Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷол дар Исфара ва муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


OZODI ONLINE SCREENSHOT
OZODI ONLINE SCREENSHOT

Ҷанҷолу сангандозӣ байни тоҷикону қирғизҳо дар марзи ду кишвар, баҳси бепоёни ҳиҷобпушӣ дар Душанбе ва масъалаи фиристодани пул аз Русия ба Тоҷикистон мавзуҳои суҳбати имрӯзи барномаи Озодӣ Онлайн аст.

Аммо видеои нахустине, ки дар ин барнома мебинед, дар воқеъ тарснок аст ва муаллифаш мегӯяд, ки "Кӯлоб ба шаҳри пластикӣ табдил ёфтааст." Ӯ хостааст, бо фиристодани ин видео аҳамияти покиза нигаҳ доштани муҳити зистро нишон бидиҳад.

Ду видеои дигаре, ки гирифтем, ҳарду дар бораи як мушкили ҷиддиест, ки шумо ҳар рӯз менависед ва он ҳам мушкили интиқоли пул аз Русия ва гирифтани он дар Тоҷикистон. Ду ҷавони дигари тоҷик аз Русия ба Радиои Озодӣ муроҷиат карданд, ки додашонро ба раҳбарони Тоҷикистон бирасонем вале нахостанд, ки худашонро нишон бидиҳанд. Дар барнома бубинед, чӣ мегӯянд. Муҳоҷири дигар Ёқутистони Русия видеоро фиристод ва гуфт, агар барои пул фиристодан аз хона берун ояд, уро сармо мезанад.

"Суханони моро ба Эмомалӣ Раҳмон бирасонед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Ҷанҷол дар ноҳияи марзии Исфара ва сангандозӣ байни тоҷикону қирғизҳо мисли ҳамеша баҳс барангехт ва бахусус дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграмм. Салтанат Мусанова дар бораи моҷарои рӯзи 18-уми декабр навиштааст: “Дӯстона зиндагӣ кунед, миллати бад вуҷуд надорад. Пеш аз ҳама инсон бошед.” Умар Мирзоев хостааст, бо такя ба эҳсосоти динии корбароне, ки яке тоҷикон ва дигарӣ қирғизҳоро ба барангехтани ҷанҷол муттаҳам кардааст, онҳоро ба оштӣ даъват кунад. Ӯ навиштааст, “Ба Худо қасам. Мо мусулмонон ба ҳадде шудаем, ки барои як порча замин омодаем гулуи ҳамдигарро пора кунем.

Корбаре, ки нахостааст, номашро бигуяд, дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, роҳи ҳал осон аст. Ба қавли ӯ, " 5 кишвари Осиёи Марказӣ иттиҳоди ягонаро ташкил кунанд ва ҷазирақаламравҳоро манбаи дустӣ ном гузоранд, тиҷорату додугирифтро зиёд кунанд ва аз пойбандии дигар кишварҳо халос шаванд."

Шумо чӣ назар доред. Дар вебсайти мо нависед ва ё назари худро сабт карда, аз тариқи Телеграму Вайберу Вотсапп ба ин шумора бифристед: (+420) 607 900 808

XS
SM
MD
LG