Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷинояткорӣ дар байни занони тоҷик зиёд шудааст. ВИДЕО


Ҳангоми берун омадан аз зиндони Норак баъд аз афви соли 2011.

Мақомоти Тоҷикистон афзоиши мизони ҷинояткории занонро ташвишовар мехонад. Дар 6 моҳи ахир аз ҷониби занон беш аз 1000 ҷиноят шудааст. Коршиносон мегӯянд, бекорӣ, тангдастӣ ва мушкилоти дигари иҷтимоӣ занонро ба кӯи ҷиноят тела медиҳад.

Мастура як сокини вилояти Суғд аз 40 соли умри худ, 9 солашро, дар зиндон сипарӣ кардааст. Баъд аз 4 соли талошу ҷусутӯҳо барои дарёфти роҳи зиндагии худ дар озодӣ, билохира ду моҳ қабл тавонист. кори наве ба роҳ монад. Баъди берун шудан аз зиндон ба гуфтаи Мастура барои бунёди зиндагии нав, занон дар озодӣ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд: “Одам намешуморанд. Муносибат бо дигарон бароямон осон нест. Ҳазор ислоҳ шуда бошед ҳам, бовар намекунанд. Мисол рӯзро агар рӯз аст гӯед, бовар намекунанд.”

Мастура модари ду фарзанд аст. Ҳодисае дар соли 2007 зиндагиашро ба куллӣ тағйир дод. Ӯ ва шавҳараш зиндонӣ ва фарзандон зиндаятим шуданд. Барои куштани ҳамсоя Мастура 25 сол зиндонӣ шуд. Мегӯяд, муноқиша ва як баҳсӣ молӣ ӯро ба ин амал таҳрик дод: "Мо барои хабаргирии зани ҳеварам ба духтур рафтем. Хона омадаам, бача дар хонаи мо аст. Боз пул талаб мекард. Фикр мекард, ки дар як мушкилаш бо мақомот дар масъалаи пул ман гунаҳгорам ва хабар кашидаам. Баъдан гуфт, ё пулро медиҳам, ё таҷовуз мекунад, ҳамин вақт ҷанҷолу занозанӣ шудем ва ман (кордро) гирифтам, задам.”

Аксарият занони танҳо

Мастура мегӯяд, аз тамоми занҳое, ки ҳамроҳаш дар зиндони Норак нигаҳдорӣ мешуданд, танҳо як гурӯҳи хурд занони шавҳардор буданд. Дар миёни 300 зани маҳбус фақат ба назди 20 зан шавҳар барои дидор меомад. Боқӣ ба гуфтаи ӯ, занони танҳо буданд, ки маҳз имконоти маҳдуд ва нодорӣ онҳоро ба ҷиноят таҳрик додааст: “Ҳама барои фарзанд (зиндонӣ шудаанд). Шавҳар кӯмак накардааст, дар оила танқисӣ кашидаанд, маҷбур пул қарз гирифтаанд, то фарзандро хононад, ҳамин тавр ба маҳбас афтодаанд.”

Чаро ҷинояткорӣ дар байни занони тоҷик зиёд шудааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Мастура аз як зани ҳамроҳаш мисол меорад, ки 5 сол зиндонӣ шудааст: “Як ҳамроҳ доштам аз Қайроқум, 3 фарзанд дорад, фарзандҳояш ҳама дар донишгоҳҳои хуб хондаанд. Ду писараш дар Олмон таҳсил мекард. Ӯ барои роҳкиро ва таҳсили фарзандаш 20 ҳазор доллар қарз гирифта буд. Худаш саратони сина дошт. Шавҳар дошт, вале кӯмак намекард. Барои ояндаи фарзанд қарздор шуд, дар зиндон нишаст ва номи қаллобро гирифта баромад.”

Афзоиши ҷинояткорӣ дар байни занон Кумитаи кор бо занонро нигарон кардааст. Хабарҳо ҳам дар бораи даст ба куштори бераҳмона задани занон бештар расонаӣ мешавад. Ба иттилои расмӣ, дар ним соли ахир занону духтарон дар кишвар 1200 ҷиноят кардаанд, ки дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2018 300 ҷиноят бештар аст. Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯянд, занон аз ҷумла барои қаллобӣ, дуздӣ ва куштор маҳкум ба зиндон мешаванд.

Марҳабо Олимӣ, муовини аввали Кумитаи занон ва оила мегӯяд: "Сабабҳо гуногунанд. Онҷо бо айби қарздорӣ ҳам ҳаст, куштор ҳам ҳаст, нашъаҷаллобӣ ҳам ҳаст. Кумитаи кор бо занон бо онҳо кор мебарад. Мо соле ду маротиба рафта бо онҳо вомехӯрем, ҳамсӯҳбат мешавем.”

Мушкилоти иҷтимоӣ сабаби ҷиноят

Омилҳои аслии даст задани занон ба ҷиноёт тангдастии молӣ, аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин карда натавонистани фарзандони дур аз падар ва бекорӣ хонда мешавад. Масъулини Кумитаи занон ва оила як омили ба мушкилоти дигар мувоҷеҳ шудани занонро, риоя нашудани қарори додгоҳҳо дар нисбати занон, масъалаи маскунсозӣ дар хонаи шавҳар, хушунату зӯроварӣ дар оила ва азҳампошии хонаводаҳо арзёбӣ мекунад. Дар 6 моҳи ахир беш аз 6 ҳазор оила пош хӯрдааст. Ҷудошавии оилаҳо ҳам ба фарқ аз соле қабл ба таври чашмрас зиёд шудааст.

Дар мачмӯь ҳоло дар зиндони занонаи Нораки Тоҷикистон 300 зан нигаҳдорӣ мешавад. Ҳамчунин ба иттилои Кумитаи занон 158 зани дигари тоҷик дар зиндонҳои хориҷ, аз ҷумла 90 нафар дар Русия ва Туркияву Чин бо ҷурмҳои гуногун, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва куштор, зиндонӣ будаанд. Ҳолатҳое ҳам будааст, ки бархе занони маҳбус, ба сабаби тангдастӣ ва пайдо накардани ҷойи кору қути лоямут, дубора ҷинояте карда, ба маҳбас бармегарданд. Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯяд, талош мекунанд, баъди озод шудани занон, онҳоро бо ҷойи кор таъмин ва дастгирӣ кунанд.

Аммо Мастура, ки 9 соли умрашро дар зиндон сипарӣ кардааст, бо талоши худ ва бо кӯмаки як дӯсташ дар Душанбе нонвойхона таъсис додааст. Ҳар рӯз то 40 кило ордро нон карда, ба мағозаҳо тақсим мекунад. Мегӯяд, ин кор барояш осон нест ва ҳанӯзам аз нигоҳи молӣ мушкилӣ мекашаду ба кӯмак ниёз дорад.

Ӯ гуфт: “Ин бино ҷои бехонаҳо буд, ҳамаро аз нав кардем, пули зиёд сарф шуд, ҳозир барои маҳсулоти хом аз ҷумла орду ангишт харидан пул намерасад. Ҳатто дар хона гуфта омадам, ки то моҳи октябр-ноябр аз ман пул напурсед. То дӯконро дуруст накунем, ба шумо пул дода наметавонам.” Мастура бовар дорад, дар сурати бо ҷойи кор таъмин шудани занон ва рафъи мушкилоти иҷтимоӣ дигар сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш меёбад ва шумори заноне ҳам, ки мисли ӯ солҳои зиёди умрашонро дар зиндон сипарӣ мекунанд, кам мешавад.

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG