Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бародарии шикастнопазир"-и нирӯҳои Тоҷикистону Узбекистон. САДО


Соли 2016, Қубодиён. Акси машқҳои низомӣ аз бойгонӣ
Соли 2016, Қубодиён. Акси машқҳои низомӣ аз бойгонӣ

Барои назорат аз рӯзи охирини машқҳои низомии муштараки нирӯҳои Тоҷикистону Узбекистон дар вилояти Суғд вазири дифои кишвари ҳамсоя ба Хуҷанд омад.

Масалан, аз се навъи қӯшунҳои низомии вазорати дифоъ – хушкигард, бригадаи десантӣ, нирӯҳои ҳавоӣ, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок мекунанд

Абдусалом Азизов, вазири мудофеаи Узбекистон ҳамроҳ бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо рӯзи 21 сентябр аз охирин рӯзи размоишҳо дар тамрингоҳи Чорухдарони вилояти Суғд назорат мекунанд. Нахустин тамринҳои муштараки ду кишвар таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир-2018" рӯзи 18 сентябр дар ҳудуди вилояти Суғд, ки ҳаммарз бо Узбекистон аст, шурӯъ шуд.

Қарор аст зери назари вазирони дифоъ даҳҳо низомиён дар машқи бо номи рамзии “Амалиёти стратегӣ алайҳи терроризм” иштирок кунанд.

Ориф Нозимов, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 21 сентябр аз маҳалли машқи низомии муштарак ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ширкати вазирони мудофеаи Тоҷикистону Узбекистон размоиши муштарак имруз ҷамъбаст мешавад.

Бародарии шикастнопазир"-и нирӯҳои Тоҷикистону Узбекистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00
Линки мустақим

Вай гуфт, дар ин размоиши муштарак ба сурати умум 17 ҳазор низомиёни ҳайатҳои ҳарбӣ аз ҳар ду кишвар ва нерӯҳои эҳтиётию захиравӣ иштирок карданд.

Дар ин машқи низомӣ аз ҷониби неруҳои мусаллаҳи Узбекистон ва Тоҷикистон ҷангафзору зиреҳпӯшҳо ва чархболҳои ҳарбӣ истифода мешаванд.

Абдусалом Азизов
Абдусалом Азизов

Нахустин тамрини низомии Тоҷикистону Узбекистон бо ҷалби ҳазорон сарбоз

Масъулини дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки машқҳои низомии муштарак бо ширкати ҳама сохторҳои қудратии ин кишварҳо баргузор мешавад. Ориф Нозимов гуфт, ки машқҳо "бо ҷалби қувваҳову воситаҳои гарнизони Суғд баргузор мешаванд.

Масалан, аз се навъи қӯшунҳои низомии вазорати дифоъ – хушкигард, бригадаи десантӣ, нирӯҳои ҳавоӣ, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок мекунанд. Бори аввал дар 27 соли истиқлолияти давлатӣ дар ҳамоҳангӣ машқ миёни артишҳои миллии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад”.

Мақомоти ҳарду ҷониб мегӯянд, баъди оддӣ шудани равобити сиёсии Тоҷикистону Узбекистон бо сари қудрат омадани президент Шавкат Мирзиёев, ҳамкориҳои низомии миёни ду кишвар ҳам тавсеа меёбад.

Шералӣ Мирзо
Шералӣ Мирзо

Таҳдидҳои муштарак зарурати муттаҳид кардани нирӯро тақозо мекунад

Ҳарду кишвар таъкид мекунанд, ки таҳдидҳои амниятии созмону гурӯҳҳои ҷангии мисли “Давлати исломӣ”, Толибон, “Ҳаракати исломии Узбекистон” ва қочоқи маводи мухаддир аз хоки Афғонистон зарурати ҳамкориҳои наздиктар ва ҳамоҳангшударо тақозо мекунад.

Ҳадафи ин тамринҳо – ҳамоҳангии вокуниши низомиён ба эҳтимоли убури марзи Афғонистон кардани ҷангиёни “Давлати исломӣ” буд. “Бо ташдид ёфтани вазъ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбекистон, вазифаи аввалиндараҷаи низомиён омодагӣ ба баргузор кардани амалиёти зиддитеррористӣ дар сарҳад бо Афғонистон мешавад”, гуфтааст таҳлилгари масоили низомӣ Саттор Ҷалилов. Ин таҳлилгар ба вебсайти infoshos.ru гуфтааст, ки имконияти муттаҳид кардани нирӯ дар амри мубориза бо таҳдидҳои муштарак нахустин бор дар 15 соли охир даст медиҳад.

Ба иттилои мақомот, ба вилояти Суғд мутахассисони ҳарбии Узбекистон сафар кардаанд, ки нақша ва заминаҳои баргузории тамринҳои муштаракро таҳия хоҳанд кард.

Дар паи беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбекистон, 17 августи соли ҷорӣ президентони ду кишвар дар Тошканд аҳдноми ҳамкорҳои стратегиро имзо карда тавофуқ кардаанд, ки сохторҳои давлатӣ дар ҳама бахшҳо ҳамкории наздик барпо мекунанд.

Дар маҷмӯъ, дар шаш моҳи охир миёни ҳама сохторҳои қудратии ду кишвар, аз ҷумла вазоратҳои дифоъ, кумитаҳои амнияти миллӣ ва ҳолатҳои фавқулодда чадин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар миёни масоили аслии мавриди таваҷҷӯҳи ин ниҳодҳо – муборизаи муштарак бо таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муштараки фаромиллӣ, пешгирӣ аз фаъолиятҳои хатарзо ба амнияти ҳарду кишвар, ҷилавгирӣ аз маводи мухаддир қарор гирифтаанд. Инчунин ду кишвар созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои ҳарбиву техникиро имзо кардаанд.

XS
SM
MD
LG