Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳиди "ҷиноят" дар толори суд боздошт шуд


Бурҳониддин Сафаралиев мегӯяд, бегуноҳ аст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон даъвогари асосӣ алайҳи Бурҳониддин Сафаралиев, раиси як маҳалла дар шаҳри Ҳисорро ғайриинтизор аз толори додгоҳ паси панҷара бурда, дар сафи айбдоршавандаҳо ҷой додааст. Лаҳзае пеш за боздошташ ин шахс гуфт, бегуноҳ аст.

Вақте ки мебоист муҳокима сар шавад ва Шокирҷон Исмоилов, сокини узбектабори маҳаллаи Сайёди Ҳисор омада буд, то дар он зидди айбдоршаванда баёнот диҳад, ӯро бо амри додрас боздошт карданд ва паси панҷара бурданд. Айбдоршаванда, раиси пешини ин маҳалла Буҳрониддин Сафаралиев дар “барангехтани кинаву адовати миллӣ” нисбати узбектаборон айбдор мешуд ва акнун бо гумони айни ҳамин амал нисбати тоҷикон Шокирҷон Исмоилов боздошт шуд. Он ҳам дар толори додгоҳ, ки мақомоташ аз шарҳи бештари масъала худдорӣ карданд. Аммо Мунира Каримова, вакили мудофеи Бурҳониддин Сафаралиев рӯзи 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Шокирҷон Исмоилов ба ҳамон ҷинояте муттаҳам мешавад, ки фарди таҳти ҳимояти ӯро гумонбар медонанд. Акнун ҳарду ба барангехтани кинаву адовати миллӣ муттаҳам мешаванд.

Ба гуфтаи вакили дифо, Шокирҷон Исмоилов дар баҳсе бо як омӯзгори маҳаллаи Сайёд дар ҳаққи ӯ ҳарфҳои носазо ва аз ҷумла гуфтааст, “ту муаллим ҳастию ба ҷанозаҳо намеоӣ, дар намозҳо намеоӣ, ҳаққи гап заданро надорӣ”. Додситонҳо ҳозир нашуданд, ки ҷузъиёти парвандаи Исмоиловро шарҳ диҳанд. Танҳо вакили дифои ӯ дар сӯҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояаш иттиҳомотро беасос медонад ва мегӯяд, ки гуноҳе накардааст.

Аввали имсол ҳамроҳи чанд нафари дигар ба зидди Сафаралиев, раиси ҳамин маҳалла шоҳидӣ дода, ӯро ба узбекситезӣ муттаҳам кардаанд. Бар асоси ҳамин шикоят, ба зидди Бурҳониддин Сафаралиев ба иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати миллӣ” парванда боз карданду ба кунҷи боздоштгоҳ кашиданд. Мурофиаи раиси маҳалла аз рӯзи 4-уми июн шурӯъ шуд ва дар рӯзи дуввуми муҳокима шоҳид ба муттаҳам “табдил ёфтааст.”Шоҳидон гуфтанд, Шокирҷон Исмоиловро замоне вориди панҷара намуданд, ки барои гувоҳӣ додан зидди Буҳрониддин Сафаралиев омада буд.

Таъхир дар муҳокима ба сабаби набуди толор

Қарор буд, рӯзи 10-уми июл додгоҳ ваҷҳу далелҳои ду тараф ҳам додситон ва ҳам вакили дифоъ дар бораи Сафаралиевро бишнавад, аммо муҳокима баргузор нашуд. Рӯзи 10 июл, як масъули додгоҳ ба назди пайвандони Бурҳониддин Сафаралиев, ки соатҳо мунтазири оғози мурофиа шуданд, омада, гуфт, аз сабаби набуди толори холӣ мунтазир нашаванд ва мурофиа то ҳафтаи оянда ба таъхир андохта мешавад.

Бурҳониддин Сафаралиев, раиси деҳаи Сайёд ва муовинаш Фахриддин Раҷабов ба он муттаҳам мешаванд, ки рӯзи 8-уми январи соли 2018 дар саҳни масҷиди маҳалла нисбат ба сокинони узбектабор бо лаҳни дуруште сӯҳбат карда ва аз ҷумла гуфтаанд, ки "узбекҳо дар инҷо ҳаққи гап задан" надоранд. Баъди оғози парванда, Бурҳониддин Сафаралиев гуфт, ки иддаоҳо дар бораи барангехтани адовати қавмӣ дар бораи ӯ дуруст нест ва мақомот мехоҳанд, барои ошкор кардани камбудиҳо дар маҳалла ва дигар деҳоти атроф, аз ӯ ниқор бигиранд.

Дар қарори додситони шаҳри Ҳисор аз 29-уми январи имсол дар бораи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ омадааст, Бурҳониддин Сафаралиев ва Фахриддин Раҷабов “тоҷиконро аз узбекон бартар номида ва шаъни ин миллатро паст задаанд.”

Табдили номи узбекии масҷид ба тоҷикӣ

Муфаттишон мегӯянд, парвандаро бар асоси шикояти чанде аз узбекони маҳаллаи Сайёд боз кардаанд. Ба гуфтаи муфаттишон, сокинони узбекзабон дар аризаи шикоятиашон Бурҳониддин Сафаралиев ва Фахриддин Раҷабовро ба миллатгароӣ муттаҳам карда ва гуфтаанд, ки онҳо номи масҷиди маҳалла "Мулло Аҳмадқулибобо"-и узбекро ба "Масҷиди панҷвақтаи Сайёд" иваз кардаанд.

Додситонӣ мегӯяд, иддаои сокинон асос дорад ва бо назардошти ҳамин парванда боз кардаанд. Бурҳониддин Сафаралиев ва Фахриддин Раҷабов рӯзи 31-уми январ дастгир шудаанд. Бурҳониддин Сафаралиев дар гузашта мушкилоти Зуҳро Сайфуллоева, модари 6 фарзанд ва сокини деҳаи Уртабузро расонаӣ кард, ки дар вагоне зиндагӣ мекард ва сипас бо кӯмаки мардум соҳиби хонае шуд.

Расонаҳо ва мақомот ҳамчунин бо мусоидати ӯ аз сарнавишти Ҷасур Амиров, як ноболиғи узбекистонӣ огаҳ шуданд. Ин навраси 14-сола иддао мекард, ки дар хонаи як сокини ноҳия 8 моҳ истисмор шудааст. Баъд аз гузориши Радиои Озодӣ мақомот қазияи ӯро таҳқиқ карданд ва бо мусоидати сафорати Узбекистон ба ватанаш бозгардонданд.

Бурҳониддин Сафаралиев, раисии маҳаллаеро бар дӯш дошт, ки дар он тоҷикону узбекони зиёд зиндагӣ мекунанд. Ифтитоҳи парванда баъди бештар аз як соли шикоят ба гуфтаи як ҳомии ҳуқуқ, ки худаш ҳам вакили дифоъ аст, суолҳои зиёдеро бармеангезад ва собит мекунад, "парванда беғаразона" нест.

Шарҳҳоро бинед (21)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG