Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия, Чин... Тоҷикистон аз ирсоли ҷавонон ба кишварҳои демократӣ парҳез мекунад. Чаро?


Акс аз бойгонӣ

Ҷуғрофиёи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа дар чанд соли охир тағйир ёфтааст. Тағйир ба сӯи кишварҳое, ки низоми давлатдориашон демократӣ шинохта нашудааст ва он чӣ “озодии академикӣ” гуфта мешавад, маҳдуд аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷавонон дар интихоби кишвари таҳсил озоданд, аммо ба иддаои онҳо "гирифтани раводиди Амрико ва кишварҳои аврупоӣ саҳл нест ва онҳо ба Чину Русия ва Қазоқистону Беларус рӯй овардаанд".

Бар асоси омори расмӣ, феълан дар донишгоҳҳои хориҷӣ беш аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Танҳо дар як соли охир ҳудуди 5 ҳазор ҷавон аз Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷ рафтаанд. Беш аз нисфи донишҷӯёни тоҷик дар мактабу донишгоҳҳои олии Русия таҳсил мекунанд.

Давлати Тоҷикистон ду сол боз хадамоти ирсоли донишҷӯён барои таҳсил ба донишгоҳҳои хориҷиро зери инҳисор (монополия)-и худ қарор додааст.

Соли 2017 дар фосилаи чанд моҳ Вазорати маориф ширкатҳои “Мултикид” ва “ТМ-International”-ро аз ҳаққи интиқоли ҷавонон барои таҳсил дар хориҷа маҳрум карда, созмони “Scorp”-ро пурра баст. Ин се ширкате, ки ба фиристодани донишҷӯён ба таҳсил дар донишгоҳои кишварҳои аврупоӣ, Амрико ва Осиёи Ҷанубӣ машғул буданд.

Сафари донишҷӯёни тоҷик тавассути барномаи “Work and travel” низ бо дархости Тоҷикистон қатъ гашт ва шумори донишҷӯёни тоҷик дар Амрико аз соли 2015 инҷониб ҳар сол 5-6 дарсад коҳиш меёбад. Айни ҳол дар донишгоҳҳои ин кишвар каме беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил доранд.

Вазорат дар шарҳи қатъи фаъолияти ин марказҳо гуфт, худ барои таҳсили ҷавонон дар хориҷа бо даҳҳо кишвару донишгоҳҳои ҷаҳон қарордод дорад ва довталабон метавонанд, ба ин восита таҳсилро идома диҳанд.

Бино ба омори Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф, ки ҳамакнун сафари донишҷӯёнро ба хориҷа зери назорат дорад, дар соли 2018 беш аз ҳама довталабон ба донишгоҳҳои Русия шомил шудаанд. Соли гузашта ба донишгоҳҳои Русия 4370 нафар, дар Чин 243 нафар ва дар Қазоқистон 77 донишҷӯ пазируфта шудаанд.

Ба ин минвол натанҳо умури таҳсил дар хориҷа дар Тоҷикистон пурра зери дасти Вазорати маориф ва илм қарор гирифт, балки тадриҷан ҷуғрофияи таҳсили донишҷӯён низ ба ҷониби кишварҳое майл кард, ки демократӣ эътироф нашудааанд.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 24-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хадамоти ирсоли донишҷӯён ба хориҷа як соҳаи пурдаромад аст ва комилан зери назорати Вазорати маориф ва илм гузаштани он ҳам метавонад бештар ангезаҳои молӣ дошта бошад.

Аммо, ба қавли ӯ, ба сӯи кишварҳои тоталитарӣ ва ғайридемократӣ тағйир кардани ҷуғрофияи таҳсили донишҷӯёни тоҷик эҳтимол бинобар мулоҳизоти сиёсӣ сурат гирифтааст.

Муллоҷонов афзуд: “Дар Русия, Чин ва кишварҳои дигари ғайридемократӣ тарзи таълим шакли ғарбӣ надорад. Усули ғарбии таълим тафаккури интиқодиро рушд медиҳад. Масъалаҳои вобаста ба демократия ва арзишҳои демократӣ дар мактабҳои олии кишварҳои ғарбӣ таълим дода мешавад. Дар донишгоҳҳои Русия ва ба вижа Чин, албатта, ин чиз нест. Мақомот фикр мекунанд, ки агар ҷавонони зиёд дар кишварҳои ғарбӣ таҳсил кунанд, фикрашон дигар мешавад. Аз ин рӯ, инро намехоҳанд”.

Исматулло Шодиев, раиси Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, бештар шудани донишҷӯёни тоҷик дар Чин бинобар рушди босуръати ин кишвар аст, ки ба дувумин иқтисоди бузурги ҷаҳон табдил шудааст.

“Чин ба донишҷӯён стипендияи хуб ҳам медиҳад. Аз ин рӯ, волидон ва ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки дар ин кишвар таҳсил кунанд ва барои ояндаи рӯшане худ замина гузоранд”, -- гуфт ӯ рӯзи 24-уми август ба Радиои Озодӣ.

Шодиев афзуд, марказ бо донишгоҳҳо аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иртибот барқарор кардааст ва ҷавонон дар интихоби кишвари таҳсил озоданд. Ба суоли он ки “чаро шумори донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои аврупоӣ, ки таҳсил дар донишгоҳҳояш аксаран бепул ҳастанд, кам аст? гуфт:

“Воқеан, дар кишварҳое ба монанди Чехия, Олмон ва Австрия, агар забони онҳоро довталаб дар сатҳи зарурӣ донад, дар қатори шаҳрвандони ин давлатҳо ҳақ дорад ройгон таҳсил кунад. Аммо мушкили аслии довталабон аз Тоҷикистон гирифтани виза аст. Чехия ва ҳам Австрия дар Тоҷикистон сафорат надоранд ва довталабон маҷбуранд ба Нурсултон ё Тошканд раванд, ки харҷи зиёд дорад. Бар замми ин, ба бисёре аз онҳо виза намедиҳанд, ҳарчанд ба онҳо номаи махсус медиҳем, ки ҳадафашон таҳсил аст”.

Давлати Тоҷикистон бори аввал соли 2010 дар мавриди дар кадом кишварҳо таҳсил кардани шаҳрвандонаш таваҷҷуҳ зоҳир кард. Он сол президент Эмомалӣ Раҳмон аз мардум хост, ки фарзандонашонро аз мадрасҳои динии хориҷӣ баргардонанд, вагарна «бачаҳо тундгарову террорист мешаванд ва ба бадхоҳу душмани миллати тоҷик табдил меёбанд».

Пас аз ин даъват аксари ҷавонони тоҷик, ки дар мактабҳои олии Покистону Миср ва Арабистони Саудӣ таҳсил доштанд, бозгаштанд. Соли 2015 бо бад шудани равобити Тоҷикистону Эрон шуморе аз донишҷӯёни тоҷик аз ин кишвар ҳам баргардонида шуданд ва сафари толибилмон ба ин кишвар ҳам тақрибан қатъ шуд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG