Пайвандҳои дастрасӣ

"Фарзандони беназорат, дузду зинокор ва ҷасорат" дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Ozodi Online screenshot

Дар "Озодӣ Онлайн" имрӯз асосан дар бораи беназорат мондани кӯдакон суҳбат мешавад ва ҳам дар ин бора, ки чанд фарзанд доштан хуб аст. Панҷ, чаҳор ё севу ду? Видеоҳои ҷолиби шумо аз рӯзи ид ва роҳҳои Душанбе бахше аз барнома аст.

Аввали ин ҳафта дар вебсайти Радиои Озодӣ баҳс дар бораи таваллуд зиёд буд, ки оилаи тоҷик бояд чанд фарзанд дошта бошад. Ҳукумат мегӯяд, азбаски ҷуфтҳои зиёде дар Тоҷикистон роҳҳои пешгирӣ аз ҳамли нохостаро намедонанд, барои ҳамин фарзанди зиёд доранд. Ҳоло барнома ин аст, ки бо тақсими рифола ва роҳҳои дигар дар се соли оянда пеши роҳи тақрибан ним миллион таваллуди нохостаро бигиранд.

Оромшоҳ шарҳи дарозе дар ин бора навиштааст: "Фарзанди бисёр ба дунё меорему аҳамият намедиҳем. Ҳамаашон дузду зинокор мешаванд. Худову расул ҳам аз фарзанди бетаълиму бетарбия ва зинокор безор."

Фарзандони беназорат, дузду зинокор ва мардонагӣ дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Корбари беноме дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, Тоҷикистон бояд масъалаи демографияро ба танзим дарорад, чун як ё ду фарзанд бас аст: "Танзим лозим аст. На замин дорем, на пешравии иқтисодӣ. Чӣ даркор ҷабр бар сари худамон?"

Корбаре бо номи Салом навиштааст, "магар Чину Ҳинд аз ҷамъияти зиёд зарар дидаанд? Имрӯз ҷамъият худ як бартарӣ аст. Иштибоҳ накунед."

Баҳси доғи дигари ин ҳафта дар Фейсбуку Инстаграм ҳам дар бораи фарзанд буд ва дар бораи наҷоти ду духтар, ки идгардак рафтанду ба об афтоданд. Бисёриҳо ба Каримҷони 17-сола таҳсину офарин гуфтаанд, ки саривақт Мавзунаи 8-сола ва хоҳари 6-солааш Фотимаро аз як шохаи рӯдхонаи Вахш наҷот дод.

Нисо Ҳакимовна дар Фейсбук навиштааст: "Фикр мекунам, модари духтарҳо як умр аз Каримҷон миннатдор мешавад. Ӯ соҳиби ду хоҳар шуд, чун ба онҳо умрди дубора бахшид."

Фарҳод Маҳмадшоев навиштааст: "Офарин барои ҷасорату мардонагӣ, раҳмати калон ба падару модарат ва ҳушдор ба волидоне, ки кӯдакони худро беназорат мегузоранд!"

Шумо ҳам барномаи моро беназорат нагузоред ва назару андешаҳоятонро нависед ва видео ҳам бифристед. Шумо ҳам фаъол бошед ва дар таҳияи ин барнома саҳм гузоред. Метавонед назаратонро дар видео ҳам гирифта фиристед мисли селфӣ.

Шумораҳо барои ирсоли видеову акс ва хабар: +420 607 900 808, ​+420 724 053 959

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Шикояти хешовандони омӯзгори гунаҳкор ба “рафтори шаҳвонӣ”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00
XS
SM
MD
LG