Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аҳзоби бефоида", фоҷиа ва "муҳоҷирони қаҳрамон" дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Дар барномаи имрӯз ба маҳалли садамае меравем, ки ду муҳоҷири тоҷик дар онҷо ҷон додаанд. Дар бораи қадру қимати муҳоҷирон ҳам суҳбат мекунем, ки баъзеҳо онҳоро таънаву маломат кардаанд, чаро дар ватанашон кор намекунанд. Назару андешаҳои шумо дар бораи интихоботу ҳизбҳову вакилон бахши дигари барнома аст.

Як корбари Радиои Озодӣ навореро аз маҳалли фалокате дар вилояти Оренбурги Русия фиристод, ки рӯзи 24-уми ноябр рух дод. Дар онҷо дар як садамаи нақлиётӣ 6 нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Ӯ дар ин видео аз муҳоҷирон мехоҳад, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёт кунанд, то ба чунин ҳодисаҳо дучор нашаванд.

Матлабе бо номи "Муҳоҷирон қаҳрамонанд", ки дар вебсайти Радиои Озодӣ нашр шуд, баҳси зиёдеро барангехт. Дар шарҳи ин матлаб ба суоли муҳоҷир кист, корбаре бо номи Наврӯз чунин посух додааст: "Муҳоҷир касест аз тамоми хушиҳои зиндагӣ ҷудо, аз оғӯши модар дур ва аз пандҳои падар бенасиб. Аз фарзанд ҷудо ва саршор аз ранҷу азоб, ғамдор."

Барномаро дар Ютуб бинед:

Корбаре бо номи "Мигрант" навиштааст, ду ё сесола буд, ки падараш муҳоҷир шуд: "Орзу мекардам, ки калон мешавам ва мехонам ва кор мекунам ва ҳеч касе аз оилаи мо муҳоҷир намешавад. Донишгоҳро хатм кардам ва ҳоло бо падарам дар муҳоҷират ҳастам ва дар вагон зиндагӣ мекунам."

Аммо корбари дигаре бо номи "Демагогияи Максималист" гуфтааст, бисёр шикояту нола накунед, чун муҳоҷирон дар тамоми дунё ҳастанд. Ӯ навиштааст: "Ба олам нигоҳ кунед, тамоми мардуми дунё дар муҳоҷиратанд. Муҳоҷират воситаи рушди миллат аст. Аврупоиҳо барои чӣ пешраву пешсаф ҳастанд. Барои он ки аз муҳоҷират натарсида, дар ҷустуҷуи замин ва манбаъҳои сарват буданд. Тамоми халқи Амрико муҳоҷир мебошанд, мо ғарибӣ гуфта, гиря карда нишастаем."

Барномаро дар инҷо бинед:

"Мансабҳоро тақсим карданд, ба мардум фоидае нест"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Баҳси дигаре, ки ин ҳафта дар саҳифаҳои мо дар Фейсбук ва Инстаграм доғ шуд, дар бораи интихоботу ҳизбҳои сиёсӣ буд.

Корбаре бо номи Фируз Каримов дар бораи огаҳии мардум аз ҳизбҳои сиёсӣ навиштааст, "мардуми мо бештар раҳбарони ҳизбҳои Русияро медонанд, зеро зиндагиашон аз Русия вобаста аст. Аз ҳизбҳои Тоҷикистон ба касе лозим нест, зеро барои мардуми одӣ ягон фоида надоранд."

Исмоил Нурматов ҳам дар саҳифаи мо дар Инстаграм шарҳи кӯтоҳе гузошта ва гуфтааст: "Дурӯғ аст, ҳамаи ин саҳнасозӣ аст, мансабҳоро тақсим кардаанд, барои мардум фоидае нест."

Дар зери ин видео дар вебсайти Радиои Озодӣ корбаре навиштааст: "Ҳизбҳое, ки дар порлумон ҳастанд, фақат барои вонамуд кардани демократия дар Тоҷикистон сохта шудаанд. Ҳама медонанд ва маълум аст, ки кадом ҳизб дар интихоботи ояндаи порлумонӣ ва президентӣ ғолиб мешавад."

Дар поёни барнома аксҳоеро ҷо додем, ки аз Истаравшан фиристоданд. Манзараи зебои рустои Хушекатро рӯзи 26-уми ноябр акс гирифтанд ва ба воситаи Телеграм ба мо фиристоданд. Шумо ҳам мисли ин дӯсти мо акс, видео ё хабаре доред, аз тариқи Телеграм, Вотсапп, Вайбер ва ё ИМО ба мо фиристед. Ба ҳамин рақам: (+420) 607 900 808

Шарҳҳоро бинед (4)

Гузоришҳои видеоӣ

Аз мадрасаҳои Бангладеш наврасони тоҷикро баргардонданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00
XS
SM
MD
LG