Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди ӯйғурҳо ба Чин бо шиносномаи тоҷикӣ ва аз тариқи Тоҷикистон?


Эътироз дар Туркия ба зидди рафтори Чин бо аққалияти ӯйғурҳои мусулмон.
Эътироз дар Туркия ба зидди рафтори Чин бо аққалияти ӯйғурҳои мусулмон.

Бино ба гузориши Радиои Осиёи Озод, Туркия чанде пеш камаш се шаҳрванди ӯйғуртабори Чинро бо шиносномаҳои тоҷикӣ ба Чин истирдод кардааст.

Ба навиштаи радиои амрикоӣ, мумкин аст, ин афрод дар зодгоҳашон Вилояти Шинҷон Уйғӯри ҳаммарз бо Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд. Зиннатгул Турсун ва ду духтари ӯ Ҳилол Шоҳинпур ва Бону Абдуллоро аввал аз шаҳри Истанбули Туркия ба Душанбе бурдаанд ва сипас онҳоро афсарони пулиси Чин рӯзи 31-уми июл аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Урумчӣ интиқол додаанд. Дар ин бора Ҷаннатгул Турсун, хоҳари Зиннатгул ба Радиои Осиёи Озод аз кишвари иқоматаш Арабистони Саудӣ хабар додааст.

Тоҷирони тоҷик бисёр зиёд ба Урумчӣ барои тиҷорат сафар мекунанд ва байни ду шаҳр хатсайри ҳавоӣ вуҷуд дорад.

Ҷаннатгул Турсун ба Радиои Осиёи Озод гуфтааст: “хоҳари ӯро бо шавҳараш Абдулло Аҳмадов ва ду фарзандаш дар як маркази нигаҳдории муҳоҷирон дар Измир нигаҳ медоштаанд ва сипас онҳоро шаҳрванди Тоҷикистон эълон карда, бар хилофи хоҳишашон ба Тоҷикистон фиристодаанд.”

Маълум нест, Абдулло Аҳмадов, ки шаҳрванди куҷост, ҳарчанд чунин ному насаб дар Тоҷикистон зиёд аст. Радиои Осиёи Озод навиштааст, Зиннатгул Турсун дар Туркия ҳаққи иқомат доштааст.

Ба қавли Ҷаннатгул Турсун, ду мусофири тоҷик рӯзи 31-уми июн дар фурудгоҳи Душанбе шоҳиди боздошти хоҳари ӯ аз тарафи пулиси Чин шудаанд. Дар гузориш омадааст, ки мусофирони тоҷик ҳамчунин 5 нафари дигар чаҳор зан ва як марди уйғӯрро дидаанд ва эҳтимолан онҳоро низ ба Чин истирдод кардаанд. “Ман хоҳарамро медонам, ӯ ҳеҷ гоҳ ба ҳавопаймои Урумчӣ наменишаст” – гуфтааст, Ҷаннатгул.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Осиёи Озод, модараш, ки дар вилояти Шинҷон Уйғӯр зиндагӣ мекунад, тасдиқ кардааст, ки духтараш ва ду набераи хурдашро ба Чин овардаанд, вале Зиннатгул баъд аз чанд рӯз “нопадид” шудааст ва хонавода дар бораи сарнавишти ӯ чизе намедонад.

Пештар аз нақли Ҷаннатгул Турсун ба Радиои Осиёи Озод, Абдувалӣ Аюб, донишманди уйғӯртабори муқими Туркия дар Твиттер навишт, ки Туркия Зиннатгул Турсунро ба Чин истирдод кардааст, чун дар байни ду кишвар мувофиқа дар бораи истирдоди муттаҳамон ба ҷиноят вуҷуд дорад. Ӯ дар Твиттер акси зани уйғӯр ва фарзанд ва корти ҳаққи иқоматаш дар Туркияро нашр кард.

Моҳи феврали имсол вазорати умури хориҷии Туркия бо нашри як баёнияи нодире, ҳукумати Чинро барои муносибат бо аҳолии мусулмон танқид кард ва аз он хост, урдӯгоҳҳои азими бозтарбияро бубандад. Дар ин урдӯгоҳҳо ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ 1. 5 миллион уйғӯр ва дигар аққалиятҳои мусулмонро нигаҳ медоранд, чун ба ақидаи мақомоти Чин ақидаҳои “ифротӣ” доранд ва бояд ислоҳ шаванд. Чин вуҷуди ингуна урдӯгоҳҳоро рад мекунад.

Аммо баъди сафараш дар моҳи гузашта ба Чин, раиси ҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон ваъда дод, Туркия ҳамкориҳои амниятиро бо Чин ба роҳ мемонад. Моҳи майи имсол Идораи муҳоҷирати Туркия бо нашри як баёния гуфт, ки зане ғайриқонунӣ ва бе санади ҳуввият дар торикӣ аз Сурия вориди Туркия шудааст ва иддао кардааст, ки “Зиннатгул Турсун шаҳрванди Чин аст” аммо тафтиши муштарак нишон додааст, ки дар воқеъ ин зан “Раҳима Аҳмадова, шаҳрванди Тоҷикистон аст.” Дар ин баёния омадааст, ки “Раҳима Аҳмадова, фарзандонаш Ҳилол Ширинпур, Бону Абдулло ва шавҳараш Абдулло Аҳмадовро аз фурудгоҳи Истанбул ба Душанбе ихроҷ кардаанд.”

Зиннатгул Турсун ё Раҳима Аҳмадова

Радиои Осиёи Озод мегӯяд, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Анқара ба дархости онҳо ҷиҳати додани иттилоъ дар бораи ин хонавода ҷавоби рад додаанд. Муаллифони гузориш менависанд, истирдоди уйғурҳо аз Туркия, ки як маҳалли амн барои иқомати 35 ҳазор нафар аз ин аққалияти мусулмони Чин буд, боиси нигаронии уйғӯртаборон шудааст.

Аммо бори аввал аст, ки гузориш мешавад, ин афродро аз тариқи Тоҷикистон ба Чин мебаранд. Тоҷикистону Чин ду шарики наздик ба ҳисоб мераванд ва созишномаҳои зиёди амниятӣ аз ҷумла дар бораи истирдоди муттаҳамон ба ҷиноят бастаанд. Тоҷикистон, ки аз Чин кӯмаки зиёди иқтисодӣ мегирад, ҳамеша бо он дар масъалаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиталабӣ ҳамсадо будааст. Вилояти Шинҷон Уйғӯри Чин аз вилоятҳои ноороми ин кишвар ба ҳисоб меравад ва Чин гурӯҳҳои зиёдеро дар онҷо ба ҷудоиталабӣ муттаҳам карда ва саркӯб намудааст.

XS
SM
MD
LG