Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои муҳоҷирони тоҷик бо кордиҳандаи тоҷик дар Русия. ВИДЕО


Муҳоҷироне, ки мегӯянд, истисмор шудаанд.

Даъвои гурӯҳе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки дар хоҷагии деҳқонии як шаҳрванди дигари Тоҷикистон кор мекунанд, то ба додгоҳ ва Хадамоти муҳоҷирати он кишвар расидааст.

Гурӯҳе аз ин муҳоҷирон, рӯзи 21-уми июл бо ирсоли видеое ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки се моҳ аст, дар шаҳри Волгоград дар як хоҷагии кишоварзӣ кор мекунанд ва музди корашонро нагирифтаанд. Дар ин видео, яке аз муҳоҷирони корӣ мегӯяд: “Сӣ нафар кор мекунем, се моҳ шуд, на санадамонро дидем, на пасспортро барои ҳамин муроҷиат кардем, ки ба мо ёрдам расонед.”

Муҳоҷирон дар ин видео шикоят мекунанд, ки рӯзи сиёҳе доранд ва пуле ҳам надоранд, ки ба шӯъбаи умури дохилии маҳалли кору иқоматашон рафта расман шикоят кунанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, дар муддати се моҳ фақат 10 ҳазор рублӣ гирифтаанду халос ва ба муроҷиаташон барои кӯмак дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав касе посух надодааст.

Муҳоҷирон дар ш.Волгоград корпартоӣ доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Аммо кордиҳандаи ин муҳоҷирон Ҳамдам Ҳамдамов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки бештар аз 11 сол дар Русия ба кишоварзӣ машғул аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, иддаоҳои муҳоҷирон асосе надорад ва касе онҳоро истисмор, ё ҳуқуқашонро поймол накардааст. Ҳамдам Ҳамдамов гуфт, баръакс чанд нафар аз ин муҳоҷирон, бар хилофи қарордод амал кардаанд ва мехоҳанд, бо кори кам пули бештар бигиранд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ман барои ба инҷо овардани ҳар яке аз онҳо барои роҳкиро, сабти санадҳо, гирифтани патент, хӯрок, ҷойи хобашон тақрибан 80 ҳазор рублӣ харҷ кардаам. Фақат як моҳ пеш патент гирифтанд ва қарордоди корӣ бастем. Як моҳ бекор буданд.“

Қарордодро риоят намекунанд

Ҳамдам Ҳамдамов, ки дар гузашта устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст, гуфт, ки бар асоси қарордод, коргарон дар хоҷагии кишоварзии ӯ мувофиқ ба ҳосили корашон пул мегиранд. Ӯ афзуд: “Масалан дар ивази ҷамъоварии як халта сабзӣ ба онҳо 40 рубл медиҳам, агар 5 халта ҷамъ овард, 200 мегирад ва агар 10 халта ҷамъ овард, 400 рубл мегирад. Ҳар қадар зиёд ҷамъ оварданд, ҳамон қадар пул мегиранд.“ Ҳамдам Ҳамдамов дар ноҳияи Городишинский 200 гектар замин доштааст ва мегӯяд, бо бақияи кормандонаш, ки бештар аз 150 нафар ва аз Тоҷикистон ҳастанд, ҳеҷ гоҳ мушкиле надоштааст. Бисёре аз муҳоҷироне, ки даъво доранд, сокинони Ҳисор ва Душанбе будаанд.

Соҳибкори тоҷик афзуд: “Инҷо чаҳор панҷ нафар доранд, ки дар як рӯз 3-5 халта мечинанд, аммо дар хоҷагии ман занҳои тоҷике ҳастанд, ки дар як рӯз то аз 50 то 60 халта сабзӣ ҷамъ меоранд. Як зани ланг аст, ҳамин қадар ҷамъ меорад, дар як рӯз. Ин одилона нест, ки ман ба ҳамаи онҳо музди кори якхела бидиҳам.” Ҳамдам Ҳамдамов мегӯяд, ҷойи хобу ғизо низ аз ҳисоби хоҷагӣ аст ва чунин шароитро на ҳама дар Русия ба муҳоҷирони тоҷик пешниҳод мекунад.

