Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муносибати пулиси Русия бо муҳоҷирони тоҷик ва беэътиноӣ ба қонун дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Саҳнаи боздошти Дилшод Қараев, як муҳоҷири тоҷик дар Маскав, ки видеояш дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Инстаграм ва Фейсбук нашр шуд, бисёре аз корбаронро ба ғазаб овардааст, ки зери ин видео беш аз 1000 шарҳ гузоштаанд. Дилшод Қараевро ба сабаби надоштани санад рӯзи 11-уми июл дар ноҳияи Домодедовои Маскав дастгир карданд. Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна маъмурони пулис бо шеваи дурушт ё дағал ҷавони тоҷикро ба замин меафтонанд ва дастонаш завлона мезананд.

Бисёре аз зиёдеро дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Инстаграмм ва Фейсбук ба хашм овардааст, ки гуфтаанд, пулис ҳақ надорад, бо касе чунин рафтор кунад.
Яке навиштааст, ки рафтори онҳо мисли рафтори фашистони Гестапо аст. Корбаре бо номи Белов дар саҳифаи мо дар Фейсбук навиштааст: “Шумо чаро ҳайрон мешавед. Онҳо мардуми худашон, пиразанҳоро, мезананд, магар бо шумо тоҷикон соз мегиранд.”

«Муҳоҷирони тоҷик як умр на санад доранд, на пул»
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

Аммо дар ин миён корбарони зиёде худи муҳоҷиронро танқид кардаанд, ки қонунҳои Русияро риоят намекунанд. Корбаре ба номи Пинста 77 яке аз ин онҳост ва чунин шарҳеро дар саҳифаи мо дар Инстаграмм гузоштааст: "Албатта рафтори маъмурони пулис ғайриқобили қабул аст ва бояд онҳоро ҷазо диҳанд. Аммо эй мардум, вақте ба кишвари бегона меоед, қонунро риоят кунед, мушкиле ҳам намешавад. Агар санадро гум кардӣ, аз сафорат бигир, то ин пагондорон азобатон надиҳанд. Чаро зиндагиатонро мушкил мекунед.»

Фловдолс ҳам айни гапро дар Инстаграм гуфтааст ва аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия хостааст, ки шикоятро камтар кунанд ва фақат қонунҳоро риоят намоянд, то ба дарди сар гирифтор нашаванд. Ӯ чунин гуфтааст: “Ин муҳоҷирони тоҷик як умр на санад доранд, на пул. Доимо дар проблема ғӯтидаанд. Санад ки надорӣ, магарам, ҳамин корро кунанд. Кишвари бегона омадӣ, қонунҳояшро риоят кунед.”

Корбаре, бо номи Зоҳирҷон 0007 ҳам дар Инстаграм гуфтааст, ки ягона роҳи халосӣ аз дарди сар ва наафтодан ба дасти маъмурони пулис риояти қонун аст. Ӯ чунин навиштааст: “Санадҳоро қонунӣ карда, гаштан лозим аст. Қонунҳои кишвари бегонаро риоят кардан даркор аст. Милиса бе асос дастгир накардааст ин ҷавонро.”

Аммо онҳое, ки видеоро фиристоданд, гуфтанд, маъмурони пулис аз муҳоҷири тоҷик 10 ҳазор рубл ришва хостааст ва чун ӯ пулро надодааст, дастгир карданд, то ба идораи пулис баранд.

Корбарони зиёде бо истифода аз фурсат, рафтори маъмурони милиса дар Тоҷикистонро танқид карда ва гуфтаанд, ки онҳо ҳам айни пулиси Русия рафтор мекунанд. Меҳроҷиддин Илҳомзода дар Фейсбук навиштааст: “Агар милисаҳои мо дар ҷои инҳо бошанд, аз онҳо бадтар мекунанд.” Корбари дигаре дар Инстаграм бо номи Самиев4206 ҳам айни шарҳро навиштааст, ки ҳамроҳ мехонем: “Дар ватани худи мо милисаҳо аз ин бадтар мекунанд. Мо дар ягонҷо аз ҳуқуқи худамон дифоъ карда наметавонем.”

Абдураҳмон9963 ҳам дар шарҳе, ки дар Инстаграмм гузоштааст, гуфтааст, ки аз рафтори пулиси Русия ҳайрон нашавед ва маъмурони милиса дар Тоҷикистонро мисол овардааст, ки чӣ гуна бо шаҳрвандон муносибат мекунанд: “Ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб нест, ки бо мо чиҳо мекунанд, зеро мо барои онҳо бегонаем. Аз ин ҳам бадтар манзараҳоест, ки дар сарзамини соҳибистиқлоламон рӯй медиҳад, ки оддитаринаш "облава" мебошад.”

Дар ин миён корбаре бо номи МР 1333 ба мушкили бунёдӣ, яъне бекорӣ дар Тоҷикистон ва ҳузури зиёди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ишора кардааст, ки беш аз як миллион нафаранд. Ӯ кӯтоҳ ва забони русӣ чунин шарҳеро дар саҳифаи мо дар Инстаграм гузоштааст: “Ман умедворам, ки рӯзе дар кишвари мо ҷойҳои корӣ зиёд мешавад ва ҳеҷ яке аз бародарон ва ё хоҳарони мо ба ин кишвар намеоянд.”

Албатта шумо ҳам назаре доред ва мехоҳед бигӯед. Пас нависед, ё дар видео сабт кунеду бифристед. Ба рақами (+420) 607 900 808. Аз тариқи Вотсапп, вайбер ва ё Телеграмму Имо.

XS
SM
MD
LG