Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бештар шудани даъво сари хонаҳои ҷанҷолии соли 1992. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Як зани рустабор, ки замони ҷанги дохилӣ Тоҷикистонро тарк кардааст, баъд аз 26 сол ба Душанбе баргашта мехоҳад, хонаашро бозпас бигирад. Татяна Ореховаи 66-сола мегӯяд, баъди бозгашт ба хонааш дар хиёбони Асадулло Ғуломов рафт ва дарҳои онро баста ёфт.

Баъди кӯфтани дар нафари ношиносе берун омад ва гуфт, ки инҷо зиндагӣ мекунад ва ӯро намешиносад. Хонум Орехова баъдан бо ду нозири милиса ба хона баргашта ва бо сокини он сӯҳбат кардааст ва тавсия гирифтааст, ки барои собит кардани соҳибмулк буданаш ба додгоҳ муроҷиат кунад. Аммо дар додгоҳи ноҳияи Сино, дар додгоҳи Душанбе ва ҳам Додгоҳи олӣ қарор содир кардаанд, ки Татяна Орехова дигар соҳиби ин хона нест. Ӯ субҳи 19-уми июл мехост дар назди бинои сафорати Русия дар Душанбе эътироз кунад, аммо маъмурони амниятӣ монеъ шуданд. Орехова шикоят кард, ки дар Тоҷикистон “қонун нест” ва афзуд, ки талошҳояшро барои бозпас гирифтани хонаи меросмонда аз волидайн идома медиҳад.

Бештар шудани даъво сари хонаҳои ҷанҷолии соли 1992
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Сафорати Русия ба ман иҷоза надод, ки на дар дохили ҳавлӣ ва на берун аз он эътироз кунам. Ман фақат ба унвони шаҳрванди Русия хостам, аз мақомотталаб кунам, ки дар ҳимояи ҳуқуқам кӯмак кунанд. Баъди бозгашт ба Маскав дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия эътироз ва ҳаққи худро талаб мекунам.” Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои сӯҳбат бо сокини хонаи даъвоӣ ба онҷо рафтанд, вале ӯ дарро боз ва сӯҳбат накард. Вале ба гуфтаи Татяна Орехова, сокини хона дар муҳокимаҳои додгоҳӣ гуфтааст, ки соли 1993 хонаро аз модараш 1300 доллар харидааст, ҳарчанд санади расмӣ надорад. Дар қарорҳои додгоҳ омадааст, ки ба сабаби сипарӣ шудани мӯҳлати даъво барои моликият дигар ӯ ҳаққи талаб кардани хонаро надорад.

Ҳуқуқдон мегӯяд, Орехова ҳаққи моликият дорад

Барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ якҷо бо Татяна Орехова озими манзили Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдони тоҷик ва раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон шудем. Баъд аз ошноӣ бо санадҳо Раҳматилло Зойиров гуфт, ҳукми додгоҳ ғайриқонунӣ аст.

Вай афзуд: “Қарори додгоҳ дар бораи соҳибмулк донистани Муродов дар манзили волидайни Татяна Орехова соли 2015 содир шуда, худи соҳибмулк аз он танҳо дар моҳи феврали соли ҷорӣ огаҳӣ ёфтааст. Қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ки баъд аз гирифтани иттилоъ дар бораи қарор даъвогар дар тӯли се сол ҳаққи шикоят аз он дорад. Гузашта аз ин, тибқи қонунгузориҳои байналмиллалӣ ва Тоҷикистон ҳатто баъд аз 100 сол ҳам соҳибмулк, агар манзил ё дороии худро расман нафурӯхта бошад, даъвои бозпас гирифтанашро карда метавонад.”

Вакили дифои Татяна Орехова аз шарҳи ин қазия худдорӣ кард, вале гуфт, ки дар як моҳи ахир Татяна Орехова севвумин шаҳрванди собиқи Тоҷикистон аст, ки аз Русия баргашта, даъвои манзил мекунанд. Ҳуқуқдон гуфт, ки тавонистааст, дурустии даъвои ду мизоҷашро собит кунад ва онҳо соҳиби манзили худ шудаанд.

То оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 дар шаҳри Душанбе ҳудуди 700 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд, ки беш аз 60 дарсади онҳоро рустаборон ташкил медоданд. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ аксари рустаборон ва намояндаҳои қавмҳои дигар аз Душанбе рафтанд. Волидайни Татяна Орехова, ки геолог будаанд дар Душанбе манзили дуҳуҷрагӣ доштаанд.

Даъво ба сари хонаҳои холишуда дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон солҳои пеш низ бисёр зиёд буд, чун баъзе аз хонаҳоро теъдоде аз ҷангсолорон бо зӯр ва ё бо тағйири санадҳо тасарруф карданд. Баъди баргаштани оромӣ дар соли 1998 ва солҳои баъд баъзе аз соҳибони воқеӣ тавонистанд, хонаҳояшонро бигиранд, аммо теъдоди онҳое низ кам нест, ки ҷангу бесарусомонии 5 сола дар Тоҷикистон онҳоро аз моликияташон маҳрум кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG