Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони муштзани тоҷик


Шуморе аз духтарони тоҷикро ифтихор аз ҷоизаи Мавзуна Чориева, муштзани ҷавони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Лондон -2012, ба майдони муштзанӣ овардааст.

Дар толори муштзании кӯчак ва танге, ки Мавзуна Чориеваро дар Олимпиадаи Лондон соҳиби медали биринҷӣ кард, дар баробари наздики 100 нафар ҷавонону наврасон, 10 духтар бо Мавзуна тамрин мекунанд. Мирзо Шамсиев, сармураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, мегӯяд, ин духтаронро волидайнашон барои тамрин дар риштаи бокс зери тарбияти ӯ мегузоранд.

Рӯзу моҳҳои аввал пас аз пирӯзии Мавзуна дар Олимпиадаи Лондон теъдоди духтарони хоҳишманди муштзанӣ аз 100 нафар ҳам бештар буд. Аммо ҳоло танҳо 10 духтар дар баробари тасмими муштзании худ устувор монда ва тамрин мекунанд.

Идимоҳ Холова, духтараки 16-сола ва муҳассили мактаби таҳсилоти умумии шумораи 43-и Душанбе, мегӯяд, вақте Мавзуна Чориеваро дар Олимпиадаи Лондон аз тариқи телевизион дид, ҳамон лаҳза ба худ қарор гузошт, ки ба тамрини муштзанӣ меравад. Ва 3 сол инҷониб дар ин ришта бо Мавзуна Чориева машқ мекунад.

Ин духтарони муштзани тоҷикро нокомиҳои идеалашон Мавзуна Чориева пас аз Бозиҳои олимпӣ, махсусан бохти ӯ дар Бозиҳои 17-уми Осиё дар Инчони Кореяи ҷанубӣ дар соли гузашта, аз муштзанӣ дилсард накардааст.

Онҳо ин марҳалаи нокомиҳоро ба тағйироти ҷиддӣ дар зиндагии Мавзуна Чориева пас аз Олимпиадаи Лондон марбут мекунанд. Мавзуна баъди Олимпиада ба шавҳар баромад ва соҳиби фарзанд шуд.

Ҳамакнун қадамҳои дигар ба сӯи сиёсат гузоштанист ва мехоҳад вакили мардумӣ дар маҷлиси шаҳри Душанбе шавад. Вале дигаргунӣ дар зиндагиву тасмимгириҳо карераи муштзании ӯро зери суол намебарад, ки медали тиллои Бозиҳои олимпиро ҳадаф гузоштааст.

10 духтари пайрави Мавзуна Чориева дар майдони бокс
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00

Мавзуна мегӯяд, албатта, муддати якуним соле, ки тамрин накард, фурсатҳоеро аз даст дод ва рақибонаш аз ӯ хеле пеш гузаштанд. Ӯ мегӯяд, бояд барои ба ҳарифонаш баробар шудан хеле ҷиддӣ ва дар хориҷ аз Тоҷикистон тамрин кунад. Аммо мегӯяд, агар вакили маҷлиси шаҳрӣ интихоб шавад ҳам, фурсате кофӣ хоҳад дошт ва назми тамрини ӯ халалдор нахоҳад шуд. Ба қавли Мавзуна, ҳузури ӯ дар маҷлис баръакс барои пуштибонӣ аз варзишгарон муфид хоҳад буд.

Духтароне, ки бо Мавзуна тамрин мекунанд, ҳоло қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар риштаи муштзанӣ дар вазнҳои мухталифанд. Аммо сармураббии тими мунтахаби бокси Тоҷикистон мегӯяд, мутмаин нест, ки кадоме аз ин духтарон барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро дар Бразилия аллакай омода бошад.

Танҳо Мавзуна Чориева аст, ки барои роҳхати Олимпиадаи соли оянда мубориза хоҳад кард. Вале қарор аст, 3 нафар аз ин духтарони муштзани тоҷик дар моҳи майи соли ҷорӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни духтарону ҷавонон дар Таиланд ширкат кунанд.

Худи Мавзуна бошад, имсол дар якчанд мусобиқоти байналмилалӣ иштирок хоҳад кард. “Вале мусобиқоти асосӣ барои мо, занони муштзан, соли оянда барпо мегардад. Мо барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ мубориза хоҳем бурд. Мақсад дорам, ки дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия муваффақ шавам ва парчами Тоҷикистонро баланд бардорам”, - гуфт Мавзуна Чориева.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:05 0:00
Линки мустақим

XS
SM
MD
LG