Ҳамдам Ҳамдамов ба суол дар ин бора, ки чаро шиносномаҳои муҳоҷиронро дар дасташ нигаҳ медорад, гуфт, азбаски дар гузашта дар қаламрави ноҳия муҳоҷирон ҷиноятҳои сангин аз ҷумла қатл кардаанд, мақомоти пулис ба ӯ машварат додаанд, то санадҳои коргаронро дар дасташ нигаҳ дорад, ки аз онҳо сӯистифода накунанд: Ман инҷо як сейф дорам, дар сейфам меистад. Барои чӣ? Барои онки соли гузашта як муҳоҷири узбек, зани як хитоиро таҷовуз карда, худашро кушта ба қамишзор бурда гӯр кардааст. Нозири милиса омада гуфт, ки санадҳоро худатон баред, ба дасташон нусхаҳоро диҳед, чун дар маҳалли кори шумо сабти иқомат доранд.”

Кордиҳандаи тоҷик гуфт, бо онҳое, ки “ошӯб бардоштанд” сӯҳбат карда ва гуфтааст, ки агар намехоҳанд, корро идома диҳанд, метавонанд, бираванд, вале ҳадди аққал хароҷотеро, ки барои оварданашон кардааст, баргардонанд. Ҳамдам Ҳамдамов гуфт, бо ду нафар чунин мувофиқа кардааст ва онҳо бе ҷанҷолу даъво худашон рафтаанд. Ҳоло ба қавли ӯ, ҳамон як ду нафаре, ки кор кардан намехоҳанд, ин ҷанҷолро бардоштаанд.

Истисмор вуҷуд дорад, аммо...

Саидаҳмад Маҳмадов – раиси Ҷамъияти тоҷикон дар Волгоград, ки рӯзи 20-уми июл барои ҳалли моҷаро рафтааст, гуфт, бо вуҷуди онки истисмори муҳоҷирони тоҷик дар Русия вуҷуд дорад, аммо дар ин моҷаро чанде аз коргарон гунаҳкоранд. Ба қавли ӯ, аз байни 30 нафар танҳо се чаҳор нафарашон ҷанҷолӣ ҳастанд, ки моҷаро бардоштаанд, чун кор кардан намехоҳанд. Ӯ афзуд: “Ман худам ба онҳо фаҳмондам, ман ба шумо замонат медиҳам, ба фарзандонам қасам тамоми пуле, ки кор мекунед, мегиред, ман худам санадҳои шуморо оварда ба дастатон медиҳам, аммо гуфтанд, ки ба кори мо дахолат накунед.”

Моҷаро то ба ҷое расидааст, ки ҳам муҳоҷирони тоҷик ба мақомот ва ҳам кордиҳанда ба додгоҳ муроҷиат кардаанд. Ҳамдам Ҳамдамов гуфт, ки ӯ қарордоди кориро яктарафа қатъ мекунад ва дигар коргаронеро, ки намехоҳанд, дар хоҷагии ӯ корро идома диҳанд, ҷавоб медиҳад.

Истисмор ва ё сӯистифода аз нерӯи муҳоҷирони тоҷик дар Русия зиёд ба назар мерасад, аммо дар бораи моҷаро байни кордиҳандаи тоҷик ва коргаронаш аз Тоҷикистон зиёд гузориш нашудааст. Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, танҳо дар соли 2017 мусоидат кардааст, ки кордиҳандаҳо дар Русия 30 миллион рубли муҳоҷирони тоҷикро бипардозанд. Таваққӯъи маоши баланд, бо кори камтар ва ё надонистани қавонини корро аз сабабҳои сӯитафоҳум байни муҳоҷирони кории тоҷик ва кордиҳанда меноманд.

Шарҳҳоро бинед (25)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG