Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи сояи муҳоҷири ёвонӣ, сарзаниш барои Иди каду дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Дар барномаи имрӯз азоби муҳоҷирон ва гуфтугӯи сояи яке аз онҳоро мебинед. Баҳси доғе, ки Иди каду дар Душанбе барангехт, қисми дигаре аз барномаи имрӯз аст.

Ҳафтаи гузашта дар Душанбе Иди кадуро ҷашн гирифтанд ва даҳҳо нафар зери гузориши Радио Озодӣ дар бораи ин ид шарҳ гузошта ва мақомотро танқид кардаанд, ки коре надоранд, ки иди кадуро таҷлил мекунанд. Корбаре, ки худро "Аз бекори Кадукорӣ" муаррифӣ кардааст, чунин мегӯяд:

"Хуб мешуд, ҳукумати Тоҷикистон аз пайи беҳтар кардани шароити зиндагии халқ, офаридани ҷойи корӣ барои муҳоҷирон ва беҳтар кардани ҳуқуқи инсон мешуданд. Вақте зиндагии халқ хуб шавад, дигар муҳоҷир истеҳсол накунем ва ҳуқуқамон поймол нашавад, баъд метавонем, иди каду, редискаву шалғам, пойафзолу ҷорӯб ва ғайраро бо ҳам ҷашн гирем".

Гуфтугӯи сояи муҳоҷири ёвонӣ ва сарзаниш барои Иди каду
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00

Корбари дигаре бо номи Душанбе гуфтааст, азбаски дар Тоҷикистон мушкилот зиёд аст, мақомот мехоҳанд, бо таҷлили чунин ҷашнҳо таваҷҷуҳро ба дигар самт бикашанд. Ӯ мегӯяд, "ин як усули сиёсат аст. Вақте проблемаҳои иқтисодии мардум бештар шуд, давлат ягон идро ташкил мекунад, ки ҳама дар фикри ид бошанд ва шикоят накунанд. Хуллас, ин иди кадуву пиёзу боимҷон хокпошӣ ба чашми мардум аст".

Аммо корбари беноме онҳоеро, ки Иди кадуро масхараву танқид кардаанд, сарзаниш кардааст. Ӯ мегӯяд, "барои шумо ҳама чиз хандаовар аст. Ягон навигариро дидан намехохед. Фақат ба хабарҳои манфӣ аҳамият медиҳеду бас. Иди каду қариб дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Амрико низ ҳаст. Чӣ ҷойи ғайбат аст. Камтар номус кунед",-гуфтааст ӯ.

Корбари дигаре бо номи "Муаллим" ҳам тарафдори ташкили чунин идҳо будааст, ки дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст: Ман тарафдори ташкили чунин идҳо ҳастам. Деҳқононро барои сабзонидани чӣ каду ва ё пиёзу картошкаву ва себу анор ҳавасманд мекунад". "Магар ин хуб нест?" - пурсидааст ӯ.

Видеову аксу назарҳои худро ба мо фиристед. Ба ин шумораҳо ва аз тариқи Вотсапп Вайбер, Телеграм ва ё ИМО. +420 607 900 808; +992 980 15 10 10, +420 724056681; +420 724053959

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Аз боҷу андоз озод карданд, оё гӯшт дар Тоҷикистон арзон шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
XS
SM
MD
LG