъдан бештар шуданд ва ядакҳои пурбор (притсеп) ҳам доранд. Маълум нест, онҳоро кӣ ва чӣ гуна тафтиш мекунад.” Ҳоло ба қавли Дамир, ҳаракати мошинҳо аз Чин хеле коҳиш ёфтааст, вале дигар корашонро карданд.

Зимнан, аз ҳама гаронтарин қитъаи бозсозишавандаи роҳи Душанбе – Қулма минтақаи Хоруғ-Қулма аст, ки дарозияш 395 километр дарозӣ дорад. Арзиши ибтидоии тарҳи таъмири он 568 миллион доллар ҳисоб шудааст. Ин қитъа қисме аз шоҳроҳи Ош-Мурғоб бо дарозии 700 км аст, ки соли 1937 бунёд шудааст. Баъди фурӯпошии Шӯравӣ ба қисмати тоҷикистонии роҳ таваҷҷӯҳе нашудааст, дар ҳоле, ки қисмати қирғизии он, ки ин кишварро ба Чин мепайвандад, солҳои 2007-2012 комилан бозсозӣ шуд.

Мошинҳои вазнин дар роҳҳои наҳиф

Моҳи майи имсол Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони хадамоти назорат дар соҳаи нақлиётро ба далели нигаҳдории номуносиби роҳҳо сахт танқид кард. Ӯ гуфт, ки ба роҳҳое, ки бо миллионҳо доллар қарз таъмир шудаанд мошинҳои гаронвазни то 80 тоннаиро роҳ додаанд, ки ҷодаро пора мекунанд. Баъдтар, 15-уми май вазири нақлиёт ва раиси Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар вазорати нақлиёт бидуни бурдани ном гуфтанд, ки агар тибқи қонун вазни умумии нақлиёти воҳид набояд аз 40 тона боло бошад. Воқеият ин аст, ки вазни мошинҳо аз 67 то 120 тонн аст, дар ҳоле, ки ин роҳҳо дар замони шӯравӣ ҳамагӣ барои бардошти 30 тонна пешбинӣ шудаанд. Ба гуфтаи манбаъи мо, пештар касоне, ки масъули баркашидани мошинҳо буданд, онҳоро бо бори зиёдатӣ иҷоза медоданд ва барои ин аз ҳар мошин аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ мегирифтанд. Ба ҷуз ин, ӯ гуфт, ки аксари мошинҳои боркаш аз Чин марбути ширкати “Фароз” мебошанд, ки молики он ба навиштаи расонаҳои ғарбӣ домоди президент Шамсулло Соҳибов аст.

Вазорат гуфт, корҳои пешина такрор намешаванд

Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки мушкили бори зиёдатии мошинҳо дар воқеъ вуҷуд дошт, вале баъди интиқоди президент вазъ ба таври қобили таваҷҷӯҳ тағйир ёфт.

“Дар ҳоли ҳозир тамоми васоили нақлиётро бармекашанд ва тамоми раванд таҳти назорати дақиқ қарор дорад” - гуфт Мирзозода. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, роҳи Душанбе-Хоруғ шоҳроҳи стратегӣ аст ва дорои сатҳи байналмилалист, “аз ин рӯ Тоҷикистон нақша дорад, маблағҳои калонеро барои бозсозии он харҷ кунад.” Ӯ таъкид кард, ки марҳилаи асосии бозсозии роҳи Хоруғ-Қулма баъди он оғоз мешавад, ки кор дар қисмати Қалъаи Хумб-Хоруғ тамом шавад. Вале тамоми маблағи лозим барои сохтмони ин қитъа ҳанӯз пайдо нашудааст.

Барои бозсозии тамоми роҳҳои мошингарди Тоҷикистон ба ҳисоби пешакӣ 2,7 миллиард доллар зарур аст. Роҳҳои аз ҳама гаронарзиш роҳҳои кӯҳистонӣ ва пурпечутоб дар қаламрави вилояти Бадахшон аст, ки аз як сӯ Тоҷикистонро бо Чин ва аз сӯйи дигар бо Покистону Афғонистон мепайванданд. Дар солҳои истиқлол барои рушди зерсохтҳои роҳҳои мошингард 12 миллиард сомонӣ (бештар аз 1,3 млрд доллар) масраф шудааст. Аммо ин суол ки Тоҷикистон метавонад, маблағҳои азими дигар пайдо кунанду ҳамаи роҳҳоро дурусту ҳамвору бехатар созад, суолест, ки посухи мусбат барои он ҳоло вуҷуд надорад.

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG